Нарху навои маҳсулотҳои ниёзи аввалия дар Душанбе поён шуда истодааст

IMG 41103

Тибқи қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев нархҳои маҳсулотҳои хӯрока дар ҳама бозорҳои шаҳри Душанбе бояд арзон карда шаванд. Мақсади арзон намудани маҳсулотҳо ба шаҳрвандон дастрас будани онҳо дар моҳи «Шарифи Рамазон» мебошад.

Ҳамасола қабл аз оғози моҳи «Шарифи Рамазон» дар бозору мағозаҳои Тоҷикистон нархҳои маводи ғизоӣ ба маротиб баланд мешаванд, махсусан гӯшт. Имсол нархи он аз 36 то ба 42 сомонӣ афзуд. Ҳарчанд, дар ислом ва китоби муқаддаси «Қуръон» ин ид ҳамчун ҷашнҳои хайру савоб ва покиву бахшиши гуноҳҳо зикр шудааст.

Тибқи маълумоти Сайфулло Амонов сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе имсол нархҳо танҳо дар гӯшт таъсири худро расонида, дигар маҳсулотҳои хӯрокворӣ баръакс дар моҳи «Шарифи Рамазон» арзон шудаанд:

«Мисол, дар бозорҳои шаҳри Душанбе назар ба 20 бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон нархҳои маҳсулотҳои хӯрокворӣ 30-40 дирам арзон ҳастанд.

Тибқи тавсияи Ҳукумати шаҳри Душанбе нархи гӯшт, аз 42 сомонӣ то ба 36 сомонӣ барои сокинони пойтахт арзон карда шуд. Айни ҳол 1 кг гӯшти гов дар 6 бозорҳои пойтахт аз 34 то 36 сомонӣ арзиш доранд» — иброз намуд С. Амонов.

Иқтисосшинос Зулфиқори Исмоилиён сабаби маҳз дар арафаи ин ҷашнҳо боло рафтани нархи хӯрокаро дар он шарҳ медиҳад, ки тоҷирон чун медонанд, ки дар моҳи «Шарифи Рамазон» аҳолӣ ба маҳсулоти беҳтар ва серғизо ниёз дорад, аз ин рӯ нархҳоро қимат мекунанд.

«Аз нуқтаи назари иқтисодӣ дар ин масъала ягон омил вуҷуд надорад, инҷо бештар манфиатҳои тиҷоратӣ аст, чунки барои ба даст овардани фоидаи калон худи тоҷирону соҳибкороне, ки маҳсулот  ворид мекунанд ва медонанд, ки дар ин моҳ сокинон ба ҳамин чизҳо эҳтиёҷ доранд, дидаю дониста нархро баланд мекунанд» — гуфт иқтисодшинос дар сӯҳбат ба хабарнигори kloop.tj.

Вале, Сайфулло Амонов сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе сабаби қимат шудани нархи гӯштро дар қимат будани нархи хӯрокаи чорво мебинад.

«Аз соли 2004 то имрӯз нархи хӯрокаи чорво (кунҷола, 1 кг) 15 маротиба қимат шудааст, аниқтар аз 23 дирам то 3,50 сомонӣ, ки ин ҳам ба қимат шудани нархи гӯшт таъсир мерасонад, боз як сабаби қимат шудани нархи гӯшт ҳамчунин дар он аст, дар пойтахт доштани чорво манъ аст, ин ҳам ба қимат шудани нархи гӯшт таъсир мерасонад, чунки чорво ба пойтахт аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон вориди пойтахт мегарданд.

Тибқи таълилҳо аз соли 2004 то имрӯз нархи гӯшт бошад, ҳамаги 7 маротиба қимат шудааст, аниқтар аз 7 то 36 сомонӣ» — қайд кард, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе.

Аз тарафи хабарнигорони сайти хабарии kloop.tj оид ба нархҳои маҳсулотҳои ниёзи аввалия, танзими нархҳо аз тарафи маъмурияти бозорҳо, овезон будани нархмонаҳои маҳсулотҳо, муқоисаи нархҳо байни дӯкону мағозаю бозорҳо таҳлил гузаронида шуд.

Дар охир маълум гардид, ки нархҳои 12 номгӯи маҳсулоти истеъмолӣ тухм, гӯшти мурғ, гӯшти гов, гӯшти гӯсфанд, 1 халта орд, 1л равғани растанӣ, биринҷ, шакар, 1л шир, сабзӣ, картошка ва пиёз байни дӯконҳои назди биноҳои истиқоматӣ, мағозаҳо, бозорҳои «Деҳқон», «Қарияи боло», «Сафориён», «Саховат» ва «Шоҳмансур» 20-40 дирам ва танҳо 1 намуд маҳсулоти истеъмолӣ, гӯшти гов 1 – 2 сомонӣ аз як дигар фарқ мекунанд.

Оид ба танзим нархҳо ва иҷрои тавсияи Ҳукумати шаҳри Душанбе дар бозорҳо ва дӯконҳои гӯштфурӯшии шаҳр новобаста аз шакли моликияташон камераҳои назоратӣ насб гардидааст, то ки фурӯшандаҳо нархҳои муқаррар намудаи шаҳрдориро поймол накунанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз фурӯшандаҳои маҳсулоти хӯрокаи бозори «Саховат» Зӯҳро Алиева изҳор дошт, ки қиматшавии нархи маҳсулоташ аз ӯ вобаста нест, зеро худашон аз дигар бозорҳо харид мекунанд.

«Агар маҳсулот аз худам бошад, ман бо нархи қимат намефурӯшам. Барои ҳамин, пешниҳоди раиси шаҳрро ҷонибдорӣ мекунам, ки мо низ маҳсулотро бо як нархи муайян харидорӣ мекунем» — гуфт фурӯшанда З. Алиева.

Неъмат Олимов дигар фурӯшандаи маҳсулоти гӯшти мегуяд, ки яке аз сабабҳои баланд шудани нархи гӯшт, ин баланд шудани арзиши хӯрокаи чорво мебошад.

«Сабаби якум дар он аст, хӯрокаи чорво, аниқтар кунҷола қимат шуааст, дуюм сабаб дар он аст, ки ҳаво гарм аст, аз ҳамин сабаб чорво бисёр хӯрок истеъмол намекунад, ин ба сифат ва ҳаҷми гӯшт таъсир мерасонад ва боиси қимат шудани гӯшт мегардад.

Айни ҳол бахшида ба моҳи «Шарифи Рамазон» арзиши гӯштро то 3 сомонӣ арзон намудем» — гуфт фурӯшандаи гӯшт Н. Олимов.

Байни сокинони пойтахт низ аз тарафи хабарнигорони kloop.tj оид ба нархҳои маҳсулотҳои истеъмолӣ пурсиш гузаронида шуд, дар натиҷа маълум гардид, ки нархҳои маҳсулотҳо аз якдигар вобаста аз нуқтаи фурӯш 20 – 30 дирам ва 1 – 2 сомонӣ фарқ мекунанд.

Имрӯз, тибқи таҳлилҳои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон нархҳои маҳсулотҳои хӯрокворӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе чунинанд:

(нархҳо бо сомонӣ: кг, литр, дона)                                                                                                                                                                                  07.07.2014

2014

30.06

7.07

Номгӯи маҳсулот

нарх

нарх

1

Картошка

2,22

1,80

2

Карам

1,55

1,70

3

Пиёз

1,25

1,35

4

Сабзӣ

2,55

2,30

5

Помидор

3,30

1,60

6

Бодиринг

2,75

2,45

7

Себ

5,45

5,95

8

Биринҷ (оқпар)

8,55

8,50

9

Равғани пахтаи рехташаванда

9,46

9,45

10

Гӯшти гов

35,45

35,20

11

Гӯшти гӯсфанд

36,00

35,70

12

Шир, литр

3,33

3,30

13

Тухм (барои 10 дона)

7,60

6,70

14

Шакар

4,85

4,70

15

Чойи кабуд

18,00

18,00

16

Орди навъи 1-ум*

2,90

2,90

17

Гандум

2,30

2,30

18

Нахӯд

9,25

9,29

19

Лӯбиё

7,40

7,40

20

Мош

7,55

7,50

21

Нон (бӯлка) аз орди навъи 1-ум (430 грамм)

1,50

1,50

Муаллиф: Фатҳулло МАҲМАДОВ, Чаҳоноро ШОЕВА

акси: Фатҳулло МАҲМАДОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh