Барои чӣ дар Тоҷикистон амалиёти “аблава” кор бурда мешавад?

safi-hizmat

Барои чи дар ҷомеаи имрӯза “аблава”, яъне маҷбуран дастгир кардани ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ, кор бурда мешавад? Хабарнигори Мактаби журналистика доир ба ин савол пурсиш анҷом дод.

Ҳама сола ду маротиба даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ эълон карда мешавад, ки дар он ҷавон-мардони синну солашон аз 18 то 27 сола бояд даъват карда мешавад. Аммо дар ин давраи даъват амалиёти “аблава”, яъне маҷбуран дастгир кардани ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ кор бурда мешавад.

Хабарнигори Мактаби журналистика муайян намуд, чаро имрӯз дар ҷомеаи мо ин гуна амал пеш бурда мешавад. Ақидаи сокинони ш. Душанбе доир ба ин савол гуногунанд:

Баҳодур Шодиев, 32 сола

- Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ бархе аз ҷавонони зиёд ҳисси ватандӯстӣ надорад.

Баъд аз он дар ҷомеа ақидае ҳаст, ки дар онҷо нав-аскарро лату куб ва азоб медиҳанд, вале имрӯзҳо давлат шарту шароит омода кардааст, ки дар ин қисмҳои низоми тартиботхои махсус кор мекунад ва низомхои адолатхоҳона фаъолият мекунад.

Ман фикр мекунам, ки ҳисси ватандӯстӣ ва хизмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар вақти мактабхонӣ таълиму фаҳмонида шаванд. Бояд ҷавононро бурда ба мошину аслиҳаҳои ҳарбӣ барои завқманд кардан шиносонанд, пас аз хатми мактаб агар ҷавон ба якон мактаби олӣ дохил нашавад, ҳатман ба хизмати ҳарбӣ меравад.

Дар онҷо тозагӣ, хурду хӯрок ва сару либоси барои тобистон ва зимистон ҳаст. Агар ташкилоту созмонҳо дар ин масъала бо ҷавонон кор кунанд ва дарсҳои таълимӣ гузаронанд, дигар номи аблава аз забони мардум ба кули тоза мешавад.

Осим Самадов, 19 сола

- Шароитҳо дар сафи хизмати ҳарбӣ бисёр сахт ва бисёре аз командирҳои қисмҳои низомӣ нав-аскаронро азоб медиҳанд, аз зӯрии худ истифода мекунанд.

Ҷавонон аз ин тарсида ба хизмати ҳарбӣ рафтан намехоҳанд, агар шароити хуб фароҳам оранд хоҳиши рафтани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ зиёд мешавад.

Ман шахсан мехоҳам ба хизмати ҳарбӣ равам, аз як тараф тарси муомилоти бади командирҳо, аз тарафи дигар яккаписар буданам сарди роҳам мешавад. Ман албатта ба кафедраи ҳарбии донишгоҳ дохил шуда хизмати ватанро дар давоми таҳсили донишгоҳ адо мекунам.

Садриддин Сироҷов, 23 сола

- Ман намехоҳам ки ба хизмати ҳарбӣ равам, зеро дар онҷо баробарҳуқуқӣ дида намешавад. Мисол дар баробарҳуқуқӣ, писарони ягон шахсони сарватманд ба хизмат намераван.

Агар ҳамаи писарони сарватманду камбағал ба хизмат раванд, ман низ албатта ба хизмати ҳарбӣ рафта, аз самими қалби ҷавониям хизмати ватани азизи худро адо мекунам.

Сабаби аз “аблава” гурехтани чавонон ба фикри ман ҳамин шуда метавонад. Мардум гумон мекунад, ки аз сахтгирии командирон ва дар сатҳи паст будани шароити ҳарбӣ пеши роҳи ҷавононро мегирад, аммо мард аз хунукию лату куб барои ватан набояд тарсад.

Фируз Хайрулоев, 20 сола

- Агар мӯҳлати хизмати ҳарбиро кам кунанд, ба мӯҳлати як сол фикр мекунам ҷавонон бештар ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Дар тули ду соли хизмат, дурии модару падар, зану фарзанд барои ҷавон бисёр сахт ба анҷом мерасад.

Баъзан тоқати ҷавонон тоқ мешаваду аз хизмати ҳарбӣ гурехтанӣ мешавад. Ман ҳам ба аскари рафтани ҳастам, аммо дурии ёру рафиқон, падару модар ва инчунин дӯстдоштаамро таҳаммул надорам.

Меҳроб Ҷумъаев, 23 сола

- Бисёри ҷавонон аз аблава гурехта ба Федератсияи Россия мераванд. Баъзе аз онҳо ба мактабхои олӣ дохил мешаванд. Ҷавонон ба ҷои хизмати ҳарбиро ба ҷо овардан мегурезанд, чунки онҳо савияи дониши паст доранду ҳисси ватандӯсти дар онҳо ба дараҷаи паст рафта расидааст.

Барои бедор кардани ҳисси ватандӯстии онҳо мебояд аз рӯзҳои аввали ба мактаби миёна рафтанашон, мебояд ҳиссиёти ватандӯстии онҳоро бедор кард.

Нисбати ватану миллат кӯдакро бояд ғамхор тарбия кард ва баъди оне, ки кӯдакон дар чунин муҳит калон мешаванд, дар оянда дар синни ҷавонӣ бо хоҳиши худашон барои адои қарзи шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд.

Салоҳиддини Асомиддин, 21 сола

- Барои он ҷавонон намехоҳанд ба аскари раванд, ки дар аскари бо хоҳиши худашон гаштугузор карда наметавонанд, сабаби аз “аблава” гурехтан ҳамин аст.

Мисол, мехоҳи ки бо либосҳои канда ишками гурусна ва зери мушту лағат тули ду соли умратро сипари кунӣ ё бо шиками сер либоси тоза ва бе мушту лагат?!

Раҷабмаҳмад Ғуломов, 27 сола

- Сабаби ба аскари нарафтани ҷавонон дар он аст, ки ҷавонон ақида доранд, ки дар хизмат бисёр машақат медиҳанд, онҳоро лату куб мекунанд. Барои ҳамин ҷавонон аз он ҷо рафтан метарсанд.

Дар асл ин хел нест хизмат як мактаби ҷавонмардист. Сабаби ба кор бурдани “аблава” дар ҷумҳурӣ ин сатҳи паст будани маърифати ҷавонон аст, ки ба хизмат намераванд.

Коркунони мақомоти ҳарбӣ бошанд аз сабаби ба иҷро нарасонидани нақшаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ амалиёт бо номи “аблава”ро ташкил мекунанд.

Ба ҷавонон ба воситаи ахбори умум фаҳмонидан даркор аст, ки айни ҳол шароити хизмат хеле хуб аст, онҳоро дар он ҷо касе озор намедиҳад.

Гарчанде дар даврони Шӯравӣ “аблава” вуҷуд надошта бошад ҳам, аммо ҷавонон ба хоҳиши худ рафта қарзи шаҳрвандии худро адо мекардан, писаре ки ба аскари намерафт мардум фикр мекарданд ӯ ба беморие гирифтор аст ва ба ӯ баъзан духтарро барои ба ҳамсари қабул карданаш намедоданд.

Меҳтоҷ СИРОҶОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh