Сатҳи маълумотноки сокинони пойтахт дар бораи ВИЧ/СПИД

maxresdefault

Агар 10 соли пешро бо 3-4 соли охир муқоиса намояд, то маълум мекунем, ки байни ҷавонони ҷумҳурӣ бемории ВИЧ/СПИД таҷриҷан зиёд шудааст.

Ёдовар бояд намуд, ки бемории ВИЧ/СПИД бемории паҳншаванда буда, бо услуби алоқаи ҷинсӣ ё ин ки бо воситаи хуни бемор ба шахси солим гузашта, аслан шахси ба ин бемори гирифтор шуда дорои умри кӯтоҳ мебошад. 

Оё акидаҳо вуҷуд дорад, ки ба шахси ВИЧ/СПИД дошта салом кардан, якҷоя нишастан, гуфтугӯ намудан, аз ҷойҳои ҷамъиятӣ якҷоя истифода бурдан, якҷоя хӯрок хурдан, аз як нақлиёти ҷамъиятӣ истифода бурдан шахси солимро ба ВИЧ/СПИД гирифтор мекунад?!

Вале, то чи андоза ин ақидаҳо рост мебошанд? Мутахассисони соҳаи тиб тамоми ақидаҳои дар боло зикр гаштаро инкор намуда зикр намуданд, ки шахси солим ба ВИЧ/СПИД танҳо дар ҳамон ҳолат бемор мешавад, агар у бо шахси ВИЧ/СПИД дошта алоқаи ҷинсӣ анҷом бидиҳад ва ё аз хуни у истифода барад. Дар дигар мавридҳо ин бемори ба шахси соли гузашта наметавонад.

То чи андоза оид ба ин сокинони ш. Душабе, махсусан сокинони ҷавон маълумот доранд? Хабарнигори Мактаби журналистика сатҳи маълумотнокии сокинонро дар бораи ВИЧ/СПИД ва роҳҳои гузариши онро пурсон шуд.

Дилшод, 17 сола

- Ба ақидаи ман ба шахси ВИЧ/СПИД дошта салом кардан, якҷоя нишастан, якҷоя хӯрок хӯрдан ба бемории ВИЧ/СПИД оварда намерасонад, чунки бемори ВИЧ/СПИД танҳо бо роҳи хун ё ин ки бо роҳи шаҳвонӣ ба шахси солим мегузарад.

Неъмат, 18 сола

- Ин ақидаҳо нодуруст аст, чунки ин беморӣ танҳо бо алоқаи ҷинсӣ, тамоми намуди шаҳват байни зану мард ва инчунин, дар вақти алоқаи ҳамосексуалӣ гирифтор шудан мумкин аст ва инчунин ба воситаи хун дар вақти хунгузаронӣ аз шахси бемор ба шахси солим, дар вақти истифодаи сӯзандоруи олуда, ба воситаи асбобҳои тиббӣ таъмизнашуда.  мегузарад

Рустам, 22 сола

- Айни ҳол бисёри аз ҷавонон назар ба солҳои охир ба ин беморӣ тез–тез гирифтор шуда истодаанд, омилу сабабҳои ин бемори ба воситаи алоқаи ҷинсӣ ва намуди шаҳват мебошад, ки солҳои охир бисёре аз ҷавонон ба ин бемори гирифтор шудаанд.

Бемории ВИЧ – вируси норасоии масъунияти иммунитет ё қувваи дарунии бадан мебошад, ки дар организми инсон дар тӯли тамоми ҳайёт боқӣ мемонад.

Одатан дар аввал ин беморӣ дар шахси ба ин сироят гирифтор шуда, ягон нишона нест, аммо ба набудани аломатҳои беморӣ нигоҳ накарда, шахси гирифторшуда метавонад одамони солимро ҳам гирифтори ин вирус кунад

Шукрона, 19 сола

- Дар бораи роҳҳои гузариши ВИЧ ва воқеъ будани хавф маълумоти ман дар ин бора чунин аст. Дар ҳайёти ҳаррӯза тарзи асосии мубориза бо ВИЧ худдори кардан аз  алоқаи ҷинсӣ ё рафтори шаҳватпарастонии бехатар танҳо як шарики ҷинсии солим доштан ё доимо истифода кардани рифола мебошад

Матлуба, 17 сола

- Ба ақидаи ман ба одамоне, ки сирояти ВИЧ доранд салом кардан ё ин ки якҷоя нишастан, хӯрок хӯрдан тарсидан лозим нест, чунки ин беморӣ ин тавр намегузарад. Бемори ВИЧ танҳо бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва боз инчунин ба воситаи хун дар вақти хунгузаронӣ ба шахси солим мегузарад.

Далер, 20 сола

- Ба ақидаи ман омилу сабабҳои бемории ВИЧ/СПИД бисёртар байни ҷавонони ҳозира мебошад, ки ба диско-кулубҳо рафта ба фоҳишаҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ки он онҳо шахсиятҳои ин гуна беморӣ мебошанд.

Аҳлиддин, 21 сола

- Қайд кардан зарур аст, яке аз сабабҳои дигаре ки имрӯзҳо бисёре аз наврасон бемории ВИЧ/СПИД дошта, ин аз модар ба кӯдак гузаштани беморӣ аст. Зане, ки ВИЧ/СПИД дорад, аз барои ҳолати вазнини саломатӣ, аллакай ҳомиладор шуда наметавонад ва ё агар шавад ҳам, фарзанди ояндаи худро дидаю дониста аллакай бемор ба дунё меорад.

Дар бисёри мавридҳо вирус аз модар сироятёфта ба кӯдак мегузарад. Баробари ин гирифторшавӣ дар вақти ҳомиладорӣ таваллуд кардан ё кӯдакро бо шири сина сер кардан руй медиҳад.

Зарина, 17 сола

- Бемории ВИЧ/СПИД аз хун ба хун мегузарад, инчунин бо роҳи фоҳишагӣ низ ба шахси солим гузашта метавонад.

Роҳҳои пешгирии он дар ин аст, ки шахс худро камаш дар як моҳ ду бор аз муоинаи духтур гузаронад ва боз чунин маълумот дорам, ки бемории ВИЧ/СПИД аз 14-16 нафар ҳамхоба мешаванд, ба ин беморӣ дучор мешаванд ва агар бо як ё ду шахс ҳамхоба шаванд, ба ин беморӣ гирифтор намешавад.

Муаллиф: Фароғат ОХУНОВА

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh