Мақсад ва ҳадафи аслии гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ чист?

Боиси нигаронист, ки густариши ақидаву андешаи ботил ва афкори пурзалолати гуруҳҳои терористиву экстримистӣ ва равияҳои тундгарову ҷаҳолатхоҳ дар кишвари саҳиҳибисқлоли мо   рӯз то рӯз реша давонда, ҷомеаи ободу орми моро ба ташвиш овардааст.

Феълан ифротӣ шудаи як узви ҷомеа, шомил шудани он ба сафи гуруҳҳои иртиҷоиву тундгаро ва билохира содир намдани амали ҳаросафканӣ як падидаи маъмулӣ гаштааст.

Оё боре андешидаем, ки ин гурӯҳҳо ғояи асосии тероризимро аз куҷо мегиранд? Чӣ боис мегардад, ки онҳоро муртакиб ба содир намудани як ҷинояти мудҳиш гардида ва билохира онҳо бо ин амалу рафтори худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ мехоҳанд?

Худи терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, вале ҳадаф ва мақсади онҳо метавонад гуногун бошад. Масалан норизогии фикр, ақидавӣ ва назари сиёсӣ, бо роҳи бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳои муҳим мебошад.

Саидэҳсон Ҷалолиён, мухбири радиои "Имрӯз", мақсад ва ҳадафи гуруҳҳои терористӣ ва экстремистиро чунин шаҳр дод:

 

Маъмулан гуруҳҳои  терористӣ ва экстремистӣ фаъолияти худро аз ҷиҳати динӣ асоснок кунонида разолату хунрезиҳои ваҳшиёнаи худро зери ниқоби  дин пӯшонида  бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат мақсади  барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар байни мардуми осоиштаро доранд.

Яке аз муҳаққикони соҳаи дин Абдуллоҳи Муҳаққиқ мақсади аслӣ ва калидии ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротиро  дар Осиёи Миёна аз он ҷумла дар Тоҷикистон чунин арзёбӣ намуд:

“Мақсади аслӣ ва калидии ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротӣ, ки дар Осиёи Миёна аз он ҷумла дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд, пеш аз ҳама халал ворид намудан ба суботу амнияти давлатдорӣ, решакан мамудани исломи анъанавӣ  ва мазҳаби Ҳанафӣ,  аз байн бурдани осорҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва муқаддасоти исломӣ мебошад. Онҳо мехоҳанд  Тоҷикистонро ба майдони ҷангу ҷиҳодҳои бемаънии худ табдил диҳанд, ва онҳо иддао доранд, ки Тоҷикистон ва Осиёи Миёна бояд  марказҳои бузурги хилофат бошанд. Ба ҳамин хотир онҳо аз ҷониби қудратҳои манфиатдор пуштибонӣ ёфта дар урдугоҳҳои маҳсус таълим гирифта, зери парчами Қуръону Суннат бар зиди исломи анъанавӣ мубориза мебаранд”.

 Аксари амалҳои мудҳиши ҳаросафканӣ , ки  таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад,  дар асл ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Дар ин бора сарони давлатҳои ҷаҳон борҳо аз минбарҳо баромад намуда сабабгор ва такшилотчии аслии ин гуруҳҳоро аз қудратҳои хориҷии манфиатдор ва бозингарони майдони сиёсӣ хонданд.

 

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна амалҳои терористиву экстремистӣ ва гуруҳҳои иртиҷоӣ ва ифротиро маҳкум намуда, барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон алалхусус ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодааст.

Дар ин масъала коршиноси масоили динӣ ҷаноби Абдуллоҳи Муҳаққиқ, ки таҷриба бойи илмии мубориза бо ифротгароӣ дорад чунин тавсия намуданд:

 

Абдуллоҳи Ғурбатӣ, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Маъмулан гуруҳҳои  терористӣ ва экстремистӣ фаъолияти худро аз ҷиҳати динӣ асоснок кунонида разолату хунрезиҳои ваҳшиёнаи худро зери ниқоби  дин пӯшонида  бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат мақсади  барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар байни мардуми осоиштаро доранд.

Яке аз муҳаққикони соҳаи дин Абдуллоҳи Муҳаққиқ мақсади аслӣ ва калидии ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротиро  дар Осиёи Миёна аз он ҷумла дар Тоҷикистон чунин арзёбӣ намуд:

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh