Ғолиби озмуни Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон ба номи Бӯриниссо Бердиева дар соли 2017
- Подробности
-
Категория: ХАБАР
-
Опубликовано 03.05.2017 13:05
-
Автор: Фируз Касымов

Аввалин ҷоизаи Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон ба номи Бӯринисо Бердиева ба Адолати Мирзо, раиси Анҷумани байналмиллалии рӯзноманигорони форсизабон - «Афрӯз» ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Миллат» супурда шуд.
Имрӯз, 3-юми майи соли 2017 дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии озодии матбуотро ҷашн гирифта, дар оғоз аз қурбониёни роҳи озодии баён ёд карданд. Дар конфронс аввал оид ба мушкилоти журналистикаи тоҷик ҳарф зада, хулоса ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Чун анъана, дар ин рӯз журналистони фаъоли кишварро бо ҷоизаю дипломҳо қадрдонӣ намуданд ва бори аввал «Ҷоизаи Эътилофи бонувони журналист ба номи Бӯриниссо Бердиева, барои саҳмгузорӣ дар журналистикаи тоҷик» ба Адолати Мирзо тақдим карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби доварон озмуни Эътилофи БЖТ дар бахши матбуот Саодат Исмоилӣ ва дар бахши телевизион Фирӯза Мирҷумъаева ҳамчун беҳтаринҳо дар соли 2017 эълон гардиданд.

Ба ғолибон аз ҷониби сарпарастони озмуни Эътилофи БЖТ – Сафорати Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон телефонҳои мобилӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои сабти аудио-видео ва ширкати мобилии «Билайн» модеми 4G бо интернети 3 моҳа, диплом ва китоб дар бораи Бӯриниссо Бердиева супорида шуд.
Add comment
МАНЪ АСТ:
суханони қабеҳ навиштан;
нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.
Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.
ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.