Ислом зидди терроризму экстремизм аст

lektsiia-islam- 921

Гурӯҳҳои ифротгароӣ бо ҳар рову усул мардумро ба сӯи худ мекашанд ва ба давлатҳои ҷангзада мебаранд.

Асосан онҳо номи дини мубини Ислом истифода мебаранд, ки мардуми мусалмонро ба суи худ кашанд. Оё онҳо дар ҳақиқат дар роҳи дини мубини Ислом меҷанганд? Ислом ба ин чи гуна менигарад? Оид ба ин саволҳо ақидаҳои мардум гуногун мебошад.

Вале, мо барои каме рушан сохтани ин саволҳо сӯҳбате намудем, бо Давлатҷони Умархон, имом-хатиби масҷиди ҷомеаи деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ.

- Салом, аввал мехостам миннатдории худро ба Шумо расонам, ки Шумо вақт ёфтед ва розӣ шуд, ки ду саволи ман ҷавоб диҳед. Ман мехостам, ки Шумо барои хонандагони сомонаи Мактаби журналистикаи мо ба ду савол ҷавоб диҳед. Якум, оё онҳо дар ҳақиқат дар роҳи дини мубини Ислом меҷанганд? Дуюм, Ислом ба ин чи гуна менигарад?

- Ислом як дини пок аст ва ба одамкушиву қатл иҷозат намедиҳад. Расули Акрам (с.а.в.) мефармоянд, ки агар кофире аз назди Шумо гузарад, ӯро накушед ва агар зан ва фарзандони кофиро дидед, ки дар холи гуруснагӣ қарор доранд, ба онҳо дасти ёри дароз кунед. Вале, ин гурӯҳҳое, ки аз номи Ислом меҷанганд на ба занҳо ва на ба кӯдакон раҳм намекунанд.

Онҳо бо қатлу куштори бешумори худ ҷойҳои ободро ба харобазор табдил медиханд, ин далели он аст, ки онҳо аз номи дини мубини Ислом истифода мебаранд, вале Ислом зидди ин гуна корҳои ғайри инсонӣ мебошад ва ҳеҷ гоҳ ба чунин корҳо иҷозат намедод.

Дар баъзе давлатҳо ҳатто муслимон байни худ барои дин мубориза мебарнад, ки ин ҳам нодураст ва мамнун шудани дини Ислом аст, мисол, ду ҳизб шиа ва сунӣ, ки муқобили якдигаранд бо хамдигар меҷанганд.

Аз сабаби ин гуна ҷангҳои беақлонаи онҳо мардуми зиёди бегуноҳ халок мешаванд, азоб мекашанд, махсусан давлтаҳои минтақаи Араб, мисол Сурия, Ироқ, Ливан, Либия, ҳамчунин баъзе давлатҳои қитъаи Африқо. Ин гуна ҷангҳо шаҳрҳои зеборо ба харобазор табдил дода истода, аҳолии дар онҷо иқомат мекардаро ба гурезаҳо табдил дода истодаанд. Ин ҳама хилофи дини поки Ислом аст.

- Ташаккур, барои ҷавобҳо.

Аз ҷавобҳои имомхатиб ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар ҳақиқат ин гуна нафарони ифротгаро ва гурӯҳҳои террористию экстримистӣ номи поки Ислом барои мақсадҳои нопоки худ истифода намуда, шаъну шараф ва эҳтироми ин дин дар дунё паст намуда истодаанд.

Муаллиф: Саид САИД-АҲМАДОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh