Равияи ботиле, ки Исломро бадном мекунад

ё худ симои воқеии “Салафиҳо”

Амалҳои хатарноки террористӣ, дар симои “ДОИШ” рӯз аз рӯз вусъати тоза пайдо кардаанд. Пешаи асосиашон қатлу куштор, оташсӯзӣ, сарбурӣ ва инфироҷи маконҳои серодам мебошад. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи прокурори генералии ҶТ дар расонҳои ҷумҳурӣ дар сафи “ДОИШ” пайравони ҷараёни экстремистии “Салафия” меҷанганд. Таҳдиди ин падидаи номатлуб, ваҳдати исломиро аз байн бурда истодааст.

Коршиноси масоили динӣ, Абдуллоҳи Муҳаққиқ зимни сӯҳбат иброз дошт;

- Хатари ҳаракати иртиҷоии “Салафия” дар қаламрави Тоҷикистон пеш аз ҳама барои барҳам задани оромӣ ва амнияти муҳити мазҳабӣ равона шудааст. Мавсуф афзуд, ки дар ҳолати решадавонии онҳо дар сохторҳои давлатӣ ва ё муҳити диниву фарҳангӣ, масъалаҳои низои дохили кишвар авҷ мегирад ва ҷавонон ба гурӯҳҳои бо ҳам мухолиф ҷудо шуда, дар пайи куштори ҳам мешаванд. 

 

Сабаб ва омилҳои эҷоди ихтилофи мазхабӣ аз ҷониби ташкилотҳои ифротӣ   

Дар сураи Анфол ояти 46- уми Қуръони карим омадааст: -Якпорчагӣ ва ваҳдат ҷавҳари суханони Паёмбари гиромӣ саллалоҳу алайҳи ва олиҳи вассаллам аст, ки мусулмононро даъват намудааст, то аз тафриқа ва ҷудоӣ барҳазар бошанд. Худованди мутаол мефармояд;

“Ва бо якдигар ситеза ва кашмакашӣ накунед, ки суст ва баддил шавед”.  

 

-Ихтилофҳо дар масоили динӣ бо он сабабҳо рух медиҳанд, ки аксари бародарони мусулмон аз аҳкоми фиқҳӣ ва мазҳабӣ огоҳии комил надоранд, ҳол он ки тамоми ин аҳком, аз манбаи аввал, яъне Қуръон гирифта шуда, ҳам аҳли суннат ва ҳам аҳли шиа тибқи дастуроти илоҳӣ амал менамоянд. Имрӯзҳо воқеан дар баъзе кишварҳои ҷаҳон низоъҳои қавмию  мазҳабӣ, ихтилофи миллатҳо дар авҷ буда,  таъсири он ба Тоҷикистон низ расидааст. Минтақаи Бадахшон ҳам аз ин падидаи номатлуб, яъне “Вабои аср” дар канор нест. Воқеан равияи ботил ба ноҳияҳои поёнии вилоят аз ҷумла Ванҷу Дарвоз таъсироти худро гузошта истодааст. Афроде, ки аз ин навоҳӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд, онҳое мебошанд, ки қаблан дар мактабҳои динии берун аз кишвар таҳсилот доштанд. Масъалан тӯли 2 соли охир аз ноҳияҳои вилоят дар макотиби динии хориҷ аз кишвар 107 нафар таҳсил намуданд, ки қариб 77 нафарашон бо супориши Роҳбари давлат ба ватан баргардонда шуданд.  

 

“Мусаллам аст, ки амалҳои оммавии террористӣ, зуҳуроти низои тамаддунҳо, танҳо заминаи муносибати байнимазҳабӣ нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки тамаддунҳо ҳеҷ гоҳ байни худ наҷангидаанд. Аз ин рӯ қобили таъкид аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад”,- изҳор намуд, номзади илмҳои филологӣ, Сармутахассиси Шӯбаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими  назди мақомоти ВМКБ Сардорбек Азорабеков.

Кишвар Амиршоев, ҷавони 25 солаи шаҳри Хоруғ дар бобати ин мавзӯъ чунин ибрози ақида намуд: “Аслан мардуми Бадахшон то ба имрӯз ба ягон  бародарони суннимазҳаби хеш,  чӣ кулобӣ,  ҳисорӣ ё ғармӣ  ихтилофи мазҳабӣ надорад. Аммо решаи аслии  раванди ихтилоф аз куҷо пайдо шуд? Маълум аст, ки аз ҷониби қудратҳои пасидеворӣ,  ё худ кишварҳои  ҷаҳони сеюм идора мешавад. Яъне аҷнабиён таълимоти ифротгароиро бо шеваҳои ҳархела тарғиб менамоянд, ки ин ба амнияти кишварамон таъсир хоҳад расонид. Зарур аст, ки таълимоти ягонагӣ аз ҷониби масъулини дин тарғиб карда шавад ва фаҳмиши Исломи ҳақиқӣ тавассути дастурамал барои аҳолӣ, хусусан ҷавонон роҳандозӣ гардад”.

 

Эҷоди кинаву адовати миллӣ ҷиноят аст

 

“Соли 2007 Қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм  (ифротгароӣ) қабул шудааст, ки дар он мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, мутобиқи қонуни мазкур “экстремизм” ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқиест, дар даъват ба нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро дар бар мегирад”, изҳор дошт нозири калони Маркази иттилоотии шӯъбаи нозироти ташкилии ВКД дар ВМКБ, капитани милитсия Далер Чоршанбиев.

 

Ногуфта намонад, ки кирдорҳои террористӣ ва эктремистӣ мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин эътироф шуда, дар боби 21- уми Кодекси мазкур, яъне дар боби “Ҷиноятҳои ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ”, мафҳуми терроризм ва ҷиноятҳои мазкур дарҷ гардида, ҳамчунин намудҳои ҷавобгарӣ низ барои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта нишон дода шудаанд. Ҳамчунин вобаста ба маблағгузории кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта Қонуни махсус “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда ва маблағгузории терроризм” қабул шуда, мавриди амал қарор дорад ва ҷавобгарӣ ба кирдорҳои мазкур низ дар боби 21-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

 

Суннатулло Эмомов, сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ чунин ибрози ақида намуд: “Набояд зиндагие, ки Худо барои мо додааст, фано созем. Он гунае паси сар намоем, ки як чизи хуберо ба ёдгор монем ва таърих  на он Чингизеро, ки ҷаҳонро оғушаи хун намуд, ёдоварӣ кунад, балки он Чингизе, ки як ҷаҳон ганҷи маониро ба мерос гузошт. Дигар ҳеҷ ҷойи фаҳму дарк нест, ки мусулмон мусулмони бародарро бикушад. Ба ҷавонон таъкид карда мегӯям, ки ҳавои зиндагии осудае, ки имрӯз доред аз даст надиҳед, ки фардо пушаймонӣ суде надорад”.

Рафоат Қудратбекова

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh