Омили ифлосшавии кӯчаҳои шаҳр аз партовҳои пластикӣ ва маишӣ дар чист?

iflos01

Нисбати солҳои гузашта Ҳукумати ш. Душанбе баҳри тозаю покиза нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт чораҳои зарури андешида дида шуда истода боашад ҳам, вале вуҷуд набудани қуттуҳои хурди партовпартоӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ва роҳраҳро сокинонро ба ташвиш овардааст, чунки аз набудани чунин қуттиҳо сокинон маҷбур ҳастанд, ки партовҳои пластикию маишии худро дар кӯчаву хиёбонҳо, маҳаллаҳо ва роҳравҳо партоянд. 

Дар ҳамин ҳол, ба қавли бархе аз сокинони дигар, кам масъулиятии сохторҳои коммуналӣ боиси он гардидааст, ки бисёре аз қуттуҳо ҳамеша пур партов, аз сабаби сари вақт тоза накардан ва ё ҷойи қутти холӣ, яъне набудани қуттиҳои дохилии ғундорӣ, боиси нигаронии сокинон низ гаштааст. Чунин ҳолат боис шудааст, афродон партови хурди маишӣ ва ё пластики худро на дар қуттиҳои махсуси партов напартофта, балки дар атроф мепартоянд, ки боиси коҳиши ҳусни кӯчаю хиёбон ва роҳгард мегардад.

Хабарнигори Мактаби журналистика байни сокинони пойтахт пурсиш анҷом дод, то ки муайян созад, кадом омил боиси ифлосшавии кӯчаҳои шаҳр аз партовҳои пластикӣ ва маишӣ мегардад.

Мунира, муррабияи боғча

- Имрӯзҳо натанҳо партовҳои хурди платстикӣ ва маишӣ кӯчаҳои шаҳрро пур аз партоф намудааст, балки партовҳои маишии калони шаҳрвандон. Чунки бисёре аз нафарони калон ба кӯдакҳо мегӯяд, ки партовҳои худро рафта партоянд ва онҳо он партовҳоро дар ҷойҳои муайян напартофта дар дилхоҳ ҷой партови худро мепартоянд. Мисол, ҳамин ҳолат дар қафои боғчаи мо ба чашм мерасад.

Сабаби дигар ин кам будани қуттиҳои ҳам калон ва ҳам хурд мебошад. Мисол дигар, ҳудуди мо танҳо як ҷойи партовҷамъкунӣ вуҷуд дораду пас.

Мунис, сокини пойтахт

- Ин мушкили шаҳри моро аллакай чандин солҳо ҳамроҳи мекунад. Бояд Ҳукумат ба экология шаҳр, махсусан ба ҳифзи муҳити зист аҳамияти калон бидиҳад, чунки ғайр аз кӯчаҳои протоколӣ дигар дар ягон кӯчаю хиёбон ва маҳалла қуттиҳои хурди партофҷамъкунӣ умуман дида намешад.

Аз ҳамин сабаб сокинон дар куҷое, ки хоҳанд дар ҳамон ҷой партофи хурди худро мепартоянд. Дар худи хиёбони Рӯдакӣ ҳамин гуна партофҳои зиёд дида намешавад, онро танҳо дар маркази хиёбон, ки маркази шаҳр ҳисоб меёбад дида мешавад.

iflos02

Сабоҳат, сармуррабия боғча

- Ман як рӯз бо набераҳоям дар гашту гузор будем дар кӯчаи С.Шерозӣ (маҳаллаи “Сирк”) ду набераи баъд аз хӯрдани яхмос хостанд, партови онро партоянд, вале онҳо қуттии партовро ёфта натавонистам, чунки қуттӣ набуд ва аз ман пурсидан ки партовро дар қуҷо партоем.

Ман гуфтам, ки дар дасти худ нигаҳ доред, дар хона рафта дар қуттии партови худ мепартоем. Вале, инҷо гап дар сари он меравад, ки ман чунин кирдорро ба набераҳоям фаҳмондам, ки онҳо партофро дар кӯча напартоянд, вале ҳастанд шахсони калонсол ки худ ин гуна партовҳоро дидаю дониста дар кӯча дар дилхоҳ ҷой мепартоянд, масалан пӯҷоқи офтобпарастро.

Масъулони соҳаи коммуналии шаҳр ва ҳифзи муҳити зисти шаҳрро мебоист, ки ба чунин мушкилиҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва дар ҷойҳои сер одам бисёртар қуттиҳои партовҷамъкунии хурдро таъмин намоянд.

Гулбаҳор, муаллимаи мактаб

- Қуттиҳо вуҷуд дошта бошанд ҳам, сокинон партофи худро дар дилхоҳ ҷой мепартоянд. Хоҳ онҷо роҳрав бошад, роҳи автомобил, пиёдагузар, дар ҳудудҳои кабудизор, кӯчаю хиёбонҳо ва ғайраҳо.

Ифлосшавии кӯчаҳо роҳравҳо аз маданияти одам низ вобастигӣ дорад. Бисёре нафарон қадри меҳнати кормандони соҳаи коммуналиро надоранд ва чунин ақида доранд, ки онҳо вазифадоранд, ки партофи онҳоро сохторҳои коммуналӣ тоза намоянд.

Вале, қайд кардан зарур аст, ки дар пойтахт ҳақиқатан қуттиҳои партовҷамъкунии хурд кам дида мешавад. Умед бар он дорем, ки солҳои оянда ин мушкили бартараф карда мешавад.

Алиҷон, сокини пойтахт.

- Аслан ифлос шудани кӯчаҳо ин аз сабаби кам будани қуттиҳои партов аст. Инчунин беаҳамиятии одамон, махсусан наврасон мебошад. Калонсолон ҳеҷ гоҳ дар руйи Замин партоф намепартоянд, қоидаро медонанд.

iflos03

Барои ҳалли мушкилоти ичтимои пойтахт шаҳрдорӣ сомонаеро таҳти унвони «Мо метавонем!» роҳандозӣ намуд, то ки сокинонони шаҳр дархосту шикояти худро оид ба масъалаҳои коммуналӣ ба Ҳукумати шаҳри Душанбе арзёбӣ кунанд.

Алиҷони СУБҲОН 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh