Дар Душанбе мусобиқаи байналмиллалии «Таэквон-до ИТФ» баргузор мегардад

Taekvon-do-ITF-v-Tadzhikistane-2014g.1

Моҳи августи соли 2014 дар варзишгоҳи Кумитаи андози пойтахт 11-ум чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва 6-ум чемпионати ҷаҳон байни собиқадорон оид ба «Таэквон-до ИТФ» гузаронида мешавад.

Дар ин мусобиқа зиёда аз 50 давлат иштирок хоҳанд кард. Аз рӯи шартҳои мусобиқа аз ҳар як давлат як даста ҳуқуқи иштирок карданро доранд, аз Тоҷикистон бошад дастаи яккачини шаҳри Душанбе иштирок меварзад.

Раҳматшоҳ Камолов сардори Раёсати тарбияи ҷисмони ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон  иброз дошт, ки корҳо оид ба тайёри барои гузаронидани мусобиқаи байналхалқӣ дар сатҳи хеле баланд қарор дорад.

«Ҳам аз ҷиҳати баргузорӣ ва ҳам аз ҷиҳати омодагӣ, тайёриҳо дар сатҳи баланд рафта истодааст.

Имрӯз намояндаи дастаҳо аз 35-40 кишвари хориҷа иштирокашонро дар мусобиқа тасдиқ намуданд» — қайд намуд сардори Раёсати тарбияи ҷисмони ва инкишофи варзиш Р. Камолов.

Эркин Латипов муовини раиси федератсия Таэквон-до ИТФ оид ба интихоби ҷои мусобиқа ба хабарнигори kloop.tj чунин иброз дошт:

«Соли 2012 дар Болгария Конгресси байналмиллалии Федератсияи таэквон-до (ИТФ) гузаронида шуд, ки дар онҷо намояндагони Тоҷикистон барои гузаронидани бозии оянда дар Тоҷикистон номзадии худро пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол Тоҷикистон имконияти гузаронидани чунин бозиҳои байналхалқиро дорад ва барои ин тамоми шароитҳо муҳайё сохта шуданд.

Баъд аз гуфта шудани чунин суханҳо, коммисияи Конгресси байналмиллалии Федератсияи таэквон-до (ИТФ) номзадии Тоҷикистонро қабул кард ва ҷои бозии ояндаро Тоҷикистон эълон кард» — иброз намуд муовини раиси федератсия Таэквон-до ИТФ Э. Латипов.

Фируза Сироҷова варзишгар аз дастаи яккачини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар чунин мусобиқаи байналмиллалӣ бори аввал иштирок мекунад:

«Кӯшиш мекунам, ки дар ин мусобиқа ҷои аввалро ишғол намоям. Барои ин ман айни ҳол тайёрии ҷиддӣ дида истодаам.

Ман мебинам, ки дигар варзишгарон чемпион мешаванд ва парчами давлати худро баланд мебардоранд, ғуруби ман бисёртар мешавад, то ки ман низ ғолиб оям ва парчами давлати худро боло бардорам.

Ман мехоҳам, ки дастовардҳои зиёд биёрам, афсус мехӯрам ки дар чемпионатҳои қаблӣ иштирок карда натавонистам» — гуфт варзишгар Фируза Сироҷова.

Ёдоварн мекунем, ки чунин чемпионати ҷаҳон оид ба «Таэквандо ИТФ» дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад. Ҷои мусобиқа пеш аз оғоз ва баъд аз чемпионат дар Конгресси байналмиллалии Федератсияи таэквон-до (ИТФ) муайян карда мешавад.

Ду сол қабл аниқтар, соли 2012 10-ум чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва 5-ум чемпионати ҷаҳон байни собиқадорон оид ба «Таэквон-до ИТФ» дар пойтахти Эстония, шаҳри Таллин аз 23 то 26 август гузаронида шуда буд, ки дар он 800 варзишгарон аз 60 давлати ҷаҳон иштирок карда буданд.

Муаллиф: Мастона ҲАЙДАРОВА, Идибек САФАРОВ

акс аз: Федератсияи миллии Таэквон-до Тоҷикистон

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh