Мавқеи занон дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон

vybrannayakruglyystol

Тоҷикистон аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин давлатест, ки конвенсияҳои байналмилалии “Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон” ва “Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон”–ро тасдиқ намудааст. Вале имрӯз ин конвенсияҳо то чи андоза дар ҷумҳурӣ ба кор бурда шуда истодааст? Хабарнигорони Мактаби журналистика мавзӯро пайгири намуданд.

Дар таъмини иштироки васеи занон дар ҳайёти ҷомеа ва идораи давлат Фармони Президенти Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 “Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии занон ва мардон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо” аз 1 марти соли 2005 ба аҳамияти калон мебозад.  

Мақсади фармони мазкур таъмини иштироки васеи занон дар ҳайёти ҷомеа ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва солимгардонии генофонди миллӣ, фаъол гардондани нақши занон дар таҳкими асосҳои ахлоқӣ, ваҳдат ва ягонагӣ мебошад.

Аз тарафи қонунгузории интихоботии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардон ва занон ба вазифаҳои интихобӣ, интихоб кардан ва интихоб шудан кафолат дода мешавад.

Мисло, аллакай дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2005 баргузоргардида ба ҳарду маҷлиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон 14 зан интихоб гардид.

Намояндагии занон дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ беш аз ду баробар афзуд. Дар маҷлисҳои вилоятии вакилони халқ занон 11,6%, дар Маҷлиси вакилони халқи ш. Душанбе бошад 31,4 %-ро ташкил мекунанд.

Мутобиқи Кодекси оилаи Тоҷикистон ҳамсар вазифадор аст, ки дар татбиқи ҳуқуқҳои молумулкии шахсӣ ба ҳамсари худ монеа эҷод накунад.

Ғайр аз ин, ба вазифаҳои ҳамсарон, дар асоси эҳтиром ва ҳусни тафоҳуми якдигар ба роҳ мондани муносибатҳо дар оила, мусоидат ба некӯаҳволӣ ва таҳкими оила, ғамхорӣ дар бораи таъминот ва рушди аъзои оила низ дохил мебошанд.

Қоидаи мазкур моҳияти эъломиявӣ дорад, чунончи дар он вазифаҳои ахлоқии марду зан дар назди ҳамдигар ва дар оила номбар шудаанд.

Ба гуфтаи донишҷӯи Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Ҷамолиддини Сайфиддин мард ва зан дар оила, дар таълиму тарбияи фарзанд, дар интихоби шуғли меҳнат, касбу кор, ҷои ҳузур,  сукунат инчунин дар мавриди ба роҳ мондани муносибат дар оила дар асоси эҳтиром ва ҳусни тафоҳуми якдигар, инчунин вазифаҳои ҳамсарон баҳри мусоидат ба некӯаҳволӣ ва таҳкими оила, ғамхорӣ дар ҷодаи таъмин ва ба балоғат расонидани кӯдакони худ баробарҳуқуқанд.

Дигар донишҷӯ Гулноза Бобомуродова, мегӯяд “занон чун нерӯи аз ҳама муташаккили сиёсӣ дар пешрафти тамоми паҳлӯҳои ҷомеа ширкати фаъол дошта, таъмини рушди ҳаматарафаи занон дар соҳаи сиёсиро Конститутсияи Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Ҳамин тавр, моддаи 17 Конститутсияи Тоҷикистон эълон медорад, ки “Ҳама дар назди қонун баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.  

Омӯзгори  Коллеҷи кӯҳии ш. Душанбе Далатхӯҷа Сироҷӣ қайд кард, ки ҳуқуқи ҳамсарон ба тасмими якҷоя оид ба масъалаҳои ҳайёти оила аз рӯи мазмуни худ ниҳоят васеъ аст ва он дар амал ҳамаи тарафҳои ҳаёти оиларо дар бар мегирад.

“Масъалаҳои модарӣ, падарӣ, тарбия, таълими кӯдакон, аз он ҷумла ғамхорӣ дар ҳақи онҳо, муайян намудани ҷойи таҳсил ва истиқомат, тақсимоти буҷети оила, харидорӣ, муайян намудани вақт ва ҷои фароғат ва ғайра ҳуқуқ ва вазифаҳои баробари волидон мебошанд”, - иброз намуд омӯзгор.

women

Билоли Шамс, корманди Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон иброз дошт, ки Қонун баробарии ҳуқуқ ва вазифаҳои марду занро дар оила дар назар дошта, афзалияти ягон нафари онҳоро дар ҳалли ҳаргуна масъала муқаррар намекунад.

“Аз ҷониби ҳамсарон оқилона истифода бурдани ҳуқуқҳои шахсии аз тарафи қонун додашуда бо иҷрои ҳамзамони вазифаҳо ба таҳкими оила ва ҳусни тафоҳуми аъзои он мусоидат мекунад.

Масъулият барои аз ҷониби ҳамсарон иҷро накар-дани вазифаҳои дорои моҳияти ғайримоликиятиро қонунгузорӣ дар назар надоштааст”, - қайд намуд Б. Шамс.

Ҳамчунин, Саидҷалол Саидов донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат зикр намуд, ки дар моддаи 32 Кодекси оила принсипи баробарии ҳамсарон дар оила таҳким ёфтааст, ки он дар навбати худ ба моддаи 17 Конститутсияи Тоҷикистон “Дар бораи баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва мардон” такя мекунад.

“Ин баробарӣ муносибатҳои оилавиро низ дар бар мегирад, ки мард ва зан дар оила ҳуқуқҳои баробар доранд.

Баробарии ҳамсарон дар оила дар назар дорад: тасмими якҷояи ҳамсарон дар масъалаи модарӣ, падарӣ, тарбия ва таҳсилоти кӯдакон, масъалаҳои дигари ҳаёти оила ҳуқуқ ба тасмими муштараки масъалаҳои гуногуни ҳаёти оила мебошад”, - гуфт С. Саидов.

Занон нерӯи устувор ва серҳаракати ҷомеа мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиеро пеш гирифтааст, ки он ҳуқуқ ва имкониятҳои занон ва мардонро таъмин менамояд. Барои боз ҳам самараноктар татбиқ намудани баробарӣ дар ҳаёти оилавӣ зарур аст, ки чунин усулҳо мавриди истифода қарор дода шаванд: таҳлили гендерӣ ва натиҷаҳои тадқиқоти гендерӣ. 

Таҳлили гендерӣ сатҳи фарқиятро дар фаъолият, вазифаҳо ва имкониятҳои мардон ва занон дар соҳаҳои муайян ошкор намуда, имкониятҳои гуногуни мардон ва занонро дар истифодаи захираҳо ва даромадҳо меомӯзад, - иброз менамояд Садбарг Боқиева, корманди Боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи С. Айнӣ.      

Дар ҷумҳурӣ занон ва мардон аз ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию шахсӣ бархӯрдоранд, - мегӯяд Далер Сайдамирзод, донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат. 

Лутфия Маҳмадиева, омӯзгори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъқид мекунад, ки зӯроварӣ дар оила сабабгори поймол кардани ҳуқуқи занон, таҳқир карда шудани шаъну шарафи онҳо, инчунин паст задании мақоми зан мебошад.

“Баланд бардоштани ҷой ва мақоми зан дар оила ва ҷомеа ба рушди бемайлони ҷомеа ба нафъи миллат имконият медиҳад. Нерӯе, ки зан дорад, бояд на инкор, балки бо пуррагӣ мавриди истифода қарор бигирад. 

Мақоми зан дар ҷомеа чун мақоми зан дар оила барои рушди ҳамаҷониба ва мутамаддини ҷомеа ба аҳамияти бузург молик аст”, - қайд мекунад омӯзгор Л. Маҳмадиева. 

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз як силсила асноде вуҷуд доранд, ки бевосита ҳуқуқ ва озодиҳои занонро ҳимоя мекунанд, лекин ягон санад мушаххасан ҷой ва мақоми занонро махсусан дар оила муайян намекунад.

Қабули чунин қонун дар Тоҷикистон шароити қонунӣ фароҳа месозад, ки он муносибат бар зидди таъсири зӯроварӣ дар оиларо танзим намояд. 

Баробарии мардон ва занон ва эҳтироми байниҳамдигарии онҳо дар оила ва ҷомеа кафили оилаи хушбахт ва ҷомеаи рӯ ба рушду  таҳаввулот мебошад. 

Муаллифон: Усмон ИСМАТОВ, Фаромуз ҲОҶИЕВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh