Дар Тоҷикистон гармии аз меъёр зиёд ба қайд гирифта шуд

oftob

Дар тамоми минтақаи Тоҷикистон аз 5 –уми то 9 –уми июли соли 2014 гармии ҳаво аз меъёр зиёд ба қайд гирифта шуд, ки то ба +40 дараҷа мерасид.

Агар вазъи ҳаво ҳаррӯз аз +34 то +36 дараҷа бошад, пас ин нишондод дар рӯзҳои зикршуда то ба +40 дараҷа ва дар водиҳо то +43 дараҷа мерасид.

Дар ин бора, ба хабарнигори kloop.tj сардори Шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон Парвина Саидҷамолова маълумот дод.

«То 5 –уми июл дар Душанбе ҳарорати максималӣ +35 дараҷа, дар вилояти Хатлон +38, дар Суғд +34 ва дар Ноҳияҳои тобеи марказ то +34 дараҷаро ташкил медоданд.

Ва аз рӯзҳои 5 –ум то 10 –уми июл бошад дар кишвар тағйирёбии ҳаво дар назар дошта шуда ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар минтакаҳои кӯҳӣ ва водиҳо то +43 дараҷа гармии ҳаво пешгӯи карда мешавад».

Чи хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст, имрӯз шахсони мусулмон аз ҳар гӯшаи дунё барои баҷо овардани фарз дар моҳи «Шарифи Рамазон» рӯза гирифта истодаанд, вале бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз гармии ҳаво ин фарзро баҷо оварда натавониста истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси соҳаи ислом Шаҳодат Давлатова мегӯяд, ки чунин ривоят наомадааст ки барои гармии ҳаво шуда мумкин бошад, ки рӯза нагирӣ:

«Он шахсоне метавонанд рӯза нагиранд, агар онҳо танҳо бемор бошанд, ҳомиладор бошанд, одами солхурда бошанд, модароне ки шир медиҳанд, дар сафар бошанд, вале онҳо баъди рӯза низ, ҳатман бояд рӯза гирифта карзи худро ба Оллоҳ баргардонанд ва фарзи худро баҷо оранд, агар ин ба саломатии онҳо зарар наросонад» — қайд намуд коршиноси соҳаи ислом Ш. Давлатова.

Сокини пойтахт Мошариф Ҳайдарова мегӯяд, ки чунин гармиро солҳои охир дар ёд надорад.

«Мо дар чанд соли охир  чунин гармиро надида будем. Имсол вазъи ҳаво назар ба соли гузашта бениҳоят гарм ва чангу ғуборӣ аст» — гуфт сокини пойтахт.

Дигар сокини пойтахт Ясмина Абдуллоева мегӯяд, ки ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, рӯза мегирад.

«Аз якум рӯзи моҳи «Шарифи Рамазон» рӯза дошта истодаам ва боре ҳам рӯзаи худро дар ин ҳавои гармӣ нахурдаам» — иброз медорад Ясмин Абдуллоева.

Ёдрас мекунем, ки чунин вазъи ҳаво соли гузашта, аниқтар аз 3 –юми август то 8 –уми июли соли 2013 низ ба қайд гирифта шуда буд, ки ҳарорати гармии он дар Ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе аз +37 то +40 дараҷаро ташкил медод.

Муаллиф ва акси: Зарина ДАВЛАТЗОДА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh