Рӯ овардани ҷавон-духтарон ба либосҳои бегона

ru-ba-libosi-begona

Яке аз масъалае, ки имрӯз дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон сари он баҳс меравад, ин рӯ овардани ҷавон-духтарон ба либосҳои бегона мебошад.

Бадбахтии ин мавзӯъ аз он шаҳодат медиҳад, ки аксарияти ҷавон-духтарон ба фарҳанги Ғарб такя мекунанд, ки яке аз сабабҳои он тамошои филмҳои хориҷӣ мебошад.

Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори Мактаби журналистика байни сокинони ш. Душанбе пурсиш анҷом дода намуда, ақидаҳои онҳоро ҷамъ намуд.

Нигина Сироҷова, 25 сола

- Сабаби асосиро мо дар он мебинем ки имрӯзхо рӯ овардан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пайрави кардан ба аврупоиён, пайрави кардан ба тарзи либоспушии мардуми Ғарю мебошад.

Яке аз сабабхои дигараш ин тамошои силсила филмҳою филмҳо ва клипҳое, ки халқҳои Ғарб мебошад, ки дар натиҷа ҷавон-духтарони пайравии ин гуна нафарҳо мешаванд ва тарзи либлспӯшии худро ба кулли тағйир медиҳанд.

Моҳира Мирзоева, 45 сола

- Ба назари ман аз либосҳои миллии худ кам истифода бурдани духтарон, бехабар будан аз асли хеш аст. Сарфи назар аз он ки мо чи гуна либос ба бар мекунем, мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки мо тоҷик ҳастем, яъне асли худро фаромӯш накунем.

Вақте, ки мо тоҷтк мегӯем табиист, ки духтарони тоҷик бо анаҳамон шарму ҳайёи худ, бо тарзи либоспушӣ, рафтори худ, аз дигар духтарони халқу миллат фарқ мекунанд.  

Сабаб ин паст будани дараҷаи худшиносии ҳар як духтари тоҷик аст. Агар ӯ худшинос бошад, аз асли худ бо хабар бошад, ҳаргиз либоси бегонаро ба бар намекунад.

Марҷона Қурбонова, 22сола

- Бисёре аз духтарон барои он ин гуна либосҳоро мепушанд, ки худро озодтар ҳис намоянд. Тақрибан 30% ҷавон-духтарон ҳамин гуна либосҳоро ба бар мекунанд.

Фикри ман он аст, ки ҳар як духтар ба худ либоси хосро пушад, аммо фаромӯш накунад, ки мо тоҷик ҳастем ва мо либоси миллии зебои худро дорем. 

Фируза Раҳматбекова, 24сола

- Вақте, ки сухан атрофи либоси бегона ва амсоли инҳо меравад, мо дар аввал бояд худ донем, ки мафҳуми либоси бегона гуфта мо чиро дар назар дорем ва мефаҳмем.

Сухан атрофи он меравад, ки то кадом дараҷа мо ҷавон-духтарони ҷомеа, ошнои дорем вобаста ба ҳамон фарҳанги либоспуши ниёгони худ. Ҳамчунин, бояд донему фаҳмем, ки то кадом дараҷа маълумотнокии мо мустаҳкам аст ва ин омилҳои замони имрӯза, ки асосан ба либосҳои бегона рӯ овардани ҷавон-духтарон, яъне ҳамин дониши мо сади роҳи он шавад.

Аммо психикаи ҷавонон тавре сохта шудааст, ки чизе, ки дар оинаи нилгун, тариқи шабакаи умуми ҷаҳонии Интернет мебинад, ки бештари онҳоро барномаҳои муд, тарзи ҳайёт ва филмҳо дар бар мегирад, аз тарафи ҷомеаи ҷавонон хеле хуб ва тез пазируфта мешавад ва ҷавон-духтарон бештар ба ҳамон рӯ меоранд.

Нигора Иброҳимова, 22 сола   

- Сабаби асосии рӯ овардан ба либосҳои бегона ин тамошои филмҳои туркӣ мебошад. Ман шахсан ин гуна либосҳоро барои он мепушам, ки ман худамро дар либосхои аврупоӣ озод ҳис мекунам, духт ва муди либосҳои миллии худамон ба ман маъқул нест.   

Марҷонаи Акбар, 26 сола

- Либосҳои аврупоӣ бениҳоят зебо ҳастанд, сифаташон олӣ буда, матоъҳои он қуллан аз матоъҳое, ки мо имрӯз барои либоси миллӣ истифода мебарем, хеле хуб мебошанд. Баъдан духту муди либосҳои аврупоӣ аз либосҳои миллӣ куллан фарқ мекунад.

Шахсан ба ман либосҳои аврупоӣ писанд ҳастанд. Ман бисёртар либосҳои аврупоиро ба бар мекунам, чунки дар тани ман ин гуна либосҳо шинам ва зебо меистад.

Мадина Саидова, 22 сола

- Фарқияти либосҳои миллӣ аз либосҳои бегона якчанд афзалиятҳо доранд. Масалан, либосҳои миллии мо ки аз атлас ва адрас тайёр мешаванд, либосҳои табии ҳастанд. Дар онҳо нақшу нигори табиат дида мешаванд, ба монанди гул, баргҳо. Либосҳои аврупоӣ бошад, тамоман чизи дигар аст. Ман фикр мекунам, ки ба гулдухтарони тоҷики мо, либосҳои аврупоӣ зебанда нест. Худи ман шахсан танҳо либосҳои миллии тоҷикога ба бар мекунам.

Азиза Умарова,16 сола

- Либосҳои бегона каме зеботар буда, духту муди ғайри оддӣ дорад. Ин гуна афзалиятҳо бештар мизоҷонро, яъне духтаронро ҷалб мекунад. Ғайр аз он либосҳои аврупоӣ сифати хуб дорад.

Дилафруз Маҳмадова, 27 сола

- Либосҳои Аврупо аз ҷиҳати духт ва ранг фарқ мекунанд. Мо бояд фаромӯш накунем, ки ҳар як халқу миллат, вобаста ба ҳамон расму оину анъана, фаҳангу забону либоси миллии худро дорад.

Баъзе аз духтарони мо пӯшидани либосҳои туркиву аврупоиро ба муд дароварданд. Мисол, ба ман ҳамон либоси туркӣ чандон писанд нест. Ин гуна либосҳои туркӣ ниҳоят дароз аст ва ҳангоми роҳравӣ кӯчаро рӯфта меравад ва ба ҳаракати мо халал мерасонад.

Беҳруз ҲУКУМАТОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh