Оё дӯстӣ байни писару духтар вуҷуд дорад?

dustii dukhatu_pisar

Дар ҷомеаи имрӯзаи мо бисёре аз нафарон ба дӯстии писару духтар боварӣ надоранд ва фикр мекунад, ки байни ин ду ҷинс, дӯстӣ шуда наметавонад.

Маҳз барои ҳамин барои муайян намудани дӯстӣ байни писару духтар дар шаҳри Душанбе, хабаринигори Мактаби журналистика ба кӯчаю хиёбонҳои пойтахт баромад, то ки ақидаи сокинонро оид ба ин мавзӯъ бифаҳмад.

Сафия Шарипова, 18 сола

- Ман ба дӯстии писару духтар боварӣ дорам, зеро ман чунин дӯстони зиёде дорам. Ба назари ман бо писар дӯст шудан хуб аст, агар ба худ боварӣ дошта бошӣ ба худ. Ман ба худам боварӣ дорам ва бо дӯсти худ ҳамчун дӯстона то охир мемонам.

Фароғат Охунова, 19 сола                                                                        

- Ба дӯстии миёни писару духтар бовар надорам, зеро дӯстии онҳо дар охир ба мухаббат табдил меёбад. Онҳо то охир ҳамин тавр дӯст буда наметавонанд.

Соҳибназар Розиқов, 25 сола

- Дӯстӣ байни писару духтар начандон хуб мепиндорам, чунки мо мардуми мусулмон ҳастем ва байни писару духтар набояд, чунин дӯстӣ бошад, чунки инро Ислом иҷозат намедиҳад.

Аз дӯстии писару духтар, баъдан ба муҳабат муббадал мешавад. Агар онҳо байни якдигар дӯстӣ кунанду якдигарро нагиранд оқибат аз якдигар ҷудо мешаванд, аммо духтар бадном мешавад. Духтар пеш аз ҳама ояндаи худро бояд кунад.  

Суҳайлӣ Раҷабов, 20 сола

- Фикри ман нисбати дӯстии писару духтар он қадар хуб нест, зеро дӯстии писар ва духтар ба ошиқӣ оварда мерасонад. Дар синну сол духтар нисбати писар бузургтар бошад, шояд, ки дӯстии аслӣ дар онҳо ба назар расад.

Дилафруз Насриддинова, 16 сола

- Ман ба дӯстии духтару писар бовар надорам, зеро агар дӯстии ҳақиқӣ бошад, муддате давом мекунад ва оқибат ба муҳаббат табдил меёбад.

Дустон се навъанд: забонианду нонианду ҷонӣ, хоҳ дӯстии ду духтар бошад, хоҳ байни писару духтар. Шояд бошад, дӯстӣ байни писару духтар, лекин ман ба ин то ҳол боварӣ надорам.

Дилафруз Бурҳонова, 15 сола

- Ба дӯстии писару духтар боварӣ дорам, зеро ман худам бо писарҳо дӯстӣ дорам. Аммо, айни замон зиёд писару духтаронро дидам, ки дӯстияшон ба муҳаббат табдил меёбад ва ман оид ман фикр дорам, ки ин кори бад нест, чун онҳо баъд аз соли дӯстӣ якдигарро фаҳмида метавонанд оила барпо намоянд.

Ситора Ҳамзаева, 17 сола

- Рости ман ба дӯстиро дар байни писару духтарон надидам. Бисёр рафиқонам аз ин ҳолат ва раванди “дӯстӣ” гузаштаанд, барои ҳамин ба ин боварӣ надорам.

Аз тарафи олимон муайян шудааст, ки байни писар ва духтар 20% дӯстӣ бошад, боқимондаи 80% ин муҳаббат аст, ки баъд аз дӯстии тулонӣ, ба ин омада мерасад. Махсусан олимон дар ин масъала ҳатто таҷриба гузаронидаанд. Барои ҳамин ман ба дӯстии писару духтар боварӣ надорам.  

Зинҳорҷон Насриддинзода, 18 сола

- Ман дӯстони зиёд дорам, аз ҷумла бо духтарон дӯстии зиёд дорам. Ман ба ин дӯстӣ боварӣ дорам. Дӯстии писару духтар ҳасту буд ва мемонад.

Муаллиф: Матлуба ҚИРҒИЗБОЕВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh