Барои чи имрӯзҳо дар Душанбе тамошои силсила филми “Муллои замонавӣ” машҳур шудааст?

mulloizamonavi

Имрӯзҳо наврасону ҷавонон рӯ ба тамошои филмҳои туркӣ овардаанд, ки яке аз онҳо силсила филми “Муллои замонавӣ” мебошад.

Хабарнигори Мактаби журналистика байни сокинони пойтахт оид ба машҳуру тамошои силсила филми мазкур пурсиш гузарониданд ва ба онҳо чунин савол пешниҳод намудем: Барои чи имрӯзҳо сокинони ш. Душанбе ин силсила филмро бештар тамошо мекунанд?

Диловар, 18 сола

- Ин силсила филм асосан филми шавқовар буда, онро зиёдтар наврасону ҷавонон тамошо мекунанд. Харидории ин гуна силсила филм низ аз ҷониби наврасону ҷавонон бештар ба назар мерасад.

Қаҳрамони асосии ин силсила филм бо номи “Картакелас” ё “Зоғи сиёҳ” машҳур мебошад, ки бо корҳои қаҳрамононаи худ дили наврасонро ба худ ҷалб намудааст.

Силсила филми “Муллои замонавӣ” бисёр филми шавқовар мебошад ва сокинон онро бо як табъи баланд тамошо менамоянд.

Шукрия, 15 сола

- Ба ақидаи ман ин силсила филм хело ҳам шавқовар аст ва мо наврасон ҳангоми тамошои ин силсила филм шод мегардем ва қисми ояндаи ин филмро бениҳоят зиёд интизор мешавем.

Ҳар як қисми нави ин силсила филмро мо бо нархи 3 сомони ҳар ҳафта харидорӣ менамоем.

Ба фикри ман, асосан сокинон онро ба он хотир тамошо мекунанд, ки дар ин филм суханҳои хандаовар хело зиёд мебошанд.

Амина, 35 сола

- Ин силсила филмро асосан бонувоне, ки дар хона бекор менишинанду ба ягон кор машғул нестанд ва ҳамзамон бонувоне, ки онҳоро шавҳаронашон ба ягон кор машғул шудан намегузоранд тамошо мекунанд, зеро ки онҳо аз бекори дар хона дилгир мешаванд ва дар натиҷа ин силсила филмро харидорӣ намуда тамошо мекунанд.

Ҳамроҳи онҳо албатта низ фарзандонашон тамошо мекунанд, ки дар натиҷа ин ба онҳо зарар мерасонад, яъне  фаҳмиш ва психологияи кӯдак на онқадар пурқувват аст, то ки дарк намояд, ки ин силсила филм дар бораи чи рафта истодааст.

Ҳатто кӯдакону наврасон ҳангоми тамошои ин гуна филмҳо аз ин суханҳое, ки дар филм дида мешавад, донистаю надониста сухану ибораҳои манфии ин силсила филмро такрор мекунанд, новобаста аз он ки ин рафтору кирдори онҳо хуб аст ва ё бад, ин гуна силсила филмҳо албатта, ки ба фаҳмиши кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.

Азизулло, 22 сола

- Ба ақидаи ман ин силсила филм ҷанбаҳои манфӣ хело зиёд дорад ва сабаб дар он мебошад, ки дар ин силсила филм суханҳои гуногун истифода бурда шудааст.

Ҳангоме, ки кӯдакону наврасон ин силсила филмро тамошо мекунанд, ба фаҳмиш ва психологияи онҳо ин ибораҳои баде, ки дар филм истифода бурда шудааст ба мисли вирус ба сари онҳо дохил мешаванд ва дар натиҷа ба мафкураи кӯдак зарари манфӣ мерасад.

Дар инҷо бояд қайд намуд, ки силсила филми “Муллои замонавӣ” аз забони туркӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудааст ва тарҷумаи имрӯзаи тоҷикии он ба сатҳи касбӣ мувофиқат намекунад. Дар ин маврди сатҳи тарҷумаи ин филмро дар аввал бояд дида баромад баҳогузорӣ намуд.

То ҳол маълум нест, ки то чи андоза суханҳои қаҳрамонҳои силсила филмро тарҷумон дуруст тарҷума карда бошад, барои он ки ин силсила филм дар студияи касбӣ тарҷума нашудааст, яъне тарҷума аз рӯи тарҷумаи ҳавасагӣ тарҷума шуда, бо лаҳҷаҳои гунонун овоздода шудаанд.

Муниса, 30 сола

- Албатта ингуна силсила филмҳо ба психология ва фаҳмиши кӯдакони мо таъсири манфӣ мерасонад, зеро зиёданд ҳодисаҳое, ки ҳангоме, ки кӯдакон ин филмро тамошо мекунанд, пас аз тамошои ин филм кори он қаҳрамонҳоро мехоҳанд такрор кунанд.

Ин гуна амалҳои онҳо як ҷанбаи манфӣ будани ин гуна филмҳо мебошад ва ҳатто имрӯзҳо зиёданд наврасону ҷавононе, ки мехоҳанд қаҳрамони ин гуна филмҳо бошанд.

Дар ҷомеаи имрӯза низ зиёданд гурӯҳҳои ифродгаро, ки бо ин роҳ низ метавонан ҷавононро ба худ ҷалб намоянд, аз ин рӯ моро месозад то барои хуб ба воя расонидани фарзандони худ кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки фарзандонамон ин гуна филмҳоро тамошо кунанд.

Муҳибулло, 20 сола

- Ин силсила филми “Муллои замонавӣ” ба дин ва муфтиҳо мутобиқ нест, зеро ки дар ин филм суханҳои қабеҳ хело зиёд истифода шудаанд. Ҳатто дар ин филм ҳангоме, ки аз ин қаҳрамон, ки бо номи “Домулло Зиё” машҳур аст, саволҳои масбут ба дин пешниҳод мекунанд, ӯ дар ҷавобро бо фаҳмиши худ посух медиҳад, ки ин ба дини Ислом мутобиқ нест.

Дар силсила филми мазкур ин “Домулло” худ ҳатто фаҳмиши динӣ надорад, аммо худро ҳамчун домулло эълон намуда ба мардум маслиҳатҳо медиҳад.

Самира, 23 сола

- Ин силсила филм касбӣ тарҷума нашудааст зеро, ки дар ин филм суханҳои шевагӣ ва ё кӯчагӣ зиёд истифода шудааст ва ман намедонам чаро ин гуна филҳоро аслан ба фурӯш иҷозат медиҳанд.

Азиз, 25 сола

- Тарҷумаи силсила филми “Муллои замонавт” дар сатҳи касбӣ нест. Дар ин дида мешавад, ки суханҳои гуногун истифода шудаанд, ки боиси бадрафтор будани қаҳрамонҳоро нишон медиҳанд.

Саидқул, 31 сола    

- Ба ақидаи ман сабаби асосии иҷозат додани волидайн барои тамошо кардани ин гуна силсила филмҳо дар он аст, ки волидайн мехоҳанд, ки фарзандони онҳо дар кӯча ба корҳои беҳуда машғул нашаванду ба тамошои ин филм банд шаванд, аз ин лиҳоз онҳо харидории ин филмро маблағгузорӣ мекунанд.

Муаллиф: Иқлима АЛИЕВА

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh