Манъ намудани рафтани наврасони то синни 18 сола ба масҷидҳо дуруст аст?

deti-majid

Мувофиқи Қонуни Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (аз ҷумла манъ намудани рафтани наврасони то синни 18 сола ба масҷидҳо), бархе аз масъалаҳои мухим дар бораи таълими фарзандон аз ҷониби волидайн мадди назар гирифта шудаанд.

Оид ба ин мавзӯъ хабарнигорони Мактаби журналистика ба сокинони пойтахт ва ҳуқуқшиносон пурсиш анҷом дод, то андешаашонро оид ба ин мавзӯъ дақиқтару пурратар кунад.

Қосим Абдураҳмонов, 58 сола

- Сабаби баровардани чунин Қонун дар он аст, ки агар имрӯз наврасон ба масҷидҳо раванд ба Ислом сахт дода мешаванд, дилбастагӣ пайдо мекунанд  ва дар натиҷа шахсони ифротгаро аз камтаҷрибагии онҳо истифода бурда ба гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ ҷалб мекунанд.

Баъдан ба давлати бо ном “Давлати исломӣ» мефиристанд, ба роҳи гӯё “ҷиҳод” онҳоро даъват мекунанд, чунки наврасон ҳоло саводи кофии чи диниву, чи дунявӣ надоранд ва онҳоро аз номи Ислом ба куштору хунрезӣ, махсусан ба корҳои пур аз фиску фасод равона мекунанд.

Ҳанифамоҳ Эшонова, 55 сола

- Шукр, ки масҷидҳои мо ҳоло аз унсурҳои бегона дур мебошанд. Имрӯз масҷидҳо ба наврасону ҷавонон ҳеҷ хатаре надорад. Хайр агар Қонун баромада бошад, пас онро риоя кардан лозим аст.

Моро фақат риоя кардан мебояду бас, агар дар асл гирем ҷавонони дур аз Ватан буда бештар ба гурӯҳҳои ифротгароӣ дохил мешаванд. Дар ҷойҳои бегона фикри онҳоро медузданд, водор ба роҳҳои баду хатарнок мекунанд.

Умар Исмоилов, 45 сола

- Шахсан ман ин Қонунро дастгирӣ мекуеам, аммо ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон дар ҷои аввал меистад, агар фарзандонамон то синни 18 солагӣ ба масҷид нараванд, аз ҳайёти дигарон чизи хуберо наомӯзанд, пасон барои тарбияи онҳо мо чи кор карда метавонем?

Наврасон бояд аз хурди ба масҷид раванд ва дар натиҷа одобу тамиз, гуфтору кирдор, ахлоҷи ҳамидаи инсонии онҳо дар руҳияи хеле олӣ инкишоф меёбад.

Масҷид ҷои ҷамъиятиест. Агар мо ба онҷо хубтар нигоҳ кунем баъди рӯзи корӣ мо метавонем аз шахсони оддӣ сар карда, то шахсони дахлдори ҳукуматиро мебинем, яъне аз ҳамаи қишри ҷомеа.

Пас шахсони гаразнок чи гуна метавонанд дар ҳузури ин қадар одамон ҷавононро тарғибу ташвиқ ба амалҳои зишти инсонӣ ва ақидаҳои гаразнокашон намоянд.

Ҳамаи имом-хатибҳо аз тарафи Ҳукумат таъин карда мешаванд, дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд. Масҷид ҷои таълиму тарбия аст ва як мактабест пур аз дарси адаб, хусусан барои наврасону ҷавонон.

Фируза Умарова, 33 сола

- Шояд манъи чунин кор дар он бошад, ки онҳо то синни 18-солагӣ дониши мукаммал, фаҳмишӣ амиқ надоранд ва боз вобаста ба он аст, ки диндорон ба онҳо ба таври бояду шояд маълумотеро ба онҳо медиҳанд.

Бояд онҳо чунон фаҳмонда тавонанд, ки шунавандаи он ба нофаҳмӣ рӯ ба рӯ нашавад, балки аз он чизе гирифта дар пайи ҷустуҷӯи илм шавад, яъне наврас то кадом андоза тарзи қабули ин суханонро дорад

Давлаталӣ Тешабоев, 50 сола

- Масҷид фаҷат ҷои ибодат ва тарбияи дуруст аст, на инки ҷой барои ташвиқот. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки маҳз роҳи ҷалби ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро масҷид аст, вале ин фикр куллан хато аст.

Дар масҷид одобу тамизи инсонӣ, қадру қиммати волидайн, эҳтироми хешу табор, калонсолон ва дигар кирдорҳои некро ба наврасон таълим дода, дониши нав меомӯзонад.

Марям Убайдуллоева, 21 сола

- Ба фикри ман манъ карданашон дуруст аст, чунки дар он ҳолат наврас омода ба мустақилият нест ва метавон бо якчанд суханони пухта, фикри онҳоро тағйир дод.

То он вақт ки кӯдакону наврасон огаҳӣ аз чизҳоеро, ки ба онҳо зарур аст надонанд, онҳо наметавонанд ба масҷид бираванд, чунки онҳо ҳоло омода нестанд.

Амонуллоҳ Фақиров, 45 сола

- Фарз кардем, ки наврасонро нагузоштем, ки ба масҷид бираванд. Наврас бекор, ки монд дигар ба куҷо ҳам мераванд? Албатта, ба ҷойҳои дилхушӣ мераванд, бо нафарони бад якҷоя мешавад ва дар натиҷа даст ба нӯшидани машрубот мезананд, бероҳа мешаванд. Аз доираи қонуниятҳои инсонӣ берун мебароянд.

Имрӯз бисёр наврасон кордзаниву хунрезӣ мекунанд, ки аз фармудаҳои “Ҳақ таъоло” бехабаранд. Дар дигар ҳолат инсон дар назди онҳо як чизи беарзиш ба ҳисоб меравад.

Шоҳин Аҳроров, 28 сола

- Имрӯзҳо шахсоне пайдо шудаанд, ки аз номи Ислом ғаразҳои шахсии худро бароварда мекунанд. Ба фикрам ин Қонун дуруст аст, аммо ҳангоме, ки наврас 18-сола шуд шуури ӯ ба куллӣ вобаста ба оне, ки чи ӯро иҳота кардааст тағйир меёбад.

Аммо бисёр ҷиноятҳо аз тарафи наврасони то синни 18 сола сурат  мегирад. Агар мо сари вақт пеши роҳи онҳоро гирем, аз ин роҳҳо баргардонидани онҳо осон мегардад.

Муродҷон Акмалов, 80 сола

- Қонун аз тарафи қонунгузорон аст, мо зид нестем. Ба ақидаи ман чи ҷавон, чи пир ҳуқуқи озоди интихоби дин ва парастиши онро доранд. Вақте, ки инсон дохили масҷид мешавад, мисли кӯдаки нав таваллуд шуда, аз гуноҳ пок мешавад.

Аз сигоркашиву авбошӣ, нашъамандиву бероҳагӣ дур мешавад. Фикр мекунам, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо барои мардум ҳама шароитҳо муҳайёст. Онҳо озоданд. Бисёр ҷавонони имрӯза аз нофаҳмӣ ба ҳар роҳ мераванд.

Агар имом-хатиб дар амру маъруфи худ чизҳои ба онҳо заруриро фаҳмонад, ки инаш дуруст, инаш нодуруст аст, фикр мекунам, ягон амале бад аз тарафи наврасону ҷавонон дида нахоҳад шуд.

Бобониёз Оқилов, 78 сола

- Қонун баромадааст мо розӣ, аммо наврасонро аз хурди тарбия кардан лозим аст. Онҳоро аз сахтиву сустӣ, пастиву баландии зиндагӣ огоҳ кунем, ана дар он вақт инсони комил мешаванд.

Аз ду мӯйсафеди синну солашон ба якҷое расида, аз таҷрибаи чандинсолаи онҳо баҳрае бигиранд хело хуб мешавад, барои тарбияи онҳо.

Пас дар ин ҳолат диди онҳо ба ҳама кас ё чиз дигар мешавад, нафрат ба муҳаббат, кина ба меҳр табдил меёбад.

Ифтихор ЮСУПОВ

 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh