Лагерҳои тобистона ба анҷом расиданд

Зиёда аз 5000 ҳазор нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба лагерҳои тобистонаи назди мактабӣ ва берун аз шаҳрӣ бо ду баст, ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

play2

Тибқи маълумотҳои Шӯъбаҳои маорифи чор ноҳияи шаҳри Душанбе 11 адад дар ноҳияи Сино, 10 адад дар ноҳияи Фирдавсӣ, 8 адад дар ноҳияи Шоҳмансур ва 6 адад дар ноҳияи И. Сомонӣ лагерҳои истирҳатии назди мактабӣ ва инчунин 4 адад лагерҳои истироҳатии берун аз шаҳрӣ: «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу» ташкил ва омада карда шуда буданд.

Дар лагерҳои назди мактабӣ зиёда аз 4000 ҳазор ва дар лагерҳои берун аз шаҳрӣ бошад зиёда 1 ҳазору 500 нафар кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуда буданд.

Фарҳод Худоёров корманди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе иброз дошт, ки лагерҳои назди мактабӣ аллакай рӯзи 2-юми август ба анҷом расиданд.

«Аз 16-уми июн то 4-уми июл дар басти якум ва аз 7-уми июл то 24 июл дар басти дуюм, 3 ҳазору 800 нафар хонандагони мактабҳои миёнаи пойтахт дар ду баст истироҳат намуданд.

Дар ин гуна лагерҳо бисёртар хонандагони камбизоат, душвортарбия ва аълохонҳо ройгон ба таълими иловагӣ ва истироҳат ҷалб карда шуданд.

Дар лагерҳои истироҳатии берун аз аз шаҳрӣ бошад, дар ду баст аз 16-уми июн то 6-июл ва аз 14-уми июл то 2-юми август зиёда аз 1 ҳазору 500 нафар хонанда ба истироҳат ҷалб карда шуд» — қайд намуд Ф. Худоёров корманди Раёсати маорифи ш. Душанбе.

Вайсидини Зайнидин мудири Шӯъбаи н. И. Сомонӣ мегӯяд, ки имсол хонандагони муассисаҳои таълимии иловагӣ ба лагерҳои берун аз шаҳрӣ ройгон барои истроҳат роххат гирифтанд.

«Имсол тибқи Қарори раиси ш. Душанбе аз н. И. Сомонӣ 20 нафар кӯдакони мактаб-интернати №1 ва тибқи Супориши Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Раёсати маорифи ш. Душанбе 22 хонандагони бо лаёқадмани муассисаҳои таълимии иловагии пойтахт ва инчунин 22 нафар хонандагони мактабҳои миёнаи умумии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба лагери истироҳатии берун аз шаҳрии ноҳияи мо, ба истироҳат фаро гифта шуданд» — қайд кард В. Зайнидин мудири Шӯъбаи н. И. Сомонӣ.

Аз лагери истироҳатии берун аз шаҳрии «Гулхан»-и н. Сино маълумот доданд, ки ду рӯз пеш 200 нафар хонанда аз истироҳат аллакай ба ш. Душанбе равон карда шуданд.

«Имсол дар лагери мо 200 нафар мактаббачагон, дар умум 400 нафар дар ду баст аз мактабҳои миёнаи умумии ноҳияи Сино ба истироҳат омадаанд.

Лагери мо барои он хонандагоне, ки  камбизоатан, ятиму нимятиман, аълохону душвортарбияанд ройгон аст» — маълумот доданд аз Маъмурияти лагери истироҳатии «Гулхан»-и н. Сино.

Абдуқаюм Худойдодов корманди Шӯъбаи маорифи н. Фирдавсӣ оид ба нархи роххат чунин гуфт:

«Имсол нархи роххат барои истироҳат кардан дар лагери назди мактабӣ 50 сомонӣ ва берун аз шаҳрӣ 441 сомонӣ арзиш дошт» — гуфт А. Худойдодов корманди Шӯъбаи маорифи н. Фирдавсӣ.

Мунзима Мадаминова директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №72 иброз намуд, ки имсол хонандагони мактаби мазкур дар лагерҳои ҷумҳурӣ истироҳат карда буданд.

«Соли равон хонандагони мо дар вақти бекори дар лагерҳои назди мактабии ноҳияи Фирдавсӣ омада истироҳат мекарданд.

Инчунин хонандагони мактаби мо дар лагери истироҳатии берун аз шаҳрии «Орзу» ва «Уқобча»-и н. Б. Ғафурови в. Суғд низ ба истироҳат фаро гирифта шуда буданд» — иброз намуд М. Мадаминова директори мактаби миёнаи №72.

Ясмина Абдулоева истироҳаткунанда ва хонандаи синфи 10-ум мегӯяд, ки дар ин лагер у тибқи озмуни ноҳиявӣ гузаштааст.

«Имсол ман аз озмуни ноҳияви аз фанни забони олмонӣ ҷои намоёнро сазовор гардидам, баъд аз ин маро барои истироҳат ба лагер даъват намуданд.

Шароити лагер хуб буд, дар онҷо ман бисёр дӯстон пайдо кардам, ман бениҳоят хурдсандам» — иброз дошт хонандаи мактаб Ясмина Абдулоева.

Гулҷаҳон Қурбонова волидайн мегӯяд, ки се моҳ кӯдак намедонад бо чи кор машғул шавад, аз ҳамин сабаб хуб аст агар у ба лагер фаро гирифта шавад.

«Ҳамасола ман фарзанди худро ба лагер равон мекунам, чунки у дар ин се намедонад бо чи кор машғул шавад, аз инру хуб аст агар у ба истироҳат фаро гирифта шавад.

Ман фарзандони худро маҷбур намекунам ки онҳо ба лагер раванд, онҳо бо хоҳиши худашон ба лагер мераванд ва истироҳат мекунанд» — гуфт волидайн Г. Қурбонова.

Қайд мекунем, ки имсол дар ҷумҳурӣ — 4 ҳазору 227 адад лагерҳо омада карда шуданд, ки аз ин нишондод 3 ҳазору 328 адад лагерҳои истироҳатии назди мактабӣ ва майдончаҳои беҳдошти рӯзона, 154 адад лагерҳои берун аз шаҳрии шабонарӯзӣ, 315 адад лагерҳои меҳнатӣ ва истироҳатӣ, 8 адад санитари-профилактики, 109 адад лагерҳои беҳдошти варзишӣ ва 383 адад лагерҳо барои синфҳои болоӣ мебошанд.

Ёдовар мекунем, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ — 3 ҳазору 779 лагерҳо омада карда шуда буданд, ки дар он 350 ҳазору 253 кӯдакону наврасон истироҳат намуданд.

Муаллиф: Зарина ДАВЛАТЗОДА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh