Нақли ҷавон-духтаре оид ба як ҷавоне нияти ифротгаро дошта

sukhbat dar_kitobkhona

Имрӯз низ ба сари як духтари 18-солаи сокини ш. Душанбе ҳодисае бо шахсе аз гурӯҳи ифротгароӣ мансуб буда рух додааст, хабарнигор Мактаби журналистика пайгири ин мавзӯъ мебошад.

Хабарнигори Мактбаи журналистика бо Малоҳат (эзоҳ: ном бо хоҳиши қаҳрамони сӯҳбат тағйир дода шудааст) сӯҳбат намуд, то ки аз ҳолати рух дода шуда воқиф шавад.

- Салом. Аввалан ташаккур мегӯям, ки Шумо барои ба саволҳо ман ҷавоб додан розӣ шудед. Дар аввал мехостам, ки Шумо худро барои хонандагони сомонаи Мактаби журналистикаи мо муаррифӣ намоед.

- Ассалом, ман Малоҳат (эзоҳ: ном тағйир дода шудааст), 18-сола сокини ш. Душанбе ҳастам. Дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар бахши 1-ум таҳсил мекунам.

- Акнун, мехостам ба саволи асосӣ гузарам. Шумо метавонед дар бораи ҳамон ҳодисаи раванди сӯҳбат шахси ифротгаро каме пурратар нақл намоед?

Ман дар санаи 1-уми марти соли 2017 ба Китобхонаи миллӣ рафтам ва дар онҷо як ҷавоне бо ман рӯ ба рӯ шуд ва хоҳиши бо  ман ман дӯст шуданро пешниход кард. Ман ҳарчанд рад кардам ва хоҳиш намудам, ки аз наздам он шахс дур шавад, ӯ суханҳои манро инкор намуда, ба қарори худ устувор то охир боқӣ монд ва сӯҳбатро бо ман давом додан гирифт.

Баъд аз чанд лаҳзае мо ду нафар ба бинои Китобхонаи миллӣ ворид шудем ва сӯҳбати шиносоии худро дар дохили бино давом додем.

Вақте, ки мо сӯҳбат мекардем ӯ худро ҷиддӣ гирифта, ба ман гуфт ки ба чашмонаш нигоҳ карда гап занам. Дар аввал ӯ аз ман пурсид, ки ту намоз мехонӣ?”

Ман ҷавоб додам, ки “бале. Ҳар як мусалмон бояд намоз хонад”.

Ӯ боз аз ман дар бораи ҳайёти шахсии ман ва тарзи ба донишгоҳ дохил шуданамро пурсон шуд.

Рости гап, ман дар аввал нияти ӯро нафаҳмидам, чун ӯ аввал сӯҳбатро бо суханҳои хуб, ханда ва рафти зебо оғоз намуд. Ман дар навбати худ бошам сӯҳбатро дастгирӣ намуда, дар бораи вазъи оилаамон, тарзи ба донишгоҳ дохил шудан ва каме дар бораи худам, яъне ҳайёти шахсиам бо он ҷавон сӯҳбат кардам.

Ӯ ба ман гуфт, ки: “Биё бо ҳам дӯст шавем ва дар камбудиҳоят ман кӯмаки худро мерасонам”. 

- Баъдан Шумо чи кор кардед? Дӯст шудед?

- Не албатта.

- Чӣ хел? Шумо ба ӯ дар бораи оилаатон, дар бораи худатон маълумот додед ку, пас барои чӣ дӯст нашудед?

- Ӯ ба ман ҳамон рӯз рақамҳои мобилии худро дод ва гуфт, ки ба ман занг зан дар ягон ҷойи ором вохурда сӯҳбат мекунем, яъне ӯ ба ман таклифи вохуриро кард.

Баъдан дарунамро тарс фаро гирифт.

- Барои чи даруни Шумо дарс фаро гирифт, ӯ ягон коре баде кард? Шумо рақами телефони худро ба он ҷавон надодед?

- Он ҷавон аз ман рақами мобилии манро пурсид, вале ман гуфтам, ки телефони мобилӣ надорам. Тарс барои он дохили ман фаро гирифт, ки баъд аз 20 дақ. сӯҳбати мо, ӯ худро ҷидди гирифт, гуфт “ба чашми ман нигоҳ карда гап зан”, худро ба ман наздик намуд, аз дастам чанд маротиба қапид, хост то хона манро гусел намояд, вале ман зид будам.

Ӯ бисёр ба қарори худ қатъӣ буд, ман тез аз ӯ халоси наёфтам, ӯ манро то воситаи нақлиёт гусел намуд ва мехост бо ман дар нақлиёт бишинал, вале ман зид будам ва гуфтам “агар ту бишинӣ ман аз нақлиёт берун мешавам ва ту танҳо худ меравӣ”.

Баъд ӯ бисёр дар бораи дин сухане меронд ва дар самт худ ба ман роҳе нишон медод, ин ба ман каме нороҳати меовард.

Ман аз он метарсам, ки боз аз наздам дар оянда набарояд. Имрӯзҳо ман кам ба самти Китобхонаи миллӣ меравам, аз вохури ногаҳонӣ аз ҷавон метарсам. Ба китобхона ҳангоми рафтан, ҳатман бо худам ҳамроҳ мегирам, чун ин гуна ҳолатҳо ба ман як дарси ибрат аст. Шояд он ҷавон диндодае ифротгарое буд, ки сӯҳбатро аз саволҳои “ту намоз мехонӣ” оғоз намуд?!

- Ташаккур!

Сӯҳбати: Дилафруз БУРҲОНОВА

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh