ДИИШ-бадбахтии аҳли вилояти Бадахшон

“Моро аз ақл бегона сохта,  аз соддагиu мо суистифода намуданд, ки оқибат  роҳгум задаем…”. Ин гуфтаи онҳоест, ки ба доми ДИИШ афтиданд ва билохира ба мақомоти қудратии кишвар таслим шуданд.  

ДИИШ  вабои аср гаштааст. Пиру барно  дар  ташвишанд. Ҳар рӯз даҳову садҳо шахсони беайбе кушта мешаванд. Садҳо кӯдакон бе падару модар мемонанд ва ҳазорҳову даҳҳазорҳо одамоне, ки зиндагии осуда ва хушбахт доштанд, тарки Ватану миллат карда, ба ҳар кишвари бегона гуреза мешаванд.

Ин мавзӯъ алакай доғи рӯз гаштаву ҳалли худро ёфтан мехоҳад.

Ҳарчанд, ки мардуми кишвар ба ин масъала ҷиддӣ муносибат менамоянд, лекин шахсоне ҳастанд, ки аз пайи  фикрҳои дур аз ақлу хирад гашта миллати аҷдодиашонро монда, вориди ин гуруҳҳо мегарданд.

Ҳамасола касоне, ки аз вилояти Бадахшони кӯҳӣ шомили ин гурӯҳ мегарданд, шумораашон афзуда истодааст. Ин гурӯҳҳо аслан аз ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва инчунин водии Язгулом мебошанд, ки аъзои ин равияи ҷиноятианд.

Дар бобати ин масъала аз донишманд ва мутахассиси диншинос Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар бораи хатари ин ҷиноятпешагон шунидем:  

Сокинони вилоят дар бораи ин масъала андешаҳои гуногун доранд.

Гулназар Хушқадамов мегӯяд, ки терроризму экстремизм ин мавзуҳое ҳастанд, ки мо бояд бо инҳо ҷиддӣ рафтору муносибат намоем. “Дар замони ҳозира бисёр одамонеро вомехӯрем, ки  онҳо мазҳаби худро монда ба дигар ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мепайванданд, ки  ин ба ҷомеа бетаъсир намемонад. Алалхусус ин гурӯҳу равияҳои терористӣ бештар ба ҷавонон такя мекунанд. Лекин мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҳамеша саъй бар он кунем, ки аз ин гурӯҳҳо дар канор бошем”.

Сафармамадов Ихтиёр, донишҷӯ бошад ва дар мавзуъ фикри худро чунин иброз намуд: “Мо худ шоҳиди он ҳастем, ки баъзе рафиқонамон тарки оилаву Ватани худ намуда ба гуруҳҳои террористии ДИИШ ҳамроҳ мешаванд. Ба андешаи ман террористон аз бесаводии мардуми мо истифода мебаранд, ба онҳо пулу моли зиёд ваъда намуда, онҳоро ба худ ҷалб менамоянд. Тавре гуфтаанд: “Пушаймонӣ надорад оқибат суд”. Ва ҳамин тавр дар дигар давлатҳо онҳоро мекушанд”.

Аз андешаи  коршиносону сокинон бармеояд, ки он шахсоне, ки ихтиёрӣ ба ин  гурӯҳои террористӣ шомил гаштаанд, онҳо  оқибати  корро фикр намекарданд.

Ҳарчанд, ки аз кору рафторашон пушаймон гаштанд, лекин дигар ба ақиб гаштан натавонистанд ва оқибат  дар мулки ғарибу бегона ва дур аз ватану ёр ҷон додаанд.

Ҳаёти ҳар  шахс дар дасти худи ӯст. Он шахсоне ки ба ҷони худ ҷабру ситам, зулму зӯроварӣ ва ин гуна  ваҳшониятро раво  донистанд ва ин дунёи фониро бе кафан падруд намуданд, оқибат дар Қиёмат  ҷавоб  медиҳанд.

Ислом ба  зоти  худ  надорад айбе

Ҳар айбе ки ҳаст дар мусулмонии мост.                                                      

Зарангез Броимшоева

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh