Кист он ҷавони ришдор “террорист” ва ё “шахси замонавӣ”?

boroda1

Солҳои охир дар Тоҷикистон доштани риш барои як гурӯҳ ҷавонон агар ҷанбаи динӣ дошта бошад, аммо барои гурӯҳи дигар ин як навъ тарғибу пайравӣ ба афроди саршиноси ҷаҳонӣ, муд ва дӯстдоштаи онҳо аст.

Мондани риш махсусан байни ҷавонон имрӯзҳо машҳур аст, вале байни  ин ду гурӯҳ албатта фарқияте вуҷуд дорад. Гурӯҳи аввал агар ба риш аҳамияти зарурӣ надиҳад, дигаре аз онҳо ба намуди зоҳирии он, аҳамият калон медиҳад.

Вале, бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ нисбати чунин шахсони ришдор, “шикорҳо” эълон шудааст. Аз ҷониби намояндагони мақомоти қудратӣ ҳангоми дастгир намудани чунин шахсони ҷавони ришдор онро худ маҷбуран метарошанд.

Бисёре аз намояндагони мақомоти қудратии ҷумҳурӣ афродони ришдорро, махсусан онҳое, ки риши дарози қайчинозада доранд ва гурӯҳи ҷавононе ҳам, ки аз рӯи ҳавову ҳавас ва муд мехоҳанд риш дошта бошанд, дастгир менамоянд. Ин амали худро мақомоти қудратии кишвар баҳри амнияти ҷомеа иброз менамоянд.

Албатта оид ба ин ақидаи сокинон гуногунд мебошанд. Хабарнигори Мактаби журналистика мавзӯи мазкурро баррасӣ намуда, байни сокинон пойтахт оид ба мондани риш ва назари онҳо ба риш пурсиш гузаронид.

Нигора Ахтамова, 19 сола

- Ба фикри ман ҷавонон барои он риш мемонанд, ки риш мондан барои онҳо хеле писанд аст, бинобар ин онҳо риш мемонанд. Ман оиди ин ягон зиддият надорам.

Рустам Расулов, 18  сола

- Ман фикр мекунам, ки ҷавонон барои он риш мемонанд, ки риш дар дини мубини Ислом суннат мебошад, бинобар ин ҷавонону мардон риш мемонанд.

Сафари Сӯҳроб, 20 сола

- Аз Расули Акрам (с.а.в.) ривояте ҳаст:Шахсе, ки риш мемонад малойкаҳо барои мондани ҳар як тори риши ӯ  дар номаи аъмоли ӯ савоби риш монданашро менависанд”. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки баъзе аз ҷавонон ин ривояра хонда, пайравӣ менамоянд ва риш мемонанд.

Мунираи Абдуалим, 22 сола

- Дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон мондани риш ба муд табдил ёфтааст, барои ҳамин бисёре аз ҷавонони мо низ аз муди ҷаҳон қафо намонда, баробари замон рафта истодаанд ва риш монда истодаанд.

Риш ба мард зебогӣ медиҳад, шахсан ман зидди ин нестам, баръакс мехостам, ки бисёре ҷавонон риш монанд ва онҳо нигоҳбинӣ кунанд.

Нигина Нуруллоева, 23 сола

- Рости ба ман риш мондани ҷавонон он қадар писанд нест. Риш намуди шахсро пир мекунад, рӯйи одам ифлос нишон медиҳад. Боз бисёре аз ҷавонон риш монанд ҳам, онро ба таври зарурӣ нигоҳбинӣ намекунанд, ин кори онҳо нодуруст аст ва ба дигарон нороҳатӣ меорад.

Давлатҷони Умархон, 27 сола

- Мо агар аз ҷиҳати Шариат нигоҳ кунем риш суннати Пайғамбар аст. Имрӯз риш байни ҷавонону мардон зиёд дида мешавад. Сабаб дар он аст, ки баъзе аз ҷавонон ришро хамчун зебу зиннат қарор додаанд, аммо дар онҳо рӯзаву намоз дида намешавад, ки аз ҷиҳати дини мубини Ислом комилан манъ аст.

Хушбахтона низ ҳастанд шахсоне, ки ҳам риш доранду, ҳам аз дини Ислом бохабаранд ва баъзеи онҳо олимони охирату шариатанд ва онҳоро Худованд ҳидоят намудааст.

- Барои чӣ имрӯз дар ҷомеаи имрӯзаи мо ришро аз ҷихати манфӣ нигоҳ мекунанд, хусусан ҳокимияти давлатӣ?

Ба ақидаи Давлатҷони Умархон  сабаби аз ҷиҳати манфӣ нигоҳ кардани ҳокимияти давлатӣ ба риш дар он аст, ки имрӯз динҳои ҷаҳонӣ байни худ мухолифатҳо доранд, аз ҷумла мусулмонон, насрониҳо ва яҳудиён, чун онҳо медонанд, ки риш суннати паёмбари мусалмонон аст.

“Онҳо риш монда нисбат ба мардум зулм менамоянд, ки дар натиҷа дини Ислом паст мешавад ва мусалмононро террорист меноманд. Яке аз ин ҷангҳо - ҷанги давлати Сурия мебошад, ки агар пешгирӣ карда нашавад, дунёро фаро мегирад.

Аммо ин суханҳо дар Қуръони Карим омадааст, ки ҷанги дини мо то охири дунё давом меёбад. Шахсоне, ки аз Сурия мегурезанду ба давлатҳои исломӣ меоянд ва онҳо риш доранд ва чун мардуми давлати мо мусалмонанд, фаҳмиши манфӣ байни шаҳрвандони мо дорад.

Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои тинҷу ором аст ва давлати истиқлолияташ навъ ба даст омадааст. Барои ҳамин хатар барояш шикасти бузург аст.

Бисёри террористон риш монда худро мусалмон мегӯянду ҷавононро фирефтаи фиреби худ карда, ба Сурияву Ироқ бурда ба онҳо дурӯғ гуфта, истифода мебаранд.

Дар дигар давлатҳо бошад террористон аз номи мусалмонон бисёр ҷойхои зеборо метарконанд ва аз ҳамин сабаб қариб дар ҳамаи давлатҳо хусусан дар Тоҷикистон ришро аз ҷиҳати манфӣ нигоҳ мекунанд.

Айни ҳол бошад, дар Тоҷикистони мондани ришро қариб, ки “манъ” карда истодаанд, инро "манъро" амалҳою рейдҳои мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ тасдиқ карда истодаанд”, - қайд намуд дар охири сӯҳбат, сокини 27-солаи ш. Душанбе Давлатҷони Умархон.

Муаллиф: Толиб КАРИМОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh