Зарари сигор ба ҷомеа, махсусан ба занон

zani-sogorkaw

Имрӯз мо мебинем, ки сигор ба ҳамаи аъзои ҷомеа, чи ҷавонон, чи пиронсолон ва ҳатто занон таъсири худро расонидааст.

Сигор асосан аз тамоку истеҳсол мешавад. Дар таркиби тамоку моддаҳои зарарнок, ки фақат таъсири манфӣ дорад, хеле зиёд дида мешавад. Олимон дар таркиби сигор, ғайр аз моддаи заҳрноки никотин, боз 200 моддаи зараровари дигар муайян кардаанд.

Бо вуҷуди ин ҳама зарарҳо боз ҳам мардум сигор мекашанд ва ҳамасола аз рӯи ҳисобот теъдоди сигоркашҳо зиёд шуда истодаасту кам не, аз он ҷумла байни занон.

Ба гуфтаи баъзе аз шахсон сигор асабониятро бартараф мекунад, аммо мутахассисони соҳаи тиб муайн намудаанд, ки сигор ба ҷои бартараф кардани асабоният якчанд ҳуҷайраҳои мағзи сарро нобуд мекунад, ки ин зарари калон ба организм мебошад.

Аммо имрӯз тамоман як табақаи латиф, яъне занон ба ин чизи зарарнок руй овардаанд, ки ба фоидаи ҷамъият нест.

Асосан занон ба ин моддаи зарарнок руй оварданашон гувоҳи он аст, ки мо яъне ҷамъияти моро як бемории хеле қавӣ забт кардааст. Вақте, ки зан сигор мекашад, зарари сигор ба насли вай ҳам мерасад. Агар ба насли зан зарар расад, аллакай ба ояндаи ҳамон мамлакат зарар расида истодааст, мугӯяд як сокини пойтахт Комрон Лутфуллоев.

Фарҳод Шокиров, мутахассиси соҳаи тандурустӣ қайд менамояд, ки сигор ба тамоми организм зарар дораду халос.

“Сигор тамоман ягон фоида ба оганизм надорад. Бисёр истеъмол кардани сигор ба касалии саратон оварда мерасонад.

Зарари дигари сигор ин аст, ки ба узвҳои ҳозима таъсири бад мерасонад, аз ҷумла ба ковокии даҳон, сурхрӯда ва меъда. Инчунин, шушро тамоман аз кор мемононад.

Сигор ба занони ҳомила тамоман тавсия дода намешавад, чунки зарараш агар ба зан намоён нашавад, албатта, ки дар наслаш зарараш мерасад. Фарзандони занони сигоркаш бисёрашон носолим ба дунё меоянд, ки якеаш пой надорад, дигаре хуб сухан гуфта наметавонад, дигаре бошад тамоман мурда таваллуд мешаванд”, иброз намуд ӯ.

Ҳамчунин Ф. Шокиров, мутахассиси соҳаи тандурустӣ илова намуд, ки сигор ба ғайр аз ин боз ба дандонҳо зарар дорад. Сигор ҳучайраҳои дандонро мекушад, агар ҳуҷайраҳои дандон нобуд шаванд, дандони мо бе қувват мешавард ва ба пусидан, рехтан шурӯъ мекунад.

Сигор асосан умри инсонро кам мекунад. Вақте, ки зан сигор мекашад дар рӯи зан ожангҳо пайдо мешавад, ки занро калонсол нишон медиҳад. Занони сигор каш дар 30-солагияшон, мисли занони 40 сола, дар 40-солагияшон мисли занони 50 сола, менамоянд.

Асосан ба зан сигор кашидан умуман мумкиин нест, натанҳо ба зан, инчунин ба мард ҳам, кашидани сигор тавсия дода намешавад.

Дар ҳамил ҳол, Юсуф Ифтихоров як сокини пойтахт мегӯяд, ки заноне, ки сигор мекашанд худ ба вабое гирифторанд, ки ҳам ба худ ва ҳам ба атрофиёнаш зарари калон мерасонанд.

“Имрӯз дар Тоҷикистон занони сигоркаш нисбат ба давлатҳои ҳамсоя кам аст, аммо дар давлатҳои хориҷ сатҳи занони сигоркаш бениҳоят зиёд аст. Оқибати сигоркаши бештар ба бемории саратони шуш оварда мерасонад.

Ман зид бар он ҳастам, ки занон сигор кашанд. Имрӯзҳо сигоркашӣ агар 50% аз рӯи одат  бошад, 50%–и дигар дар байни занҳо худнамоишдиҳӣ мебошад.

Ман намехоҳам ба зани сигоркаш рӯ ба рӯ шавам. Аз назари дини Ислом низ кашидани сигор чи ба мард, чи ба зан манъ аст. Аслан кашидани сигор рӯзаро мешиканад, аммо ба ин бисёриҳо бовар надоранд”, - гуфт Ю. Ифтихоров.

Ба ақидаи Шукрона Ҳафизова донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба духтар ва ё зан сигоркашӣ намезебад ва ӯ бояд аз сигоркашӣ даст кашад.

“Ман фикр мекунам сигоркашӣ зеби умуман духтар нест. Имрӯзҳо духтарҳо барои он ки тавваҷӯҳи писаронро ба худашон ҷалб кунанд, сигор мекашанд, аммо онҳо дар вақти хушҳолиашон намефаҳманд, ки сигоркашӣ ба саломатияшон зарари бениҳят калон мерасад.

Муҳаммад Шарифов  дигар сокини пойтахт ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Мактаби журналистика иброз намуд, ки сигоркашии зан пастии занро нишон медиҳад.

“Аз назари дини ҳам аз назари саломати ба зан тавсия дода нашудааст. Заноне, ки сигор мекашанд кӯдакони онҳо носолим ба дунё меоянд. Аз ин рӯ зан набояд сигор кашад, агар зӯраш ҳам ояд набояд сигор кашад”, - гуфт Муҳаммад.

Боз як сокини пойтахт Гулноза Шокирова ибрози ақида мекунад, ки бисёре аз занҳо бо сабаби танҳо будан дар зиндагӣ ба сигоркашӣ даст мезананд.

“Албатта зане, ки дар зиндагӣ танҳо аст, ба ҳама кор даст мезанад, алалхусус ба сигоркашӣ. Ин шояд аз вазбинии зиндагӣ бошад. Аз ин рӯ сабаби асосии ба сигор рӯй овардани занон ин ба фикри ман дар танҳоии онҳо мебошад”, - иброз намуд, сокини ш. Душанбе Г. Шокирова.

Бахтовар ҲОМИДОВ 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh