Оё таҳсили духтарон зарур аст?

tahsilidukhtaron

Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки баъзе аз падару модар аз идомаи таҳсил духтарони худ, даст мекашанд ё монеаи таҳсили онҳо мегардад.

То чи андозаи ин кирдори онҳо дуруст аст? Хабарнигори Мактаби журналистика ин саволро аз сокинони ш. Душанбе пурсон шуд.

Аҳмад Ашуров, омӯзгор  

- Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ин гуна кирдори онҳо ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Ба фикри ман ин гуна рафтори баъзе аз волидайнро дар масъалаҳои ичтимоиву иқтисодӣ мебинам, вале ин маънои онро надорад, ки падару модар монеаи таҳсили фарзандон шаванд.

Низом Эркинзода, омӯзгор

- Қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” муайян намудааст, ки духтар ва ё писар бояд то синфи 9-ум ба таври ҳатмӣ таҳсил кунад ва ягон нафар, ҳатто падару модар монеа таҳсил кӯдак шуда наметавонад.

Ман шахсан то ҳол дар таҷрибаи кориам бо чунин волидайн рӯ ба рӯ нашудам. Баъзан вақт фарзанд бемор мешавад ё бо сабабҳои дигар ба мактаб намеояд, вале монеагӣ дар самти таҳсил аз тарафи падару модарро ман дар мактаби мо, ҳадди ақал то синф 9-ум, нашунидам.

Мирзо Сайфуллоев, омӯзгор

- Ҳар як волидайн ӯҳдадор аст, ки духтарашро то синфи 9-ум хононад, то ки духтари у дар ҷомеа бе савод намонад. Сабабҳои монеаи таҳсили духтарон аз тарафи падару модар баъд аз синфи 9-ум, гуногун мебошанд, бештар ба фикри ман ин сабабҳои ичтимоию иқтисодии оила мебошад.

Бунёд Кенҷаев, падар  

- Як омили дигар албатта қарори шахсии духтар аст. Ҳастанд духтароне, ки ҳангоми таҳсил дар мактаб саводи кофӣ надоранд ва онҳо худашон аз давоми таҳсил даст мекашанд.

Дилафруз Комилова, модар

- Ман оиди таҳсили духтарам зид шуда наметавонам, чунки вазифаи аввалин дараҷаи ҳар як падару модар ин таълиму тарбия ва ба ҳайёти мустақилона тайёр намудани ҳам духтар ва ҳам писар мебошад.

Албатта, ки ба духтар низ маълумоти миёна ва олӣ лозим аст, чунки дар оянда ҳар коре шуданаш мумкин аст ва духтар, яъне модари оянда ба ин гуна ҳолатҳо ҳаматарафа тайёр шуданаш лозим аст, яке аз он тайёриҳо ин илму дониш аст.

Илм чизе мебошад, ки новобаста аз ту зан ҳастӣ ва мард лозим аст. Ба назар мерасад, ки бисёре аз волидайнҳо духтари худро аз мактаю маҳрум мекунад  ва хайёти онҳоро зери хатар мегузорад.

Навруз Юнусов, падар

- Ман шахсан аз таҳсили духтарам зид нестам. Бигзор духтарам хонад, илм омӯзад, вақте ки ба шавҳар медиҳи албатта ба вай касбу ҳунар, илму маърифат ва дониш лозим мешавад.

Баъзе аз волидайн албатта, ки зиди таҳсили духтарон мешаванд, ба писарони худ афзалият медиҳанд. Ин кори онҳо нодуруст аст, вақте ки ба шавҳар медиҳанд, онҳо ҳам рӯзе модар мешаванд. Ва ҳар як фарзанд ҳарфи аввалро аз модар мефаҳманд ва дар ин ҳолат вақте, ки духтар савод надоранд, у фарзанди ояндаи худро чи хел тарбия мекунанд.

Назокат Рустамова, модар

- Айни ҳол духтари ман дар синфи 11-ум таҳсил мекунад ва ман дар таҳсили ояндаи у зид нестам. У мехоҳад, ки духтур шавад ва ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино дохил шавад. Ман ҳамчун модар дар навбати худ ба у муваффақият дар ин самт хоҳонам.

Муаллиф: Зафар СОЛИЕВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh