Нобоварии волидайн ба доя ва мураббияҳои кӯдакистон дар ш. Душанбе дар кадом сатҳ қарор дорад?

nyanya

Имрӯзҳо то чи андоза сокинони ш. Душанбе ба дояю муррабияҳои боғчаҳо бовар доранд. Хабарнигори Мактаби журналистика пайраҳи ин суол шуд.

Беҳрузи Муҳаммад, 26 сола

- Рости  вақте, ки волидайн фарзанди худро ба парасдории доя ва ё мураббӣ месупоранд, ин на он қадар хуб аст, чунки фарзанд бештар ба тарбияи волидайн эҳтиёҷманд аст.

Тарбияе, ки волидайн ба фарзанди худ медиҳад, ягон доя ё ин ки мураббӣ дода наметавонад. Вақте, ки мо фарзандамонро ба доя месупорем мумкин, ки  фарзандамон аз дояҳо дилхурда шаванд. Ман фикр мекунам, ки волидайн бояд фарзандони худро худашон нибоҳбинӣ кунанд.

Мунисаи Баҳодур, 24 сола

- Ман фикр мекунам, ки мурабияҳои кӯдакистонҳо хело хуб ҳастанд. Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ кӯдакистонҳои бисёре ҳастанд, ки бо сатҳи баланд кор ва фаъолият мекунанд ва бисёр  мурабияҳои ботаҷриба доранд.

Дар кӯдакистонҳо тамоми шароитҳо барои таълиму тарбияи фарзанд муҳайё карда шудааст, ки фарзандони мо дар онҷо метавонанд забонҳои хориҷиро аз худ намуда, дониши пеш аз мактабӣ бигиранд. Мо бояд ба мураббияҳои кӯдакистонҳо боварӣ кунем ва фарзандони худро ба ин даргоҳи илму маърифат равона созем.

Меҳроҷ Хоҷаев, 26 сола

- Мо набояд, ки фарзандони худамонро ба доя ё ин ки мураббияҳо боварӣ кунем, чунки нақши асосиро дар таълиму тарбияи фарзанд волидайн мебозанд.

Вакте, ки ман мебинам, ки фарзанди ман аз боғча бо рӯйи зада ба хона меояд ва шабҳо фарёдзада аз хоб мехезад, ин ҳама аз кирдори бади доя ва ё муррабияе, ки фарзанди манро нигоҳбинӣ кардааст, хабар медиҳад.

Ба ақидаи ман бояд ҳар як падару модар фарзанди худро худ мустақилона нигоҳубин кунанд. Тарбияи насли наврас дар дасти мо мебошад ва сабабгори хуб ё бад шудани ояндаи фарзандонамон дар дасти мо волидайнҳост.

Наим Абдуллозода, 37 сола 

- Албатта, имрӯзҳо аз ҳама роҳҳои беҳтарин барои нигоҳубини фарзандон, ин боғчаҳо мебошад. Барои он ки аксарияти волидайнҳо кор мекунанд ва дар баробари коркунии онҳо фарзандонашон дар боғча бисёр чизҳоро аз худ мекунанд.

Дар кӯдакистонҳо мураббияҳо меҳрубон ҳастанд ва дар тарбияи насли наврас нақши муҳимро мебозанд. Масалан, кӯдаконе ҳастанд, ки ҳатто пеш аз ба мактаб рафтан зеҳни тез надоранд, вале кӯдаконе ки дар боғча таҳсил мекунанд суханронӣ ва зеҳнашон тез аст ва рушд ёфтааст.

Ман фикр мекунам, ки нақши дояю муррабияҳост, ки кӯдакон назар ба солҳои гузашта фаъолтар шудаанд.

Камариддин Ализода, 31 сола

- Солҳои охир дар Тоҷикистон кӯдакистонҳои бисёре фаъолият карда истодаанд, ки мо метавонем фарзандони худро ба онҷо барои нигоҳубин диҳем, ки дар натиҷа фарзандони мо дар онҷо аз одобу рафтор бохабар шуда, пеш аз ба мактаб рафтан тайёрии хуб мегиранд.

Ман ба он ақидаам, ки бисёре аз боғчаҳо ба мураббияҳои ботаҷриба эҳтиёҷ доранд.

Имрӯзҳо кӯдакон табиати гуногун доранд ва мураббияҳо дар ҳама ҳолат  бояд, ки ба онҳо кӯмак расонанд. Хубии боғчаҳо дар он аст, ки кӯдакон метавонанд, фикри худро васеъ кунанд ва дониши худро сайқал диҳанд.

Аз ин лиҳоз ҳар як мураббӣ бояд равоншиноси хуб бошад, то ки кӯдаконро дарк карда тавонад.

Бақоҳоҷа Аббосов, 42 сола 

- Ман ба мураббияҳои кӯдакистонҳо бовари надорам, барои он ки вақте ки фарзандони мо дар боғча таъсил менамоянд, онхо пурра дар ихтиёри мураббияҳо мебошанд. Якхел мураббияҳоеро вохурдан мумкин аст, ки онҳо маъсулиятро ба гардан намегиранд.

Масалан, ҳангоми нигоҳубини фарзандон баъзе ҳодисаҳое, ки дар боғча рух медиҳад, муррабиён онҳоро аз волидайнон руйпуш мекунанд ва ба падару модар хабар намедиҳанд.

Мисол, моҳи гузашта фарзанди худи ман Юсуф вакте, ки дар боғча буд як ҳодисае рух дод. Вақте ки ман барои гирифтани фарзанди худ ба боғча рафтам, дидам, ки таги чашма у сиёҳ шудааст. Аз ин ҳолат ман дарав ба муррабия хабар расондам ва вазъи ҳолат пурсон шудам ва дар ба савол ҷавоб гирифтам, ки фарзанди ман дар вақти бозӣ афтидааст.

Вале, баъди оне, ки мо ба хона омадем, писарам ба ман гуфт, ки ӯро кӯдакони дигар латукуб карданд.

Мураббияҳое, ки дар боғча кор мекунанд бояд, ки мутахассиси кори худ бошанд ва пеш аз ҳама ба кӯдакони дар масъулияти онҳо буда аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, омӯзгор-психологи олӣ бошанд.

Ман ҳатто маълумоте дорам, ки бисёре аз муррабиён бе маълумоти олӣ дар боғчаҳо кору фаъолият намуда истодаанд, аз ин лиҳоз ман ба дояҳо ва муррабиёни боғчаҳо махсусан бовар надорам.

Фируза Самадова, 32 сола

-  Ман албатта ба мураббияҳои кӯдакистон боварӣ надорам, чунки онҳо саводи кофӣ надоранд ва кӯдаконро нағз таълиму тарбия намедиҳанд. Ман  фарзандони худро ба онҳо боварӣ намекунам. Ман фикр мекунам, ки ҳар як падару модар бояд фарзанди худро худ таълиму тарбия кунад.

Шабнам Ҳалимова, 34 сола

- Ман ба доя ва мураббияҳо боварӣ надорам, чунки онҳо кӯдаконро мезананд, нисбати онҳо муносибатҳои хуб намекунанд. Барои ҳамин ман фарзандони худро ба кӯдакистон рафтан намегузорам, онҳоро дар хона худам нигоҳубин мекунам.

Беҳруз Ҷабборов, 50 сола

- Ман ба мураббияҳо боварӣ дорам, онҳо фарзандони моро хуб нигоҳубин мекунанд. Ман фикр мекунам, ки онҳо маоши хуб мегиранд ва бояд ки кӯдаконро хуб нигоҳубин кунанд.

Фарзандони мо аз онҳо афсонаҳо, қироати шеърҳо ва рафтору кирдори некро аз худ мекунанд.

Муҳаббат Солиева, 43 сола 

- Албатта, ман ба дояҳо боварӣ дорам, чунки агар боварӣ набошад, чи хел мо фарзандонамонро ба дояҳо боварӣ карда ба нигоҳубини онҳо фарзанди худро медиҳем. Шахсан фарзанди хурдии ман ҳамеша бо доя аст ва ман аз ӯ ҳамеша розӣ ҳастам.

Муаллиф: Шукрона ҒИЁСИДДИНОВА

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh