Бекор гаштани ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза ва сабабҳои он

javonon-kor

Дар ҷомеаи имрӯза як масъалае, ки тамоми ҷавонону наврасонро фаро мегирад, ин бекорагардӣ ва оворагардии насли наврасу ҷавонон аст.

Бисёр гуфтаҳое байни шаҳрвандон арзи вуҷуд доранд, ки дар ҷумҳурӣ ҷои кор нест, вале то чи андоза гуфтаҳо дуруст аст? Вале, ба ақидаи бисёре аз сокинон ва мутахассисони кордон, мутахассиси воқеан соҳибмаълумоту таҷрибадор ҳеҷ гоҳ дар кӯча намемонад. 

Хабарнигори Мактаби журналистика пайгирии ин савол шуд ва байни сокинони ш. Душанбе дар ин мавзӯъ пурсиш анҷом дод.

Абубакр, 24 сола

- Яке аз сабабҳои бекор гаштани ҷавонон дар он мебошад, ки ҷавонон маълумоти олӣ доранд, аммо дар  ҳолате, ки ба корҳои давлатӣ ҷалб мешаванд, музди меҳнатро паст мегӯянду аз кори давлатӣ даст мекашанд. Ин боиси он мегардад, ки ҷавонон ба ҳар гуна корҳои кӯчагӣ даст мезананд.

Ҳусейн, 22 сола

- Қисми зиёди ҷавонон дар ҳолате, ки ба бекор гардиву оворагарди машғул мешаванд, дар сари онҳо фикрҳои гуногун пайдо мешавад. Ин боиси он мегардад, ки онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифродгароӣ шомил гарданд.

Дар замони имрӯза қисми зиёди ҷаваонони мо барои кору фаолият ба давлатҳои хориҷа сафар мекунанд. Дар инҷо саволе ба миён меояд ки чи гуна ҷавонон ба давлатҳои хориҷа сафар мекунанд?  

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти ҷавононе, ки ба хориҷа сафар мекунанд саводи кофӣ надороанд. Камсаводии онҳо боиси он мегардад, ки ҳар гуна шахсон аз ҳолати руҳонии онҳо истифода бурда, онҳоро ба гурӯҳҳои ифродгароӣ ҷалб менамоянд.

Сабаби дигари даст ба ифродгароӣ задании ҷавонон, аз меъёр зиёд истифода бурдан сомонаҳои интернетӣ мебошад. Аз сабаби оне, ки қисми зиёди ҷавонони мо саводи кофии дини надоранд гурӯҳҳои ифротӣ аз ин истифода бурда онҳоро дар аввал ба хурофотпарастӣ тарғиб менамоянд ва баъдан ба ҳар гуна корҳои ифротгароӣ ҷалб менамоянд.

Ӯктамҷон, 19 сола

- Сабаби бекор гаштани ҷавонон ин истифодаи зиёди шабакаҳо ичтимоӣ, ба монанди «Одноклассники» «Viber» «WhatsApp» мебошад. Барои  онки мо аз сомонаю шабакаҳои интернети истифода барем, бояд бастаҳои интернетиро харидорӣ кунем. Барои харидорӣ намудани бастаҳои интернетӣ ба мо пул лозим аст. Барои ба даст овардани пули муфт ҷавонон ба ҳар гуна корҳои ношоиста даст мезананд.

Абдухалил, 24 сола

- Ба бекор гаштани ҷавонон, аксар вақт худи онҳо гунаҳгор мебошанд. Дар ҳолате, ки онҳо дар донишгоҳҳо таҳсил менамоянд, онҳо ба бепарвоӣ, майл мекунанд. Баъди хатми донишгоҳ вақте, ки ба сари онҳо мушкилиҳои зиндагӣ меояд, онҳо ба ҳар гуна корҳои ношоиста даст мезананд ё ин ки ба бекоргардӣ машғул шуда, ба қавле худро аз танқиди хонавода барканор эҳсос менамоянд.

Илҳом, 25 сола

- Агар чанде аз ҷавонони имрӯза маълумоти олӣ доранд, аммо дар донишгоҳ ба таври бояду шояд таҳсил намекунанд ва нозукиҳои касбе, ки  интихоб кардан аз худ наменамоянд ва дар оянда наметавонанд, ки дар ихтисоси интихоб кардаи худ  хуб кор кунанд.

Ин сабаби он мегардад, ки қисми зиёди ҷавонони мо агар чанде маълумоти олӣ доранд, ҷои кор ёфта наметавонанд, яъне онҳо аз кор кардан дар муасиссаҳои давлатӣ аз худ шарм мекунанд.

Аз сабаби оне, ки дар онҷо мутахассисони аз онҳо беҳтар вуҷуд доранд ва кор мекунанд, дар ҳолате, ки онҳо корро ба таври хуб анҷом дода наметавонанд, аз ин шарм менамоянд ва ин яке аз сабабҳои бекор гаштани онҳо мебошад.

Сабаби дигари бекор гаштани ҷавонон дар он мебошад, ки онҳо дар муассисаҳои олӣ бо дастгирии ягон нафар таҳсил менамоянд, аммо баъд аз хатми донишгоҳ касе нест, ки ба онҳо кӯмак расонад.

Изатулло, 28 сола

- Дар ҷомеаи имрӯза аксарияти ҷавононе, ки макотибҳои олиро хатм намудаанд, фақат, як сабабро пеш меоранд, ки ҷои корн нест. Вале ҳаминро бояд гуфт, ки барои мутахассиси асил он нафаре, ки дар ҳақиқат дар макотиби олӣ ҳамон ихтисосе, ки ӯ таҳсил намудааст ба хуби медонад.

Имрӯз ҳамаи соҳаҳо ниёз доранд ба кадри асил, ба мутахасиси асил, ки битавонад ҳамон соҳаи худро пеш барад. Аммо аксарияти он нафароне, ки макотибҳои олиро хатм намудаанд, аз сабаби аз худ накардани нозукиҳои касби худ, имрӯзҳо баҳона меоранд, ки ҷои кор нест.

Агар ҳисоботҳои омориро назар кунед, мебинед, ки аксарияти ҷойи кори холи зиёданд. Дар шароите, ки мову шумо умр ба сар бурда истодаем, давлату ҳукумат кӯшиш намуда истодааст, ки бо бунёди як қатор иншоотҳои гуногун ва корхонаҳои хурду бузурги истеҳсоли ҷойҳои нави кориро муҳайё бисозанд.

Азамат ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh