Хушунат дар оила доғи сиёҳи ҷомеаи имрӯза

emocionalnoe-nasilie

Зӯроварӣ дар оила аз падидаҳоест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро чун масъалаи доғи рӯз эътироф намудааст. Ҷомеашинос ва равоншинос муайня намуданд, ки зӯроварии хонаводагӣ ба ҳамаи аъзои оила зарар мерасонад, махсусан ба кӯдакон.

Новобаста аз он ки дар оила, зан, яъне модар хушунат мебинад, ин ба кӯдакон зарари психологии калон мерасонад. Кӯдакону ноболиғоне, ки имрӯз бештари онҳо дар кӯча оварагардӣ мекунанд, даст ба корҳои ғайри қонунӣ зада, ҷиноят содир мекунанд, аз хона ва дарсҳои мактаб гурезӣ мекунанд, аслан аз бемеҳрии волидон ва ё тарсу ваҳм дар қалбашон пайдо шудааст, ки аз ҷанҷоли хонагӣ ва хушунат дар оила асос мегирад.

Худи шоҳиди ҳодисаи хушунат шудан зарбаи равонӣ барои ҳар як инсон аст.

Кӯдаконе, ки дар чунин оилаҳо тарбия мегиранд, табиатан ё ба зӯровар шудан ё ба қурбонии зӯроварӣ гаштан моиланд, зеро дигар намуди муносибатро намедонанд ва малакаҳои оддии бунёд кардани муносибати солимро надоранд.

Ин гуна одамон тамоми умр ба офияти равонӣ метавонанд мӯҳтоҷ бошанд ва ҳатто агар раванди офиятбахши дар давраи наврасӣ ё кӯдакӣ оғоз ёбад ҳам, он хеле мушкил ва дарозмуддат аст.

Хушунати ҷисмонӣ хоси оилаҳоест, ки марди хонадон майхора, нашъаманд ва ё беодобу беахлоқ аст, зеро марди асил ҳеҷ гоҳ ба сари зан даст намебардорад, мегӯяд Аъзам Баҳодуров сокини пойтахт.

Ба ақидаи Сабрина Раҳмонова яке аз сабабхҳи сар задан ва афзоиш ёфтани хушунати хонаводагӣ, мавҷудияти ақидаҳои барғалати зиёд мебошанд, ки ба сари одамоҳо чун стереотипҳо табдил боргузорӣ шудааст.

“Аз ҷумла, моҳияти қолабҳои зеҳнии мазкур, яъне стереотипҳо дар мақолҳои мардуми ифода ёфтаанд. Ин гуна мақолҳо дар забони мардуми тоҷик низ мавҷуданд.

Барои мисол мақолҳои «зана зан, агар намурад бо табар зан», «зана зан, худаша наёфти ҷойи нишастагиашро зан», «дар ҷойи задагии мард, дар тани зан фардои қиёмат гул мерӯяд», «алови чашми занро бояд дар дохили чодар гирифт» ва дигарҳоеро ба хотир овардан мумкин аст», - иброз намуд сокини пойтахт С. Раҳмонова.

Вале, ба ақидаи Навбаҳор Охуноваи 59 сола, нафақахӯр хушунат дар оила аз рӯи нофаҳмии якдигар мешавад.

“Масалан, мард ба зан  мегӯяд, ки ту падару модари манро хуб нигоҳ намекунӣ ва дар байни онҳо ҷангу баст мешавад.

Дар ин ҳолат занон аз тарси вайроншавии оила, аз ин кирдори шавҳорҳои худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунанд, чунки метарсанд, ки худашон танҳо мемонанд ва ба онҳо ҳеҷ кас кӯмак намекунад.

Ман фикр мекунам, ки пешгирии хушунат дар оиларо модар метавонад аз байн барад, албатта, ки ӯ агар “босавод” бошад”, - мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Шаҳноза Аҳадова муаллимаи мактаби миёнаи пойтахт иброз медорад, ки хушунат бештар дар оилаҳое, ки мард дар он ба майнӯшӣ машғул аст, дида мешавад.

“Мард қариб, ки ҳар рӯз май менӯшад, кор намекунад, рӯзи дароз дар хона шишта, хоб мекунад ва аз бекорхуҷагии худ ҷангу ҷанҷолро бардошта, зану фарзандони худро лату кӯб мекунад.

Дар ин сурат зан ба ҳамаи ин мушкили тоқат намуда рӯзҳои зиндагии ҳайёташро давом медиҳад ва ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунад.

Сабаби муроҷиат накардани ӯ ба фикрам ба ҳамаи мо маълкум аст, ин танҳо мондани зан, ятим мондани фарзандон, шармандагӣ дар оилаю хешовандон.

Баъд дигаре оне ҳаст, ки агар зан ба мақомотҳои зарурӣ муроҷиат намояд ҳам, онҳо чораҳо намеандешанд”, - қайд намуд Шаҳноза.

Нафари дигар, Алишер Усмонов сокини ш. Душанбе, мегӯяд, ки хушунат ва ё ҷанҷол дар оила бештар аз камсаводии зан мешавад.

“Ин ҳам аз бесаводии ё зан, ё мард мешавад. Агар якдигарфаҳмӣ бошад ин ҳодисаҳо рух намедиҳанд. Вале, бар ҳол мард набояд ба зан дасти худро боло кунад, ин аз рӯи рафтори мардӣ хуб пазируфта намешавад, чун зан, ҷинси заиф аст.

Оқибатҳои хушунат дар оила на танҳо ба зан, балки ба фарзондон таъсир калон расонида метавонад, чун дар хушунати ҳамарӯзаи оилавӣ психологияи кӯдакон вайрон шуда, ба дили онҳо тарсу фаҳми ҷанг мешинад.

Омина Баротова сокини пойтахт, дар навбати худ иброз медорад, ки сабабгори хушунат дар оила ин шахсони сеюм мебошанд.

“Шахсан ман сабаби хушунат дар оила дар шахсони сеюм, яъне хушдоманҳо ва духтарони онҳо мебинам. Чун онҳо қариб ҳар рӯз ба ҷангдозию баҳсбозӣ байни зану шавҳар машғул ҳастанд.

Бештар онҳо ба писарҳои худ гапҳои дурӯғ зада, ба писаронашон фармон медиҳанд, ки зани худро “тарбия” диҳанд, бо калимаи тарбия онҳо на суханҳои хуб, балки зӯровариро мефаҳмонанд.

Ин амали хушдоманҳо бештар аз рӯи рашқ, бадбинии келин, маъқул ва ё қабул надоштани келин, яъне зани писари худ сурат мегирад”, - ибрози ақида намуд Омина.

Зикр намудан зарур аст, ки оила худ муҳити хоссаеро дорост, ки дар он тамоми намуди муносибатҳои ҷомеа амал мекунанд. Ин ҷо ҳам муносибатҳои сарвариву тобеият (падару модар бо фарзандон, шавҳар ва зан), ҳам муносибатҳои баробарвазн (бародарону хоҳарон), ҳам муносибатҳои иқтисодиву равонӣ, иҷтимоӣ ва шаҳвонӣ хеле фаъолона амал мекунанд ва аз ин рӯ табиист, ки хушунати хонаводагӣ низ дар шаклҳои хеле печида ва мураккаб зуҳур менамояд.

Ва азбаски қолабҳои гендерие, ки ҳукми мардро ба зан раво мешуморанд, аз қолабҳои сахтҷонтарини ҷомеа мебошанд, ҳолатҳое, ки ҳамаи шаклҳои муносибатҳои дохили оила, ки дар боло зикр шуданд, аз ҳамин нигоҳ матраҳ бигарданду аъзои оила аз маърифати гендерӣ огоҳӣ надошта бошанд, табиист, муносибатҳо аз ҷониби он аъзои оила, ки ҳаққи назоратро ба худ гирифтаанд, дар шаклҳои таҳмилӣ ва хушунатбор сурат мегиранд.

Аз ин рӯ аъзои ҳар як ҷомеа имрӯзаро зарур аст, ки барои аз байн бурдани хушунату зӯроварӣ дар оила ва қолабҳои гендерие, ки ҳукми мардро ба зан раво мешуморанд, саҳми худро гузоранд ва бетарафиро дар ин самт пеша накунанд.  

Марҷона БАРОТОВА

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh