Таблиғи интернетии ифротгароии ифротиён хатари бештар дорад

Дар шабакаҳои иҷтимоию иттилоотии интернетӣ аз ҷониби ташкилоту муассиса ва ниҳоду мақомоти дахлдори Тоҷикистон барои огоҳонидани аҳли ҷомеа аз хатару пайомадҳои нохуби гурӯҳҳои ифротгаро пайваста матолиби гуногуни иттилоотию таҳлилӣ дар шаклҳои навор, садо ва акс  ва дигар навъҳои он пахш мегардад. Албатта ин тасмими некест барои аз як ҷиҳат пешгирӣ намудани рушди ифротгароӣ дар ҷомеа, вале то куҷо метавонанд ин гуна маълумоти видеоӣ, аудиоӣ, аксӣ садди роҳи ифротишавии аҳли ҷомеаро бигирад.

Сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ ва дигар навъҳои ҳуҷҷатҳо, ки дар интернет дастрасанду аз фаъолияти гурӯҳҳои тундгарои террористӣ дарак медиҳанд, ҳам ҷиҳати мусбат доранд ва ҷиҳати манфӣ. Дар ин ҷо тамоми анвои ҳуҷҷат ва маълумоте дар назар аст, ки ҳар шахс метавонад аз шабакаҳои интернетӣ ба даст биёрад. Тарафи мусбати ин кор дар он аст, ки пас аз тамошои сабтҳои видеоӣ ва ё шунидани сабтҳои аудиоӣ ва ҳамчунин истифода аз дигар анвои ҳуҷҷатҳо, ки дар шабакаҳои интернетӣ мавҷуданд, аксарият аз афроди солимақлу ҳӯшманди ҷомеа аз бадӣ ва зараовар будани гурӯҳҳои тундгаро ва фаъолияти онҳо дар ҷомеа огоҳии бештар ба даст меоранд. Аммо дар ҷомеаи башарият на ҳама афрод солимақлу ҳушманд ва зираку соҳибмаърифат ҳастанд. Маз ана ҳамин гуна шахсоне, ки доираи ҷаҳонбинияшон маҳдуд аст, пас аз дидану шунидани сабтҳои видеоиву аудиоии интернетӣ ба сӯйи фаҳмиши ғалат қадам мебардоранд ва билохир пас аз гузаштани зинаҳои гуногуни шӯсташавии мағз ифротӣ мешавад. Сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ ва дигар анвои ҳуҷҷатҳое, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилоотӣ дар миёни умум паҳн мегарданд, на ҳама вақт муваффақ ба он мешаванд, ки хатари гурӯҳҳои ифротиро ба ҷомеа нишон диҳанд. Баръакс аксарияти ин гуна сабтҳо  метавонанд барои таблиғ ва рушди зарарбори ифротгароӣ ва терроризм мусоидат намоянд.

Суоли матраҳ ин аст, ки чӣ бояд кард, то садди роҳи ифротишавии афроди ҷомеа, алалхусус ҷавонон гирифта шавад. То ҳол ба ин суол миллионҳо ва зиёдтар аз ин посухҳо пешниҳод шудааст, вале фаъол будани гурӯҳҳои тундгаро ва ифротишавии беш аз пеши наврасону ҷавонон дар сатҳи байналмиллал далолат бар он мекунад, ки ҳама посухҳои пешниҳодшуда чандон кордеҳ нестанд ва ё ин ки пешниҳодҳои созандаву хуб барои решакан намудани ин падидаи номатлубу ҳузнангез ниҳоят кам мебошанд. Пас чӣ бояд кард, то дар воқеъ садди роҳи чунин бадкориҳо ва гумроҳшавии афроди ҷомеа гирифта шавад?

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масоили динӣ рӯзи 18-уми октябри соли 2017 дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо журналистони минтақаҳои гуногуни кишвар дар шаҳри Душанбе барои пешгирии шомилшавии аъзои ҷомеа ба гурӯҳҳои ифротӣ ибрози назар намуд. Ба андешаи ин коршиноси шинохта ба роҳ мондани таълими исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар барои шинохти дурусти мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат, алалхусус мазҳаби ҳанафӣ, ки аксарияти мардуми мусалмони Тоҷикистон пайрави ҳамин мазҳаб мебошанд, мусоидат менамояд ва бо ин васила метавон садди роҳи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии ҳаросафканро гирифт.

(Садо: Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масоили динӣ)

Ҳамчунин ин коршинос таъсис додани расонаҳои иттилоотии диниву мазҳабиро ба хотири беҳтару бештар шинос намудани мардум бо дини суннатии Ислом ва мазҳаби Ҳанафӣ амали саривақтӣ шуморида, иброз дошт, ки таҳаммулпазирӣ ва сулҳу дӯстӣ ва бародариву иттиҳод аз ҷумлаи шиорҳои асосиву аввалиндараҷаи ин дини  пок ва ин мактаби бузурги ҳуқуқии динии исломӣ мебошад.

(Садо: Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масоили динӣ)

Абдуллоҳи Муҳаққиқ: “Ислом пайравонашро ба гурӯҳҳо ҷудо намекунад”

Имрӯз дар қатори дигар гурӯҳҳои ифротгаро равияҳои “Салафия” ва “Ваҳҳобия”, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ва чандин равияву гурӯҳҳои дигари тундгароро дар дохили кишвар қатъиян манъ намуда, онҳоро дар қатори ҳизбу ҳаракат ва равияву  фирқаҳои экстремистиву террористӣ шомил намудааст, дар миёни мардуми мусалмони кишвар ва минтақаву дигар кишварҳои олам тафриқаандозӣ намуда, мардуми мусалмонро ба гурӯҳҳо табақаҳо ҷудо менамоянд. Ин амалкарди онҳоро Абдуллоҳи Муҳаққиқ “амалҳои ғайрисломӣ” хонда, афзуд, ки “мардуми мусалмонро ба сунниву шиъа ҷудо намудан моҳияти қавмиву нажодӣ дорад ва дини мубини Ислом пайравонашро ба гурӯҳҳо ҷудо намекунад”.

 

Аксарият аз мутахассисон ва донишмандон бар он назаранд, ки камсаводию бесаводии динию дунявӣ ва ноогоҳ будани ҷавонону наврасон ва дигар истифодабарандагони интернет аз маданияти истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сабаби асосии ҷалб шудани онҳо ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мебошад. Ин андешаро Абдуллоҳи Муҳаққиқ низ тасдиқ намуда афзуд, ки гурӯҳҳои тундгарову ифротгаро барои ҷалб намудани ҳар нафар ба сафи худ аз усули “қадам ба қадам” истифода менамоянд. Дар қадами аввал оятҳои Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с)-ро дар саҳифаҳои интернетӣ ҷой менамоянд. Баъдан дар мавзӯъ ва масъалаҳои мухталифи динию мазҳабӣ, ақидавӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мақола ва маводи гуногун нашр мекунанд. Дар ин гуна мавод аввалан афроде ибрози назар менамоянд, ки ҳадафашон ҷалби дигарон ба ин гуна мавод ва тағйир додани афкори онҳост.

Бояд бар алайҳи терроризм дар сатҳи баланд мубориза барем

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали моҳи майи соли равон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ин нуктаро таъкид намуда буд, ки ҷавононро мебояд аз ҷиҳати дар фазои амну осудаи ватан сукунат доштан шукргузору созандакор бошанд. Вале ҳамзамон гила аз он кард, ки бо вуҷуди тадбирандешии рӯзафзуни мақомот, вазъи ҷинояткорӣ дар самти терроризму экстремизм дар кишвар, махсусан вилояти Хатлон ҳамоно ташвишбарангез боқӣ мондааст. Баъдан дар моҳи август бо кушодани бештари масъала дар ҳузури сокинони яке аз сераҳолитарин ноҳияҳои мамлакат - Бохтар бо таассуф изҳор дошт, ки фақат аз ин ҷо 95 кас дар кишварҳои ҷангзадаи хориҷӣ қарор дошта, аллакай 17 ҷавон ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин дар ноҳияи Данғара ин рақам гуфта шуд, ки шумораи ҷавононе, ки аз вилояти Хатлон ба гурӯҳҳои ифротию тундгаро шомил гардидаанд, то аввалҳои соли 2017 аз 500 кас бештар шудааст, ки онҳо 70 оила дар ҳайати 84 мард, 76 зан ва 92 фарди ноболиғ мебошанд.

 90 дарсади ин оилаҳо маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба минтақаҳои зери тасарруфи террористон бурда шудаанд. Бештар аз ҳама сокинони шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Вахш, Бохтар, Шаҳритӯс, Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва М. С. А. Ҳамадонӣ ба ин задухӯрдҳои мусаллаҳона моил будаанд. Ва ба қавли Президенти кишвар, то кунун дар мавриди ҳалокати 60 нафари онҳо дарак дода шудааст.

Тибқи маълумоти Оҷонсии иттилоотии Азия-плюс дар маҷмуъ аз соли 2012 то моҳи марти соли 2017 дар ҳудуди вилоят 1 ҳазору 198 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистӣ ошкор ва нисбат ба 985 нафар 861 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. 

Ҷой доштани “чунин ҳодисаҳои номатлуб ва доғдоркунандаи номи неки миллат” (ибораи Эмомалӣ Раҳмон) дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон Президенти кишварро дар ҷараёни ҳар вохӯрӣ бо сокинон ва ходимони сохторҳои давлатӣ хоҳ-нохоҳ водор ба он месозад, ки доир ба беҳсозии гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни омма ва ба роҳ мондани тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон пайваста ибрози назар кунад ва дар ин самт ҳамеша аҳли ҷомеаро таъкид карда истад. 

Аммо, мутаассифона, гумоштагони шабакаҳои экстремистию террористӣ низ “даст рӯйи даст наменишинанд”. Агарчанде гурӯҳҳои ифротгаро чунин имкон надоранд, ки ба Тоҷикистон ворид шаванд ва ақидаву хостаҳои худро таҳмил  намоянд, вале аз воситаҳои қудратмванди иттилоотӣ, мисоли интернет, телевизион ва радио истифодаи васеъ менамоянд. Табиист, ки, ба “чоҳ”-и кандаи ин гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бештар он нафароне меафтанд, ки озодона фарқ гузоштан миёни сиёҳу сафед аз дасти онҳо намеояд ва аксаран фикри мустақили шахсии худро доро нестанд.

Таҳлилҳо ва тадқиқоти чанд соли ахири мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар гувоҳӣ  аз он медиҳанд, ки аксар ҷавонони мо чи дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб ва шомил мешаванд.

Дар бораи гурӯҳҳои террористӣ чӣ медонед?

Ба хотири дарёфти посух ба ин суол назари чанд тан сокинони минтақаҳои гуногуни кишварро фаҳмидем.  Дар  таърихи 18-уми октябри соли равон дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон оид ба  саволи боло назарашонро пурсидем, вале аҷиб ин буд, ки аксарият намехостанд назари худро баён кунанд. Ҳатто омӯзгорон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо пеш овардани баҳонаҳои “Аз имтиҳон баромадем, хаста шудаем” ва “Ҳамин рӯзам беҳад мушкил буд” аз баёни андешаи озодонаи худ ба қавле “фирор мекарданд”.

Саидулло Қувватов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мегӯяд, ки гурӯҳу ҳаракатҳои террористӣ бо сӯистифода аз номи дини мубини Ислом мехоҳанд хоҳишу ҳадафҳои муғризонаи сиёсии хешро бароварда созанд. Ба андешаи ӯ ин гурӯҳҳо ҳаргиз ба нафъи ҳеҷ ҷомеае амал намекунанд ва ҷавонони кишварро мебояд ҳамеша худро аз ин гуна гурӯҳҳо ва ақидаҳои онҳо дар канор нигаҳ доранд.

Террорист аз рӯйи нақша суҳбат мекунад

Ба ном “имом”-они интернетӣ барои ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ моил кардани наврасону ҷавонон аз чӣ усулҳои таъсиррасон истифода мебаранд? Забони суҳбаташон чӣ гуна аст?

Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон, 90 дарсади афроди шомилшуда ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ маҳз тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ гардидаанд.

Афроде ба ном “имом”-они интернетӣ кӯшиш мекунанд, ки дар бораи вазъи оилавӣ, касбу кор, ба кадом табақаи иҷтимоӣ тааллуқ доштани ҷавонон иттилои бештар дарёфт кунанд. Мехоҳанд, ки бо чӣ гуна одамон дӯстӣ доштан, ба чӣ мавзӯъҳо “Like” мондан, яъне чиро маъқул донистан ё ба чӣ мавзӯъҳо таваҷҷуҳи бештар доштани ҷавононро бештар бидонанд. Хуллас, то ҳадди имкон талош бар он мекунанд, ки ҷавононро аз ҳама ҷиҳат омӯзанд. Ва ҳамаи ин аксаран пас аз он сар мешавад, ки ҷавоне доир ба кадом як мушкилоти иҷтимоӣ ё масъалаи динӣ бо чанд ё як нафари ношиносу нимашинос вориди баҳс мешавад. Пас аз ин аъзои фаъоли гурӯҳҳои ифротӣ ба фаъолияти ғаразноки хеш мепардозанд.

Қадами дар бисёр ҳолатҳо охирини гумоштаҳо, яъне аъзои эҳтимолии гурӯҳҳои ифротӣ ин хоҳад буд, ки онҳо аз ҳамсуҳбат дар бораи намоз хондан, масҷид ва намози ҷумъа рафтан, ришу ҳиҷоб доштан, қуръонхон будани падару модар ва он нафароне, ки бо ҷавон дар як хона истиқомат мекунад ё ба ӯ таъсире дошта метавонанд, суол мекунанд. Бештар вақт кӯшиш  бар он мекунанд, ки дар рафтор ва тарзи зиндагии хешовандону дӯстони шумо “камбудӣ”-е ёбанд ва онҳоро дар назари ҷавон гӯё “мунофиқ” ва ҳатто “кофир” нишон диҳанд.

Ин ба он мақсад аст, ки ҷавонон аз муҳити хеш дилсард шуда, гумон кунанд, ки дар сафи он террористон бародарони ҳамтақдиру ҳамақидаи онҳо гирди ҳам ҷамъ омадаанд. Дар ин сурат шахси фиребхӯранда ба муҳите, ки дар он қарор дорад, нафрату кинаву адоват пайдо карда, роҳи халосӣ аз онро фақат дар пайвастан ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва  ё дигар гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ   мебинанд.

Таҳлилҳои  бешуморе, ки дар масъалаи ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба он то кунун анҷом ёфтаанд, натаввонистаанд, ки ин масъаларо хуб баррасӣ ва роҳҳои пешгирии ифротишваии афроди ҷомеаро пешниҳод намоянд. Вале аксарият аз коршиносон бар ин назаранд, ки ягона роҳи пешгириҳои ифротгароиҳо дар минтақа ва кишварҳои мусалмоннишин ин таълими дуруст ва воқеии Ислом суннатӣ мебошад.

Суннатулло Эмомов,

донишҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh