Нигоҳи сокинони пойтахт ба зан чун роҳбари сиёсӣ

bezymyannyy

Зан дар ҳайёти сиёсии кишвар чун сиёсатмадори ноӯҳдабарор аст? Ва ё айбро дар муҳити номусоид бояд ҷуст? Хабарнигори Мактаби журналистика пайрави ин савол шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёдеро андешидааст. Фармони Президенти ҷумҳурӣ Э. Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” боиси мустаҳкам гардонидани заминаи ҳуқуқии ин масъала, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии занон ва ниҳоятан таьмини иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат гардидааст.

Вале новобаста аз ташаббускориҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷода, то чи андоза  худи ҷомеа омодааст, ки дар симои зан як сиёсатмадоро эьтироф намояд? Қабули зан-роҳбар аз тарафи аҳли ҷомеа дар асли ҳол чи тавр аст? Оё ба зан чун як сиёсатмадор ҷомеа эътимод дорад ё на?

Доир ба ин хабарнигори Мактаби журналистика назари сокинони пойтахтро ҷамъ намуд. Посухи сокинон ба ин суолҳо чунинанд.

Фарид Эшонов, духтур - интерн, 25 сола

Чанд сол пешро агар ба ёд орем, занҳо фақат дар вазифаҳои дуюм дараҷа кору фаъолият мекарданд. Валекин тамоюлҳои солҳои охир ва тараққиёти замона аз он шаҳодат медиҳанд, ки занҳо як қувваи ҷудонопазири ҷомеаи сиёсии имрӯза маҳсуб мешаванд.

Бингаред, арсаи ҷаҳониро, то ҳатто президентҳои бисёр давлатҳо занҳо ҳастанд. Албатта, ки зан роҳбари сиёсӣ шуда метавонад ва ба фикри шахсии худам баъзе аз вазифаҳои давлатиро зан хубтар ба сомон расонида метавонад.

Ҷомеаи имрӯзаи мо қобили қабул надоранд, ки занро чун роҳбари сиёсӣ дар ҳайёти сиёсии давлатӣ бипазиранд. Ҷомеаи мо чандин сол аст, ки тарафдори он ақида хастанд, ки зан бояд дар хона шинад ва кӯдаконро тарбия кунад.

Дигар мушкилие, ки рӯи кор меояд он аст, ки гар зан музди меҳнати зиёд нисбат ба мард гирад, дар ин ҳолат мард пеши зан забонкӯтоҳ мегардад, аммо шахсан фикр мекунам, ки ин гуфтаҳо бояд иваз шаванд.

Фикр мекунам, ки баъди 15 сол иштироки зану мард дар роҳбарии сиёсӣ ба 50 ба 50 фисад мерасад. Мисоли занҳое, ки роҳбари сиёсиянд зиёд аст ва онҳо бомуваффақияти беназир вазифаи худро иҷро мекунанд. Вале бояд дар духтарон тарбия кардани сифатҳои роҳбарӣ қисми зарурии таълими мактабӣ шавад, то ки дар оянда онҳо тавонанд дар рафти қабули қарорҳо иштирок карда, занҳои тоҷикро дар ин самт намояндагӣ кунанд.

Моҳсанам Маҳмадалиева, донишҷӯи ДМТ, 23 сола

- Зан метавонад чун роҳбари сиёсӣ дар ҷомеаи мо кору фаъолият барад, мисол, ба мисли Хайриниссо Мавлонова зане, ки дар баробари мардон кору фаъолияти сиёсии худро пеш бурда истодааст.

Ба мисли он кас имрӯзҳо ҳазорон духтарон кӯшишу ғайрат доранд, то ба ин мартабахо бирасанд. Дар ҷомеи муосири имрӯза, занон низ аз ҳуқуқҳои худ васеъ истифода бурда дар қатори мардон дар ҳайёту фаъолияти сиёсии ҷомеа фаъолона иштирок карда истодаанд.

Зан дар баробари модар будан имрӯз пешбарандаи ҳайёти сиёсии ҷомеа низ хаст, ки асоси ин дар зиёд гардидани шумораи духтарон барои таҳсил дар мактабҳои олӣ буда метавонад.

Солҳои охир ман шоҳиди он гаштам, ки духтарони деҳот тариқи квотаҳои давлатӣ ба донишгоҳҳо дохил гашта истодаанд, ки назар ба солҳои охир хело пешсафанд ва шумораи занони коркун дар мақомотҳои давлатӣ қариб, ки баробари мардон мушоҳида мегардад, зеро зан судя, зан ҳамшираи шавқат, зан муаллима, зан роҳбари корхона, зан директори мактаб бараъло намоён мешавад. 

Ин нишондиҳандаи он мебошад, ки зан ҳамчун роҳбари сиёсӣ дар ҷомеи мо буда метавонад.

Абдусалом Рабихов, ҳамоҳангсози ихтиёриони ТҶ «Ҳамсол ба ҳамсол»,  20 сола

-  Аз нуқтаи назари ман ин савол нодуруст аст, чунки ҳатто пурсиши ин суол аз сокинон аллакай аз он шаҳодат медиҳад, ки мо нисбати занон табъиз раво мебинем. 

Ба фикри ман, сиёсатмадор ҳамчун духтур «ҷинс» надорад. Мисоли ин шуда метавонад хар як оилае, ки дар он гар зан сарвар ҳам набошад, асоси босуботии оила ҳисобида мешавад.

Дар навбати худ давлат ин «оилаи калон» мебошад. Ман фикр мекунам, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳатто занҳо роҳи беҳтари ҳалли масъаларо нисбат ба мардон ёфта метавонанд.

Бояд қайд намуд, ки сиёсатмадорон гуногун шуда метавонанд ва маҳакҳои муайяне вуҷуд надоранд, ки мо гӯем зан –сиёсатмадор бояд ҷавобгӯи чунин стандартхо бошад ё дорандаи чунин хислатҳо.

Нуқтаи дигари муҳим он аст, ки мо набояд гӯем, зан сиёсатмадор бояд чунин ё чунон бошад, зеро ҳар як сиёсатмадор бо хислатҳои инфиродӣ худи ӯ таалуқдошта аз дигарон фарқ мекунад.

Олим Шукуров, муаллими забони англисӣ, 25 сола  

- Ба фикри ман дар ҷомеаи мо дар замони муосир ба ҷинси сиёсатмадор кам аҳамият дода, бештар дар фикри онанд, ки роҳбарон ӯҳдабарори масъулияти бар душ дошта ҳастанд ё на.

Олимҷон Бахталиев, донишҷӯи ДМТ, 23 сола

- Ман ба ин масоил нигоҳи мусбат дорам. Фикр мекунам, ки иштироки занон дар ҳайёти сиёсии кишвар дар як ҷомеаи дунявӣ муҳим аст, лекин мушкилӣ дар ҷомеаи мо он аст, ки ҳукумат ба ин масоил манфиатдор нест ва бартарият ҳам ба он намедиҳад. Аз ҳама мушкилӣ он аст, ки овози занон шунида намешавад.

Ман мутмаинам, ки гар сафи занон дар ҳайёти сиёсӣ зиёд шавад, овози онҳо шунида хоҳад шуд ва баробарии гендерӣ ба як мувозинат хоҳад расид.

Аммо мушкилии дигар дар он аст, ки дар ҳайёти сиёсӣ бештар мақоми мард, ки мустаҳкам гардидааст, аз ин рӯ иштироки зан таҳти суол гузошта мешавад.

Мардон намехоҳанд, ки мақоми худро ба занон диҳанд, зеро аз нуқтаи назари “менталитет” барои мардони ҷомеаи мо ин номумкин аст. Дигар мушкилӣ ин аст, ки имконияти даромади занон ба ҳайёти сиёсӣ хеле кам аст.

Дориюш Солиев, донишҷӯи ДМТ, 21 сола  

-  Зан роҳбари сиёсӣ шуда метавонад, вале ҷомеа инро қабул намекунад, барои он ки дар давоми солҳои тулонӣ ҷомеаи мо дар пайрави арзишҳои исломӣ ва патриархалӣ буд. Агар занони сиёсатмадор дастгирӣ хам шаванд, танҳо аз ҷониби гурӯҳи муайяни ҷомеа, ки ба қобилияти пешвоии зан боварӣ доранд.

Аммо аксарият, ҳоло баҳри эътирофи ин падида омода нестанд. Сабабҳо якчанданд. Сараввал чуноне, ки қайд кардам, ки ин ба тартиботи аъанавии кӯҳнапарастии патриархалӣ ва ҷудо намудани нақши иҷтимоии зану мард, ки дар навбати худ бо арзишҳо мустаҳкам гардидаанд вобастагӣ дорад.

Шарбону Ҳусейновна, сокини пойтахт, 47 сола

- Афсӯс, ки дар ҷомеаи мо ин падида нағз қабул намешавад. Ба ҳамаи ин урфу одат ва анъанаҳои чандинасра дар тафаккури мардум ҷой гирифта халал мерасонад. Омили дигар ин таъсири динӣ мебошад. Мо бояд ба насли наврас аз мактабу боғча вобаста ба қабули ин масъала кор барем. 

Сабоҳат Раҳимзода, номзади илми таърих, 42 сола

- Боиси хурсандист, ки шумораи занон дар парлумон ба 19 % расидааст. Баробарии гендерӣ талабгори иштироки занон дар мақомхои роҳбарикунанда дар парлумон, вазоратҳо, кумитаҳо ва мақомотҳои идоракунандаи маҳаллӣ мебошад. Ҷомеа аслан қабул дорад зан роҳбарро, вале афсӯс на ҳама, мегӯянд, ки ҷои зан дар ошхона аст, лекин ин гуфтаҳо адолатнок нестанд.

Қайд бояд намуд, ки пурсиш дар миёни бештар аз 25 нафар гузаронида шуд. Новобаста аз оне, ки аксарият аз омода набудани ҷомеа баҳри қабули сиёсатмадор дар симои зан сухан меронданд, аммо ба замми ба дурнамои фаъолияти сиёсии зан назари мусбӣ доштанд.

Фируза РАҲМАТБЕКОВА 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh