Дар Хуҷанд 32 – юм мусобиқаи байналмиллалии бокс доир мегардад

bokc

Аз 1 –уми то 6 – уми август дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд-и вилояти Суғд мусобиқаи байналхалқи оид ба бокс, ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрави Исмоил Ҳамзалиев баргузор мегардад. 

Дар ин мусобиқа ғайр аз дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ, ҳамчунин дастаҳои мунтахаби 25 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Тули 6 рӯз варзишгарони тоҷик ва хориҷ барои дарёфти ҷойҳои намоён дар вазнҳои 45-95кг байни худ мубориза мебаранд.

Толибҷон Турматов раиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳи дар  вилояти Суғд ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj иброз дошт, ки айни ҳол омодагиҳо рафта истодааст.

«Ин мусобиқа аллакай анъанавӣ шуда аз соли 1970 инҷониб гузаронида мешавад ва барои ин ҳамасола тайёриҳои ҷиддӣ дида мешавад, чунки дар ин мусобиқа 125 варзишгарон аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирок мекунанд.

Ташкилкунандагони ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва Федератсияи бокси вилояти Суғд мебошанд.

Барои гузаронидани чунин мусобиқа тибқи қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамасола аз буҷети вилоят 37 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад» — қайд намуд раиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳи дар вилояти Суғд Т. Турматов.

Аҳад Тоҷибоев раиси Федератсияи бокси вилояти Суғд мегӯяд, ки имрӯз аллакай сардовари мусобиқа муайян карда шудааст.

«Имрӯз аллакай сардовари мусобика интихоб шудааст, ин кас номзади Чемпионати ҷаҳон, мастери байналхалқи Валерий Рачков мебошанд.

Аллакай ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон иштироки худро тасдиқ намуданд. Ин мусобиқа аллакай мусобиқаи анъанавӣ ба ҳисоб рафта, ба бозиҳои тақдимии таквимии Конфедератсияи бокси Осиё дохил карда шудааст» — иброз намуд раиси Федератсияи бокси вилояти Суғд А. Тоҷибоев.

Қаюмҷон Норов мураббии шоистаи Тоҷикистон, корманди шоистаи варзиши ҷумҳурӣ, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии мактаби варзиши махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №9 оид ба бокс иброз медорад, ки дар ин мусобика 12 нафар варзишгарони мактаб дар вазнҳои гуногун иштирок мекунанд.

«Барои иштрок дар мусобиқаи байналхалқи оид ба бокс варзишгарони мактаби мо тайёриҳои хеле хуб дида истодаанд.

Дар ин мусобиқа аз мактаби мо, яъне аз шаҳри Душанбе 12 нафар варзишгар иштирок мекунанд, ки 2 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Инҳо: Шаҳром Маҳмадалиев дар вазни 52кг, Анвар Юнусов дар вазни 60кг, Фуркаҷони Одилхон дар вазни 64кг, Мирзомуҳаммади Бахтиёр дар вазни 69кг, Билолиддин Аҳадов ва Саидои Маҳмадхоҷа дар вазнҳои 75кг, Сунатулло Ҷаборов дар вазни 81кг, Меҳроҷиддин Каримов ва Абдурашид Бобозода дар вазнҳои аз 91кг боло ва инчунин 2 нафар духтар Светлана Веглина дар вазни 52кг ва Мавзуна Чориева дар вазни 60кг мебошанд» — гуфт ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии мактаби варзиши махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №9 Қаюмҷон Норов.

Варзишгар Шаҳриёр Ахмедов ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj мегӯяд, ки тули як ҳафтаи охир тайёриҳои ҷиддӣ дида истодааст.

«Мо барои ин мусобиқа тайёриҳои хуб дида истодаем, ки дар онҷо қувва озмоӣ мекунем. Аз дастаи шаҳри Душанбе ман дар вазни 56кг баромад мекунам.

Ман зиёда аз 15 маротиба мешавад, ки дар ин гуна мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок мекунам ва якчанд бор натиҷаҳои хуб, ба даст овардам» — иброз дошт варзишгар Ш. Ахмедов.

Хуршед Неъматов директори Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки варзишгоҳ барои гузаронидани чунин мусобиқа омада аст.

«Дар ин варзишгоҳ бисёр мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ гузаронида мешавад.

Дар моҳи август низ ду мусобиқаи калон оид ба бокс ва футбол дар назар дошта шудааст ва барои ин мо тамоми шароитҳоро барои гузаронидани чунин мусобиқаҳо муҳайё сохтаем ва омода ҳастем» — гуфт директори Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Х. Неъматов.

Қайд мекунем, ки чунин мусобиқа дар вилоят аллакай беш аз 10 сол гузаронида мешавад, ки дар он ҳамасола 100-150 варзишгарон аз 20-25 кишвари ҷаҳон иштирок меварзанд.

Муаллиф: Фатҳулло МАҲМАДОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh