Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ

muhammad-min

Дар зарфи 26 соли истиқлолиятӣ давлатӣ, ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияҳои муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст, зеро ҷавонони ободгари Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустаҷилу демократӣ ва такягоҳӣ боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Аммо яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Боиси таасуф аст, ки бархе аз ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил шуда ҷони ҷавони худро қурбон мекунанд. Аз ин хотир баҳри пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро бо сӯҳтабе анҷом додем бо Шӯҳрат Фозилзода, мутахассиси кор бо ҷавонони Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино ш. Душанбе.

- Салом! Дар аввал мехостам, дар бораи сабабҳо шомил шудани ҷавонон савол бидиҳам. Аз нигоҳи Шумо кадом омилҳо сабаб мешаванд, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мешаванд?

- Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад.

Аз ин хотир табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то мафиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд.

Бо вуҷуди раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дастёби ба шабакаи иттилоотии ҷаҳони муосир, аксари ҷавонони содаву зудбовар, хабар надоранд, ки роҳбарон паси пардагии ҳизбҳои гумроҳкунанда кистанд, онҳо чӣ ҳадафҳоро дунбол мекунанд.

- Ба фикри Шумо ин аз паст будани сатҳи савияи дониши ҷавонон дар аст?

- Имрӯз давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳои судмандро барои аз байнбурдани ин омилҳои номатлуб андешида истодааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту вохӯриҳояшон ба сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолияти бевоситаи онҳо рӯй оварда, даъват ба амал меоранд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фирефтаи ваъдаҳои холиву ҳавасмандии моливу пулии “хоҷагони хориҷӣ” нагарданд.

Сатҳи поёни маърифатнокии ҷавонон ва мавҷуд набудани низоми тарбияи ахлоқи миёни насли наврас боиси падидор шудани зуҳуроти номатлуб дар байни қишри ҷавон мегардад. Камназоратии волидайн нисбати фарзандон, бе аҳмиятии онҳо сабаби пастравии савияи дониши ҷавонон мегардад.

- Оё бо наврасону ҷавонон оиди ин мавзӯъ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузароида мешавад?

- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ , ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим дар байнни ҷавонон самти афзалиятноки фаъолияти худ дар соли 2017 интихоб намудааст. 

Дар ин замина баҳри татбиқи чораҳои мақсадноки ҳадафманд, нақша чорабиниҳои муштарак бо вазорати корҳои дохилӣ, маориф ва илм, кумитаи кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, телевизион ва радио гузаронида мешавад. 

- Чи гуна бояд шомилшавии ҷавононро ба ин гурӯҳҳои ифротгароӣ пешгирь намуд? 

Барои он, ки ҷавонони мо маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст ба дасти ҳам диҳем ва дастаҷамъӣ ҷавонони азизамонро аз ҷодаи торикӣ, гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳи намоем.

Дар ин замина таблиғи дастурамалҳо оид ба шинохти моҳияти ингуна ташкилотҳо, сӯҳбатҳои доимии мову шумо тавассути расонаҳои хабарӣ ва мулоқоти онҳо бо намояндагони насли наврас бенатиҷа нахоҳад буд.

Муаллиф: Муҳаммад ҒАНИЕВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh