Марказҳои бозиҳои компютерӣ: ҷои дилхушӣ, саводгирӣ, бозикунӣ, оварагардӣ, кордзанӣ?

bozii komp

Дар Тоҷикистон солхои охир таваҷҷӯҳи кӯдаконро бозиҳои компютерӣ, махсусан дар марказҳои бозиҳои компютерӣ ва ё ба истилоҳ интернет-кафеҳо, ҷалб сохта истодаанд. Агар аз як ҷиҳат аксари бозиҳои компютерӣ барои тарбияи зиракӣ ва таъмини амнияти онҳо дар ҳайёти рӯзмарра истифода кунанд ҳам, вале ҳастанд бозиҳое, ки ба психологияи кӯдак таъсири манфии хуро гузошта, амалҳои ин гуна бозиҳо кӯдаконро ба кирдорҳои нохуш тайёр мекунанд. Мисол, моҳи январи соли 2017 кордзании наврасоне, ки дар бозиҳои компютерӣ ва ё ба истилоҳ интернет-кафе рух дод, ки дар натиҷа ду нафар наврас ҷои худро аз даст доданд.

Ноболиғон рӯзонаву шабона беназорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки амалҳои одамкушӣ, кирдорҳои ваҳшиёна ва зӯроварӣ доранд, машғул мешаванд.

Баъд аз ҳодисаи нохуш аз тарафи намояндагони ҳифзи ҳуқуқ марказҳои компютериро дар ш. Душанбе тафтиш карда шуда, дар натиҷа муайн карда шуд, ки 30 нафар наврасон шоми бевақт, дар марказҳои дилхушӣ, саргарми бозиҳои компютерӣ машғул ҳастанд.

Олимон оқибатҳои вобастагӣ аз бозиҳои компютериро ошкор намуда, қайд менамоянд, ки оқибатҳои чунин машғулиятҳо барои кӯдакон наонқадар хуб буда, онҳоро ба бехобӣ, баланд шудани сатҳи холестерин ва пайдо шудани нишонаҳои бемории қанд оварда мерасонад.

Рушди вобастагии носолим аз бозиҳои компютерӣ кӯкадонро ба фарбеҳшавӣ, бехобӣ, кори номӯътадили дилу раг оварда мерасонад, иттилоъ медиҳад маҷаллаи “Plos One”.

"Вобастагӣ аз бозӣ-ин падидаи бисёр муҳим аст. Дар вақтҳои охир мо бештар ба кӯдаконе вомехӯрем, ки аз бозиҳои компютерӣ вобастагӣ доранд. Ин падида қисми осебпазири ҷомеа-кӯдаконро дар бар гирифта, ба зиндагии иҷтимоӣ ва саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад", - мегӯяд Кэтрин Моррисон аз донишгоҳи Калифорния.

Вале, имрӯз наврони тоҷик то чи андоза аз хуб ва ё бад будани чунин бозиҳо иттилое доранд? Хабарнигори Мактаби журналистика бо наврасон ва ҳамчунин бо муаллимон оиди ин мавзӯъ сӯҳбате намуд.

- Бозиҳои компютерӣ ба психологияи одам зарар дорад?

Мукаррама Шарипова, омӯзгор

- Бозиҳои компютерӣ ҳам ба психологияи одам, ҳам ба руҳи одам зарари ҷиддӣ дорад. Имрӯзҳо ба ин гуна бозиҳо бештар кӯдакону наврасон шавқи зиёд доранд.

- Сабаби ба Маркази бозиҳои компютерӣ рафтани наврасон дар чист?

Мукаррама Шарипова, омӯзгор

- Сабаби бештар рафтани кӯдакону наврасон дар он аст, ки майнаи сари онҳо суст инкишоф ёфтааст ва онҳо ба ин намуди бозиҳо шавқи зиёд пайдо мекунанд. Дар ин ҳолат таълиму тарбияи кӯдак мушкил мешавад

- Ба фикри падару модар аз ин кирдори фарзандон огаҳ мебошанд?

Мукаррама Шарипова, омӯзгор

- Бозиҳои компютерӣ чунон аст, ки ба майнаи инсон таъсир мерасонанд, ки баъзе онҳо аз падару модари худ ба тарзи пинҳонӣ ба бозиҳои компютерӣ мераванд. Барои ин гуна бозиҳо онҳа ба кидорҳои бад даст мезанд, аз волидайн ё шахсони дигар дузди менамоянд ва аз дарсҳо дарсгурезӣ мекунанд, ки ин ба кӯдак таъсири ҷиддии психологӣ мерасонад, яъне онҳо шефтаи ё ба истилоҳ “ломкаи” бозӣ мешаванд. Оқибати чунин кирдорҳои ба рафтору кирдор ва ахлоқи инсонии онҳо таъсирҳои манфӣ мерасонад.

- Сабаби омадин Шумо ба Маркази бозиҳои компютерӣ?

Илҳом, навраси 15 сола

- Дар хона зик мешавам. Дар иҷно бо ҷӯраҳоям омада бозӣ мекунам ва вақти ман хуш мегузарад.

- Кадоме аз ин бозиҳо ба Шумо писанд аст?

Илҳом, навраси 15 сола

- Бештар ба мо бозиҳое писандтарин, қатли якдигар аст, номи ин бози CONTER STRIKE мебошад. Мо байни худ ба бозии компютерӣ бозӣ мекунем, касе бой диҳад ҳамон маблағашро медиҳад.

bozii komp2

- Волидайни Шумо хабар доранд, ки ба инҷо мебиёед?

Илҳом, навраси 15 сола 

- Баъзе вақт ман ба волидайнам мегӯям. Пеш онҳо зид набуданд, вале имрӯзҳо ҷанг мекунанд, ки ба марказҳо нарав. Аммо, ман набиёям дилам ором намегирад. Бисёр вақт модарам аз омадани ман дар инҷо хабар надоранд.

- Маблағро аз куҷо ба ин гуна бозиҳо пайдо мекунед?

Илҳом, навраси 15 сола

- Як хел вақт падару модарам пул медиҳанд, ки дар мактаб наҳорӣ кун ва ё хӯроки нисфирӯзи бихӯр, вале ман он маблағҳоро нахӯрда ҷамъ мекунам ва ба инҷо меоям. Як хел вақт дӯстонам ба ҷои ман маблағи бозиро медиҳанд. Дигар вақто мо бо шарт бозӣ мекунем, касе ки бой диҳад ҳамон нафар маблағи тамоми вақти бозӣ медиҳад ва ғайр аз ин ба ғолиб ҳам маблағ медиҳад.

Чанде пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоте паҳн намуд, ки дар он гуфта шудааст6: “Шаҳрвандони то 20-соларо дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ (тарабхонаҳо, интернет-кафеҳо, идораҳои букмекерӣ) ҳозир доштанро тибқи банди 9-и қисми 1-и моддаи 8-уми Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» манъ менамояд.

Ба иттилоъ манбаъ ҳоло санҷишҳо нишон дода истодаанд, ки қисме аз ноболиғон дар қисмати шабона ба ин муассисаҳо рафта (ҳар шабонарӯз то 100 нафар фақат дар ш.Душанбе) дур аз мадди назари волидайн гашта, даст ба кирдори номатлуб зада истодаанд.

Ҳамчунин ВКД ҶТ зикр мекунанд, ки ҳангоми иҷро накардани талаботи Қонуни мазкур волидайн ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Муаллиф: Комронҷон СУЛТОНОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh