Баробарҳуқуқии зан ва мард дар ҷомеаи имрӯза то чи андоза риоя шуда истодааст

zani bekor

Дар Тоҷикистон баробарҳуқуқии зан ва мард Конститутсияи кишвар, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии занон ва мардон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо” ва дигар санадҳои байналмиллалие, ки онро Тоҷикистон эътиро намудааст, ба танзим медарорад. Вале имрӯз то куҷо ин ҳуқуқҳо, махсусан дар оила, дар фаъолияти меҳнатӣ ва дар ҷомеа ин амалӣ мекунад?

Дар шароити кунунӣ, ки пешрафти илму техника мушоҳида карда шуда, муносибатҳои нав ба нави ҷамъиятӣ ба назар мерасанд, баробарии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо талаби замон аст, ки ин ба ҳарду ҷинс имконияти озодона инкишоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иш­тирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва азхудкунии натиҷаи онро медиҳад.

Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори Мактаби журналистика сӯҳбате анҷом дод бо Гулизор Розиқова, сокини шаҳри Душанбе, ки айни ҳол бо сабабҳои поймолшудани ҳуқуқҳои конститутсионӣ аз тарафи шавҳари худ фаъолияти касбии худро қатъ намудааст.

Гулизор Розиқова, соли 1983 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст ва даври хурди ва мактаби миёнаро дар ҳамон ноҳия ба анҷом расонидааст.

Дар вақти таҳсил дар мактаби миёна Гулизор орзу дошт, ки баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино дохил шуда, духтур шавад.

Волидайни Г. Розиқова барои дастгирии фарзанд барои дохил шудан маблағи заруриро ҷамъ карданд ва барои Гулизор ҳам касберо интихоб намуданд, ки ӯ аз ин интихоби падару модар розӣ буд.

Вақте, ки Гулизо Розиқова мактаби миёнаро ба итмом расонид, ба ба хонаи ӯ ба хостгорӣ омаданд. Хостгорҳо мехостанд, ки ҳарчи зудтар туйи никоҳиро барпо кунанд, аз сабабе оне, ки хостгорҳо хешовандони падари Гулизор буданд, волидайнҳо розигӣ доданд. Гулизор дигар интихобе надошт, чун ба ҷои ӯ аллакай волидайнаш розигӣ баён намуда буданд, аммо падару модари Г. Розиқова зидди таҳсил духтар набуданд.

Хонаводаи домод ваъда доданд, ки баъд аз издивоҷ худи онҳо шароити дохилшаваии  Гулизорро ба донишгоҳ муҳайё месозанд ва агар маблағ лозим шавад, онро низ таъмин мекунанд.

Баъд аз издивоҷ шавҳари Гулизор ба ваъдаи худ вафо накард ва нагузошт, ки Г. Розиқова хонад ва ё кор кунад.

“Аз рӯи ислом зан бояд дар ҷое, ки мард кор мекунад, кор накунад. Ман худам кор мекунам ва оилаи худамро худам таъмин мекунам”, - зикр менамудааст шавҳари Гулизор Розиқова.

“Ту бояд ба тарбияи кӯдакон машғул шавӣ”, - қайд мекардааст шавҳари Гулизор.

“Ин суханҳо дар ҳолате буд, ки мо ҳанӯз тифл надоштем.

Ҳамин тавр зиндагиам гузашт ва ман сохими фарзанд шудам. Айни ҳол соҳиби се фарзанд ҳастам: Азиза, Гулинор ва Ҳасан.

Духтари хурдиам Азиза аз сабабе, ки никоҳи мо никоҳи хешу табори буд, айни ҳол не роҳ гашта метавонад, не ҳарф зада, вале шукри Худо ду фарзанди дигарам сиҳату саломат ҳастанд”, - мегӯяд худи Гулизор.

Айни ҳол шавҳари Гулизор мағозаи хӯроквории худро дорад ва дар онҷо худ кор мекунад.

“Ман дар зиндагиам хушбахт мебошам, аммо ҳар вақт, ки занони ҳамсоли худро мебинам, ёдҳои он рӯзҳо ба хотирам меояд, ки орзуи духтур шуданро доштам.

Ман дар тиб бисёр маълумот дорам, аммо сад афсӯс, ки бе диплом ба кор қабул намекунанд.

Ба ҳамаи духтарон тавсия доданиам, ки таҳсилро ба итмом расонида, дипломи худро гирифта, баъд ба шавҳар бароянд, зеро ба мисли ман бекор намонанд. 

Аз ҳама муҳим ба ниқоҳи хешу табори розӣ нашаванд”, - қайд намуд дар охиби сӯҳбат Гулизор Розиқова.

Маводро омода намуд: Сабрина ҒАНИЕВА 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh