Чаро ҷавонон шомили гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд?

Боиси таассуф аст, ки равияҳои ифротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайдо шуда, бештар аз  ҳазор ҷавони тоҷикро шомили гуруҳҳои террористӣ карданд.

Дар бораи ин саволҳои воқеан ҳам дардноке, ки дар мавзӯи ифротгароӣ ҳаст,  назари як чанд коршиносони динӣ ва коршиносони дигарро ҷамъ овардем, ки тавонист бароямон як қатор омилҳои пайвастани ҷавононро ба ин гурӯҳҳоро равшан созад.

Абдуллоҳи муҳаққиқ: коршиносӣ динӣ бошад дар ин бора чунин  изҳор медорад, ки сабаби бисёр тафаккури  нопок доштани ҷавонони ин гуруҳҳои ифротӣ қисми зиёди ҷавононро ба гуруҳҳои иртиҷоӣ ҳамроҳ мекунанд, чунки ин ҷавонон дар Тоҷикистон қишри бисёр пурқувват ва пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.

"Аз ҳамин лиҳоз ин гурӯҳҳо бисёртар ба ҷавонон такя карда ҳар мақсаду мароми нопоке, ки доранд тавасути ҷавонон дар байни омма тарғибу паҳн намуданд".

Мухбири радиои "Имрӯз" Саъдии Зикрихудо бар ин назар аст, ки сабаби шомил шудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ин дар надоштани саводи кофӣ чӣ динӣ ва чӣ дунявӣ мебошад.  "Бештар чунин ҷавонҳо шомили  ана ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. Истифодаи ҷавонони бесавод барои ҳадафҳои террористиашон хеле осонтар аст".

Саъдии Зикрихудо ҳамчунин изҳор дошт, ки ифротиҳо ба маффкураи ин ҷавонон  андешаҳои ифротии худро ҷой мекунанд ва мақсаду идеалогие, ки ба онҳо омӯзонидаанд дар сайтҳои иҷтимоӣ ин андешаҳои ботилу ифротии худро таблиғ ва паҳн менамоянд.

"Ин гурӯҳҳои ифротӣ як мақсади муайян надоранд ва ҳадафи ин гурӯҳҳоро ҳамон давлатҳои абарқудрате медонанд, ки таъсисашон додаанд. Агар аз нигоҳи исломи гирем ба қатл расондани як одам гуноҳи хело вазнин аст, аммо ба ин гуруҳҳо бингаред, ки тамоми он касонеро, ки хоҳанд мекушанд  чӣ кудак чӣ зан ва чӣ мард  ба касеҳам раҳм надоранд .

Ба андешаи онҳо гуё дигар касе ҳақ нест ва касе ҳақи зиндаги кардан надоранд", мегӯяд Саъдии Зикрихудо.

Дар мавриди омили асосии пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, коршиноси шинохта Абдуллоҳи Муҳаққиқ ба мо гуфт: "ин ҷавононро аз нодониву бе итиллотӣ ба ин гурӯҳҳо даъват карданд ҳар ҷавоне, ки маълумоти динӣ ё дунявӣ ва ё лоақал падару модари хуб дорад шомили ин гурӯҳҳои тундгаро нашуд."

 

Эмомалӣ Сафаров, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh