Оё кам будани назорати волидайн нисбати фарзанд ба оқибатхои нохуш оварда мерасонад?

nazoratykudakon

Ба роҳҳои бад рафтани аксари наврасону ҷавонон ба ақидаи бисёре аз мутахассисони тоҷик ин кам назоратии волидайн мебошад.

Имрӯзҳо аксарияти наврасону ҷавонон аз кам назоратии волидайни худ ба оваргардӣ, шабонагардӣ, талбандагӣ машғул буда, ба муноқишаю ҷангкунӣ байни ҳамсолони худ ва инчунин ҷалб шудани аксари онҳо ба гурӯҳҳои ифротгарӣ ба назар дида мешавад.  

Аксарияти волидайн ба рафтору кирдори фарзанди худ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Хабарнигори Мактаби журналистика барои рушан сохтан сабабҳои асосии кам назоратии волидайнро аз сокинон шаҳри Душанбе пурсон шуд.

Эркин Низомиддинзода, омӯзгор   

- Имрӯзҳо ба ақидаи Шумо барои чи аксарияти волидайн нисбати фарзандони худ кам назорат ҳастанд?

- Ба фикри ман вазбинии зиндагӣ волидайнро маҷбур мекунад, ки нисбати фарзандонашон аҳамияти кам диханд, аммо ин рафтори онҳо ба фикри ман нодуруст аст, чунки тамоми бахту саодати волидайн ин дар таълиму тарбияи фарзандон аст.

Чи қадаре, ки фарзанд хуб тарбия ёбад, чи қадаре ки фарзанд босаводу донишманд шавад, ифтихори падару модар ва мактаб мегардад.

- Ба роҳҳои бад рафтани аксари кӯдакону наврасон, аз он чумла ба оворагардӣ, талбандагӣ, шабонагардӣ, ба корҳои ғайри қонунӣ дастзанӣ, ҷангу ҷанҷолкунӣ омили кам будани назорати волидайн, шуда метавонад?

- Албатта! Дар мактаб ҳамагӣ 6 соат дарс аст, 6 соат муаллим, роҳбари синф, маъмурияти мактаб назорат мекунанд, баъди 6 соат фарзанд дар ӯҳдадории волидайн аст. Мисол, агар дар як рӯз 24 соат бошад, кӯдаку наврас ҳамагӣ 6 соат дар мактаб аст, 18 соати дигар дар ихтиёри волидайни худ  мебошанд.

Сабаби оворагардӣ ба роҳҳои бад рафтани наврасону ҷавонон ин кам назоратии падару модар аст, чунки онҳо намепурсанд, ки имрӯз ту чанд соат  дарс доштӣ, дарсат кай тамом шуд, куҷо меравӣ ва ғайраҳо, аз ин хотир бисёре аз фарзандон баъд ба гуна корҳо шомил мешаванд.

Савлатшоҳ Иқлов, равоншинос

- Насли наврасро ба ақидаи Шумо ки бояд тарбия ва маърифатнок кунад, волидайн ва ё мактаб?

Насли наврасро ба ақидаи ман пеш аз ҳама падару модар тарбия ва маърифатнок кунад, чунки ӯҳдадории падару модар аз рӯи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба зимаи онҳо гузошта шудааст. Аввалин шахсе, ки ба тарбия шурӯъ мекунад, ин падару модар аст.  

- Ба ақидаи Шумо ба роҳҳои бад рафтани насли наврас, танҳо волидайн гунаҳкор аст?

- Ин саволи хело мушкил аст, лекин ба ҳар ҳол фикр мекунам, ки дар инҷо низ Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки ҳамаи волидайнро вазифадор мекунад, ки ба фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то ки фарзандон ба корҳои ношоям ва ҷиноят даст назананд, ин гуна масъалаҳоро ба танзим медарорад.

Албатта, мактаб низ дар  канор шуда наметавонад, чунки навраси наврас 5-6 соат дар мактаб ҳастанд ва мактаб низ оиди таълиму тарбия насли ояндаи ҷумҳурӣ чораҳо меандешад, то ки онҳо роҳи дурустро пеша намоянд.

- Шумо ҳамчун равоншинос ба волидайнҳо оид ба таълиму тарбия чи тавсияҳо  медихед.

- Ман ҳамчун равоншинос чунин тавсия медиҳам, ки дар ҳар гуна ҳолат падару модар бояд бо фарзандонашон дар тамос бошанд ва ҳама вақт аз холи фарзандони худ бо хабар бошанд.

Зиёда Умарова, модар  

- Мушкилоту муноқишаҳои оилавӣ ба психолигияи насли наврас зарар расонида метавонад?

- Бале метавонад, чунки аксарияти падару модароне, хастанд, ки бо сабабҳои гуногун аз якдигар ҷудо мешаванд, ин гуна ҳолатҳо ба фарзандони онҳо зарари калон расонида метавонад.

Ҳаст ҳолтаҳое, ки дар хона қариб ҳаррӯз муноқиша ва ҷангу ҷанҷоли падару модар дида мешавад, дар ин ҳолат низ ин гуна ҳолатҳо ба кӯдак зарар расонида метавонад ва кӯдакон бисёр вақт дар ин гуна ҳолатҳо худро гунаҳгор меҳисобанд ва мехоҳанд, ки аз назди онҳо дур шавад ва ҳамин тавр у роҳи худро гум карда ба роҳҳои бад меравад.

- Ба фикри Шумо кам будани назорати волидайн боиси ҷалби кӯдакону  наврасон ба гурӯҳҳои ифротгарӣ шуда метавонад?

- Ҳа, метавонад. Вақте, ки падару модар бо ҳам муноқиша мекунанд, онҳо вақт намеёбанд, ки ба фарзанди худ аҳамият бидиҳанд, чунки онҳо бо муноқишаю ҷанги худ банд мебошанд. Фарзанд инро дида мехоҳад худ мустақил шавад, то ки ба падару модараш нишон диҳад, ки у худ тавоноӣ кор кардан аст ва намехоҳад дар ин оила зиндагӣ намояд. Баъд як сабаби дигари кам назоратии волидайн, ин нопуррагии оила мебошад.

Азизулло Ҳамдамов, падар

- Ба фикри Шумо кам будани назорати волидайн боиси ҷалби кӯдакону  наврасон ба гурӯҳҳои ифротгарӣ шуда метавонад?

- Бале метавонад, чунки аксарияти падару модар ба фарзандони худ кам назорат ҳастанд, аммо онҳо худ намефаҳманд, ки фарзандони онҳо ба роҳҳои бад мераванд.

Дар моддаи 33-уми Конститутсияи Тоҷикистон оварда шудааст, ки давлатро оила ташкил мекунад ва ҳар як шахс метавонад, оила барпо кунад. Аммо вақте, ки онҳо оила барпо карданд, баъд аз таваллуди шудани фарзанд онҳо ӯҳдадор ҳастанд, ки ба фарзандони худро хуб тарбия диҳанд ва ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳанд.

Дар замони ҳозира падар ва ё модар шудан хеле душвор нест, аммо ба фарзанд падари ва ё модари кардан хеле душвор аст.

Ба саволе ки оё онҳо аз кам будани назорати падару модар ба гурӯҳҳо экстремистӣ шомил шуда метавонанд, ман мегӯям бале сабаб шуда метавонад.

Чунки кӯдак ба мисли як чуби тар ба ҳар тарафе, ки тоб диҳӣ ба ҳамон тараф меравад, барои ҳамин ба фарзанд таълиму тарбия додан хеле душвор аст ва вақте, ки волидайн ба фарзанд тарбия медиҳад, у бояд ба фарзанд аҳамияти ҷиддӣ диҳад, то ки фарзанд ба худ зарар нарасонад.

Дилноза Ашурова, модар

- Ба фикри Шумо кам будани назорати волидайн боиси ҷалби кӯдакону  наврасон ба гурӯҳҳои ифротгарӣ шуда метавонад?

- Албатта шуда метавонад, оила ин аввалин омили тарбиятгарӣ фарзанд ба ҳисоб меравад. Ман гуфтани ҳастам, ки ҳар як хислате, ки фарзанд дошта бошад, хоҳ мусбат бошад, хоҳ манфӣ ҳамааш аз оила иборат мебошад, яъне ҳамаи хислатҳоро фарзанд сараввал аз оила меомӯзад ва баъд аз кӯча ва ё аз рафиқонаш.

Агар волидайн ба фарзанди худ назорати дақиқ надошта бошад, ин боиси зарари ҳам фарзанд ва ҳам волидайн мегардад.

Албатта ин сарчашма шуда метавонад, вақте ки фарзанд яъне ҷавонон бо одамоне ошноӣ мекунанд, ки ба онҳо фақат таъсир манфӣ мерасонанд, волийн бояд бо хабар бошанд ва аз ҳамин хел одамон онҳо фарзандони худро  бояд канорӣ кунанд.

Ҷамила Аҳадова, модар

- Ба фикри Шумо кам будани назорати волидайн боиси ҷалби кӯдакону  наврасон ба гурӯҳҳои ифротгарӣ шуда метавонад?

- Аз сабабе, ки аксарияти волидайн ба фарзандонашон аҳмият намедиҳанд фарзандони онҳо ба роҳҳои бад мераванд ва ҳатто ба падару модарони худ гӯш намедиҳанд.

Ба фикрам ҳа метавонад, чун ки аксарияти ҷавононе, ки ба ин роҳ рафтаанд ба фикри ман аз нарасидани меҳру муҳабати падару модарони худ мебошанд.

Муаллиф: Мавлона САМИЕВА 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh