Баробарҳуқуқии зану мард аз нигоҳи ҷомеа: Ки дар оила бештар роҳбар шуда метавонад, мард ва ё зан?

genders02

Новобаста аз оне, ки ҷомеаи муосири мо ҷомеаи дунявист ва дар он тамоюлҳои баробарҳуқуқии зан ва мард ба таври васеъ таблиғ карда мешавад, аммо то ҳол дар асл баробарҳуқуқӣ дар байни марду зан дида намешавад. 

Дар ин ҳол зикн кардан лозим аст, ки дар ҷомеаи мо баробарии гендерӣ, бояд бо дар назардошти арзишҳои миллӣ ва хусусиятҳои хосаи ҷомеаи мо амалӣ карда шавад.

Назари сокинон оид ба ин мавзӯъ дар як пурсиши анҷомдодаи хабарнигори Мактаби журналистика ҷамъ карда шуд. Назар мекунем ба ақидаҳои пешниҳод намудаи сокинони ш. Душанбе.

Усмон Миралиев 18 сола

- Дар оила ҳам зан ва ҳам мард роҳбар шуда метавонанд, агар байни онҳо якдигарфаҳмӣ бошад. Дар бисёре оилаҳо афзалият бештар ба писарон дода мешавад, ман фикр мекунам, ки ин амалӣ онҳо нодуруст аст, чунки зан ҳам монанди мард ҳуқуқҳои худро дорад.

Дар оянда ман фикр мекунам, агар ҳама арзишҳои зиндагиро марду зан фаҳманд, якдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд ки баъди якчанд сол ин гуна ақидахо шояд аз байн раванд.

Асрор Мадаминов, 21 сола

- Дар оила ки роҳбар шуда метавонад, албатте ки мард, чунки мард бисёртар кор мекунад, пул меёбад. Дар табиат ҳам ҳамин хел, мард роҳбари оила мебошад.

Ақидаҳое ки ҷои зан дар ошхона ва ҷои мард дар кор аст, ин  ақидаҳо нодуруст аст. Барои он ки дар бисёр тарабхонаҳо ва ошхонаҳо ошпазҳо мард ҳастанд.

Шаҳром Мирзоев, 20 сола

- Аз нигоҳи ман чи хеле, ки гузаштаҳо мегуфтанд “зан вазири мард аст”. Ин маънои он дорард, ки бе зан мард роҳбари карда наметавонад. Дар ҷомеаи ҳардуи онҳо баробар мебошанд.

Мо афзалиятро дар оилаи худамон бештар ба духтарон медиҳем. Ин гуна рафтор дар оилаи мо ҳавасмандии ҳар як шахсро, яъне ҳам мурду ҳам занро муҳайё месозад.

Оид ба ақидаҳое, ки ҷои зан дар ошхона ва ҷои мард дар кор, фикри ман чунин аст, ки ин гуна гуфторҳо имрӯзҳо каме ғалат мебошанд, чунки ин ақидаҳо барои гузаштагони мо хос буданд. Аммо ҳозир ҷумҳурии мо, ҷумҳурии демократӣ аст, аз ин лиҳоз ҳам зан, ҳам мард кор карда ва хондан метавонад.

Шахина Шаимова, 25 сола

- Ман фикр мекунам, ки дар оила бояд мард роҳбар бошад, барои он ки зан аз мард заифтар мебошад, барои ҳамин зан дар оила роҳбар шуда наметавонад.

- ақидаҳои ҷои зан дар ошхона, аз як тараф дуруст ва аз тарафи дигар нодуруст аст, чунки ҳар як шахс хоҳишҳо ва интизориҳо дорад. На ҳар кас мехоҳад дар ошхона тамоми зиндагиашро гузаронад, дар ин ҳолат гап дар бораи зан бештар меравад.

Умеда Ҷомиева, 22 сола

- Ба ақидаи ман дар оила бояд ҳамавақт мард сарвари оила бошад, вале бояд зану мард ҳарду ҳам баробарҳуқуқ бошанд. Бояд ҳамаи пастиву  баландии зиндагӣ бар души ҳар ду нафар бошад. На ин, ки бар души мард.

Сайҳуна Саидова, 23 сола

- Ба фикри ман ҳар ду нақши асосӣ мебозанд. Муҳим ҳамдигарфаҳмии эшон мебошад. Дар хусуси он, ки кадоме сардори оила бошад, аллбата  ки мард, чунки мард таъминкунандаи оила аст.

Бояд қайд намоем, ки нақши зан ҳам низ бузург ҳаст, зан ба шавҳари худ шахсе аст, ки ҳамеша ҳамроҳаш ва ҳамаи мушкилотро бо ҳам ҳал менамоянд.

Дар оилаи мо ҳам ба писар ва ҳам ба духтар афзалиятҳо баробаранд, чӣ дар хониш ва чӣ дар дигар масъалаҳо. Интихоб озод ҳаст. Падару модар ҳамеша дастгирӣ мо ҳастанд.

Аъзам Абдуллоев, 45 сол

- Ба фикри ман зан бояд роҳбар шавад. Барои он ки эшон тамоми кори хонаро иҷро мекунанд: мепазад, тамиз мекунад ва кӯдакҳоро нигоҳу бин мекунад.

Азиза Давлатова, 28 сол

- Дар оила бояд роҳбар кист ё худ истилоҳи роҳбарӣ набошад. Ҳамаи масъалаҳо бояд бо якдигарфаҳмӣ ҳал карда шаванд. Муҳим он аст ки вазифаҳоро хуб тақсим кардан мобайни ҳар ду. Аммо агар зан бар души худ роҳбариро гирад ин мардро паст мезанад ва ин хел оила бисёр давом намекунад.

Вале агар мард бошад роҳбар ва зан ӯро гӯш кунад, ин бохирадии занро нишон медиҳад ва ин оила устувор хохад буд. Мард табиатан зани на он қадар қавӣ иродаро меҷӯяд.

Искандар Каримов, 32 сола

- Ба фикри ман дар хона калон бояд мард бошад. Аз рӯи дин агар нигоҳ кунем, зан бисёр эҳсосотӣ мешавад. Лекин ин маънои онро надорад, ки мард чи коре хоҳад ҳамонро кунад, алал хусус занро напурсида, бояд ақидаи ӯро низ гӯш кунад.

Дар хонаи мо фарзандон ҳама якхеланд. Ман фикр мекунам, ки агар зан дар хона шишта кӯдакҳоро нигоҳу бин кунад хубтар аст. Мард бояд кор кунад. Аммо агар ҳар ду кор кунанд кӯдакҳо дар тарбияи кӯча мемонанд. Агар зан дар хона шинад фоидапаш бисёртар мебошад.

Имрӯзҳо каме замона дигар шуда истодааст. Дар як хел оилаҳо зан маҷбур аст, ки кор кунад, зеро якхел мардон кор намекунанд. Баъд рӯз аз рӯз зиндагӣ мушкил шуда истодааст. Ба фикрам шумораи занҳои кор мекардагӣ зиёд мешавад.

Ифтихор Юсупов, 20 сола

- Албатта, ба шароит вобаста аст. Вақте мешавад, ки фикру ақидаи мард болотар меистад, баъзе вақт аз они зан. Аммо мо мебинем, ки агар шавҳари зан вафот кардааст ё ин ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, зан худ сарвари оила мевашад.

Ҳамаи вазифаҳо бар души зан аст, чи аз ҷиҳати моддӣ, чи аз ҷиҳати маънавӣ. Баробарҳуқуқ ҳастанд зану мард, ҳам аз ҷиҳати қонунӣ, ҳам аз чиҳати динӣ.

Мо се писар ҳастем, аммо падару модарам мегӯянд, ки ҳамаи фарзанд ҷону ҷигаранд.

Баъзе вақт мешавад, ки зан аз мард ӯҳдабаротар аст, баъзе вақт мешавад, ки мард вафот мекунад ва ӯ ҳама корҳоро ба ӯҳдааш мегирад ва иҷро мекунад. Кӯдак нигоҳубин мекунад, дар ошхона пухту паз мекунад.

Махсума Қодирова, 33 сола

- Сардори оила бояд мард шавад, чунки мард бояд саркори хона бошад, хонаро идора кунад, фарзандонро дар чаҳорчӯбаи хуб дарорад. Зан аз ӯҳдаи ин корҳо намебарояд.

Мо дар оила афзалиятро бештар ба писарон дода медиҳем, чунки духтарон шавҳар мекунанд ва онҳоро шавҳарашон нигоҳубин мекунанд, зиндагиашонро пеш мебаранд.

Писар бояд худаш зиндагиашро пеш барад, кор кунад, оилашро хӯронад.

Марҷона ҚУРБОНОВА

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh