Нигоҳи сокинони пойтахт оид ба рафтани ҷавон-духтарон ба диско-клубҳо

disco

Бо рушди ёфтани ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон имрӯзҳо ба назар мерасад, ки баъзе аз ҷавон-духтарон барои дилхуш гузаронидани вақти худ на танҳо ба осорхонаҳо, тарабхонаҳо, боғҳои фароғатию дилхушӣ, инчунин ба диско-клубҳо, махсусан диско-клубҳои шабона мераванд.

Хабарнигори Мактаби журналистика байни сокинони пойтахт бо саволе имрӯзҳо бисёре аз ҷавон-духтарон ба диско-клубҳо мераванд Шумо ба ин чи назар доред, пурсиш анҷом дод. Посухи сокинонро дар ин маврид дар поён менигарем.                                

Азамат Исматов, 19 сола

- Ман фикр мекунам, ки духтар бо мақсади худнишондиҳӣ ба писарон ба диско-клубҳо мераванд. Дар инҷо беназоратии падару модари дида мешавад, барои онки бештари духтарон ба ин гуна ҷойҳо шабона меоянд.

Алимардон Ҷобиров, 20 сола

- Ба ақидаи ман ин аз кам масъулиятии падару модар аст, агар баъзе аз волидайнҳо дониши мукаммал медоштанд ба духтарҳои хул иҷозати рафтан ба ин гуна ҷойҳоро намедоданд. 

Ман ҳатто ҳолатҳоеро медонам, ки падару модар худ иҷозат медиҳанд, ки духтари онҳо ба диско-клубҳо барои вақтгузаронӣ бираванд. 

Ба ақидаи ман ин кори онҳо бад аст, бояд ки волидайни онҳо, онҳоро тарбия кунанд ва иҷозат надиҳанд шабҳо ба берун бароянд. 

Муҳаммад Раҷабов, 18 сола 

- Ман фикр мекунам, ки ба ин гуна ҷойҳо духтарони бероҳа мераванд. Духтарони худро ҳурмат мекарда бояд ба ингуна ҷойҳо нараванд. Ин гуна ҷойҳо ҷойи харом аст, чунки дар онҷо майзанию кирдорҳои бадрафтона дида мешавад. 

Беҳруз Ҷаборов, 50 сола 

- Ин ҳама аз сабаби бе соҳибии онҳо ва бе ақли онҳо, ки волидайнашон бе аҳмият ҳастанд, мебошанд. Ба духтар ин гуна кирдор намезебад. Ман зиди чунин корҳои онҳо ҳастам.

Аҳмад Комронов, 26 сола 

- Ба ақидаи ман онҳо аз сабаби бе саводӣ, бе ақлӣ ба он ҷойҳо мераванд. Ҳоло онҳо ки ҷавонанд чи кор карданашонро намедонанд. Вақте ки калонтар шудан баъд мефаҳманд, аммо он вақт дер аллакай мешавад. 

Ман ба онҳо гуфтани дорам, ки ба он гуна ҷойҳо нараванд, бо одамҳои бад рафту омад накунанд, агар онҳо ин корҳоро кунанд дар оянда пушаймон мешаванд.  

Фируза Сорбонова, 24 сола 

- Ба фикри ман онҳоро писарҳо ба он ҷойҳо мебаранд. Вақте ки онҳо 1 бор ба онҷо рафтанд ба онҳо одат мешавад ва боз мехоҳанд, ки ба онҷо раванд.  

Диловар Раҳимов, 30 сола 

- Ман зид нестам. Ин ҳуқуқи онҳост. Хоҳанд бираванд, нахоҳанд не. Вале, агар апаи ман ва ё хоҳари ман ба ин гуна ҷойҳо мерафт, ман зиди онҳо мебаромадам. 

Тахмина Бобоқулова, 21 сола 

-  Ман фикр мекунам духтарон барои шинос шудан бо писарҳо ба он ҷойҳо мераванд ва барои маблағе ба даст овардан. Духтари ору номус дошта ба фикри ман ҳеҷ гоҳ ба чунин ҷойҳо намеравад. 

Нигина Умарова, 25 сола  

- Бигзор бираванд. Ман ба онҳо коре надорам. Духтари боодоб дар ин гуна ҷойҳо қадами худро намегузорад. Ман ба ин гуна ҷойҳо нарафтам ва рафтани ҳам нестам ва дар оняда ба фарзондони худ иҷозати ба ин гуна ҷойҳо рафтанро низ намегузорам. 

Муаллиф: Сорбон АҲМЕДОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh