Ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ба воситаи шабакаҳои ичтимоӣ

sociam

Ҳоло Интернет ба воситаи нисбатан мувофиқи ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёфтааст.

Кӯшишҳои бастани сомонаҳои интернетӣ натиҷаи хуб намедиҳад, зеро пас аз як чанд рӯз сомонаи дигаре пайдо мешаваду ҳамон маводи ифротиро интишор мекунад.

Хусусиятҳои хоси шабакаи ичтимоӣ, ки онро аз сомонаҳои интернети ҷудо мекунад, он аст, ки аз назари психологӣ, истифодабаранда саҳифаи ичтимоии худашро ҳамчун фазои шахсии худ мефаҳмад ва дар саҳифааш доираи дилхоҳи «рафиқонашро» пайдо мекунад.

Маҳз шабакаҳои ичтимоӣ сабаби он мегардад, ки бисёри одамон ба доми ифротгарон шомил мешаванд.

Тадқиқотчиён тахмин мекунанд, ки беадолатии ҷомеа ва бесаводии ҷавонони имрӯза ба доми ифротгарон бештар шомил мешаванд.

Ба гуфтаи як ҷавоне, ки худро Меҳрубон ном кард, имрӯз бештари ҷавонон шабакаҳои ичтимоии “Вконтакте” ва “Одноклассники” истифода мебаранд.

“Ман бештар бо дӯстон дар шабакаи ичтимоии “Одноклассники” ва бо ҳамкорони худ дар “Фейсбук” муошират менамоям.

Ҳолатҳое мешавад, ки ба ман паёми дӯстӣ мефиристанд ва ман дар навбати худ агар онҳо ба ман шахсони ношинос бошад, қабули дӯстии онҳоро рад мекунам, вале дархостии дӯстӣ бештар аз шахсони ношинос ба ман меояд”, -мегӯяд Меҳрубон.

Ба ақидат ӯ мақсади ношиносон гуногун мебошад, ҳастанд писарбачаҳое, ки бо номи духтари саҳифаи шахсии худро кушода бо дигарон ҳамсӯҳбат шуда, ба корҳои ғайри қонунӣ даст мезананд. Сӯҳбати чунин ношиносҳо ба ягон оқибатҳои бад оварда расониданаш мумкин аст, мисол ба фиребгарӣ, ҷалб сохтан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ.

“Ҷавонони камшурро, яъне ки бештар ба мактаб намераванд, ба тавсияҳои волидонашон гуш намекунанд ва худписанд ҳастанд, бештар чунин ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, экстремистӣ ва террористӣ ҷалб мешаванд”, - илова намуд дар охир ӯ.

Абдулазиз Восеев, сармуҳаррири газетаи «Озодагон» мегӯяд, ки аслан омилҳои гуногун ҷавононро ба ин гуна гурӯҳҳои экстремистию террористӣ шомил мекунад.  

“Аслан инҷо чанд омил ҳаст, ки барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сабаб мешавад. Каме пештар коршиносон дар ин ин мавзӯъ бисёр баҳс намуда, ба хулосае омаданд, ки яке аз омилҳои асоси ин факру нодори аст.

Масалан, вақте ки ҷавонон кори муносиб пайдо намекунанд, вақте ки онҳо ниёзманд ба ягон чизе ҳастанд ва бештаре аз ҷавонон мехоҳанд, ки ягон роҳи хеле осони кор кардани пулро ба даст биёранд, бештар дар ҳамин сурат  онҳо зиёдтар хатари шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ мешванд.

Яке аз омилҳои дигараш зери парчами Ислом мехоҳанд, ки номи худро баланд бардоранд, аммо бештари аз онҳо огах нестанд, ки дин чи аст, дини Ислом чи мефармояд.

Ҳамин ду омили асли ҳаст, ки ҷавонон мубталои чунин гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд”, - қайд мекунад А. Восеев, сармуҳаррири газетаи «Озодагон».

Дар ҳамин маврид Аслия Ашурова, сокини пойтахт мегӯяд, ки имрӯзҳо бисёре аз шахсон тарзи дуруст истифорда бурдани шабакаҳои ичтимоиро надоранд.

“Ман албатта шабакаҳои ичтимоиро истифода мебарам. Дар ин гуна шабакаҳо ман танҳо бо дӯстону рафиқон, хешу таборон, шиносон ва шахсоне, ки онҳоро ман мешиносаму мебинам муошират менамоям.

Дархостҳои дӯстии навро танҳо аз он шахсон қабул мекунам, ки бо онҳо нав шиносоӣ пайдо карда бошам ва шахсони бегонаро дар дӯстии худ қабул намекунам.

Ҳамаи рафтору кирдори инсонӣ дар шабакаҳои ичтимоӣ аз худи ҳар як шахс вобастигии хеле зиёд дорад”, - мегӯяд сокини пойтахт А. Ашурова.

Дигар сокини пойтахт Ҷамшед Раҳматуллоев мегӯяд, ки шабакаи ичтимоиро танҳо барои муошират бо хешу табор истфода мебарад.

“Ман он қадар фаъол шабакаи ичтимоиро истифода намебарам. Аз сабабе оне, ки фарзандони ман ва хешу табори ман дар давлатҳои хориҷа иқомати доимӣ мекунанд ва барои дар алоқа будан бо онҳо ман аз шабакаҳои ичтимоии “Viber” ва “Skype” истифода мебараму халос”, - гуфт Ҷ. Раҳматуллоев.

Раҳматшо Исматов боз як сокини пойтахт мегӯяд, ки имрӯзҳо бисёре аз шаҳрвандон шабакаҳои ичтимоиро танҳо ҳамчун воситаи алоқа истифода мебаранд.

“Чи хели ки мо медонем хизматрасониҳои алоқаи шаҳрӣ, мобилӣ ва байналхалқӣ хеле гарон мебошанд ва имрӯзҳо барои коҳиш додани ин гуна хароҷотҳо шаҳрвандон, ҳамчун воситаи алтернативии алоқа, шабакаҳои ичтимоиро истифода мебаранд”, - иброз медорад Р. Исматов.

Бояд ёдовар кард, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон новобаста аз хусусиятҳои манфию мусбӣ доштани шабакаҳои ичтимоӣ, истифодаи он аз тарафи шаҳрвандон, махсусан ҷавонон рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

Муаллиф: Тахмина ВОҲИДОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh