Маҷбур ба шавҳар додани духтар ба кадом оқибатҳо оварда мерасонад?

nasilnotuy

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон маҷбуран ба шавҳар додани духтарон аз тарафи волидайн бисёр ба назар мерасад, ки оқибат ба вайроншавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад.

Агар ҷавонони имруза чӣ дар деҳот, чӣ дар шаҳр аз ҷумла духтарон ҳадди ақал мактаби миёнаро хатм мекарданд, барои оиладор шудан маълумоте пайдо мекарданд ва баъдан оила барпо мекарданд, вале имрӯзҳо бисёре аз ҷавонон-духтарон бо қарори волидайн мактабро тез тарк намдуа, баъдан ба таври маҷбурӣ ба шавҳар баромада истодаанд.

Ин  гуна омилҳо ба вайроншавии оилаҳо на танҳо аз тарафи волидайн, инчунин аз тарафи худи ҷавонон низ ба миён меояд, чун бисёре аз онҳо на розигии худ оила барпо намудаанд.

Дар ин бора ақидаи сокинон, аз он ҷумла сокинони пойтахт гуногунанд. Хабарнигори Мактаби журналистикаи ақидаҳои онҳоро дар ин маврид пурсон шуд.

Алибек Алибеков, 52 сола

- Оила барпо намудан, ин худ  як ҳуқуқи Конститутсионӣ мебошад. Оила барпо намудан байни зан ва мард дар доираи талаботи қонун муқарар карда шудааст.

Маҷбурсозии духтар барои хонадоршавӣ ба нохушиҳои зиндагӣ оварда мерасонад ва ҳатто сабаби вайроншавии оила шуда метавонад. Бояд, ки ҷавонон ва алалхусус духтар пурсида шавад, ки оё у бо ҳамин ҷавон хонадор шудан мехоҳад. Ин ҳалли як тарафи масъала шуда метавонад.

Холида Ҳакимова, 63 сола

- Ақидаи ман он аст, ки аввал фарзанд яъне духтар бояд баъди хатми мактаби миёна таҳсилашро давом диҳад, дипломашро гирад ва баъд хушкардаи худро интихоб намояд ва албатта аз волидайни худ розигӣ гирад.

Салдатшоҳ Иқболов, 54 сола

- Ман фикр мекунам, ки ин кирдорҳо хато аст. Маҷбур ба шавҳар додани ин ҷиноят аст, аз ин лиҳоз фикр мекунам, ки бояд ҳама коре, ки мешавад дар доираи қонун бошад.

Ба ин хотир фикр мекунам, ки хуб мешуд аввал мактабро хатм карда, илм гирад. Барои оиладорӣ маълумот пайдо мекарданд, баъд ба шавҳар мебаромаданд, ин беҳтару хубтар мешуд.

Муҳаммад Ғаниев, 17 сола.

- Имрӯзҳо зиёд ба назар мерасад, ки волидон, духтарон ва ё писарони ҷавони худро ба оиладорӣ маҷбур мекунанд. Аз нигоҳи ман ин нодуруст аст, чунки ҷавонон ба оиладорӣ омода нестанд, бояд, ки пеш аз ҳама таҳсил намоянд ва албатта маълумоти оиӣ бигиранд ва барои оиладорӣ омода шаванд.

Бубинед имрӯзҳо зиёд ба назар мерасад, ки ҷавонон хонадор мешаванд ва баъди чанд муддате байни онҳо нофаҳмиҳо пайдо мешаванд ва дар натиҷа чунин нофаҳмиҳо боиси ҷудошави аз ҳамдигар мешавад.

Эркин Низомидинзода, 48 сола

- Ба ақидаи ман волидайне, ки ҳамқадами замона нестанд, аз давлату ҳукумат бархурдор нестанд ба монанди пештара оид ба шавҳардодани духтарҳояшон рафтор менамоянд.

Ба ҷавонон чунин тавсия медиҳам, ки волидайнашонро иззату ҳурмат кунанд, ба ҳарфҳояшон бодиққат гуш кунанд ва дар охир мустақилона фикрони намуда, хулосабардори намуда ба хулосаву ақидаҳояшон устувор бошанд.

Барои хушбахтии худ мубориза баранд. Ба волидайнҳо бошад, тавсия медиҳам, ки барои хушбахтии духтаронашон ба ҳарфҳои онҳо гуш диҳанд.

Мамлакат Икромова, 47 сола

- Ба ақидаи ман як гурӯҳ одамон, яъне духтарон аз синни 18 то 20 сола, баъд аз омӯхтани ягон касбу ҳунар ба ҳайёти мустақилона тайёр ҳастанд. Писарон бошад дар синну соли 24 ва 25 солагӣ, онҳо низ баъд аз ягон кори доимӣ ё ягон ҳунар ба ҳайёти мустақилона омодагӣ гиранд.

Хушбахтона, ки мо дар асри XXI зиндагӣ мекунем, ба фикри ман ҳар як падару модар дар хонадор кардани фарзанди худ розигии онҳоро дар мадди аввл мебинанд.

Шодмон Икромов, 25 сола

- Маҷбуран хонадор намудани фарзандон ба оқибатҳои нохуб оварда мерасонад, чунки онҳо якдигарро надида ва аз рафтору гуфтори хеш огоҳ нестанд.

Муддате андак, пас аз зиндагӣ онхо дилсард мешаванд ва ба ҳар гунна корҳои ношоиста даст мезананд. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ хамасола шумораи худкуши аз рӯи нишондоди сад ҳазор 2,6% дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз  ин 2,3%-ро занҳо ташкил медиханд.

Ногуфта намонад, ки аз ин шумора аксарияташ бинобар маҷбуран ба шавхар додани духтархо мебошанд ва барои ба худкуши расондан (моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ва ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида (моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ҷавобгарии ҷиноятиро  пешбинӣ мекунад.

Шаҳзодаи Даврон, 22 сола

- Дар бораи барпо кардани оила миёни чавонон ҳаминро гуфтаниям, ки ҳастанд волидайне ки фарзандони худро дидаю дониста маҷбуран хонадор мекунанд, ҳоло он ки барои барпо намудани ин оила як тараф, бисёртар духтар розӣ нест.

Тавсияи ман дар ин бора хамин аст, ки бигзор аввалан онҳо ҳамдигарро бинанд, омӯзанд, таҳсили илм намоянд ва барои барпо кардани оила худро омода созанд, то ки дар оянда зиндагии пур аз хушбахтиро эҳсос кунанд.

Мадина Мутдинова, 16 сола                          

- Ба фикри ман ин кирдор оқибати хуб надорад. Чунки дар оила беш аз ҳама муҳим ин якдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат аст. Агар онҳо надидаю надониста, оиладор шаванд ин оқибати хубе надорад, чун нофаҳмиҳо дар байни онҳо сабаби вайроншавии оила шуда метавонад.

Мавлуда Ҳасанова, 19 сола

- Маҷбур ба шавҳар додани духтарон аз тарафи волидайн ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад, ки ин бештар сабаби парокандашавии оилаҳои ҷавон мегардад, ки ҳозир дар ҷомеа бештар ба назар мерасад.

Муаллиф: Малика ИКРОМЗОДА

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh