Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Туркменистон дар Тоҷикистон ба итмон мерасад

Имрӯз (7-уми август) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айни «Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Туркменистон» дар Тоҷикистон расман ба анҷом мерасад.

play2

Тули 5 рӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт имконият доштанд, ки аз фарҳанги халқи туркмен аз наздик шинос шаванд. Дар ин рӯзҳо барои сокинон ва меҳмонони пойтахт намоишҳои санъатию  мусавваронии рассомон ва суратгирони туркмен, баромадҳои студияи фолклорно-этнографии «Сарпай», ансамбли рақсии Туркменистон, хори давлатии ин кишвар пешкаш гардида буд.

Чорабини дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркменистон амали гардида, урфу одат ва санъати миллии ин давлат ба сокинони Тоҷикистон пешниҳод гардида истодааст.

Абдурасул Ҳалимов директори генералии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳии эҷодии консертии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj иброз намуд, чорабинии мазкур дар доираи робитаҳои фарҳангӣ гузаронида шуда истодааст.

«Ин чорабинии фарҳангӣ дар кишвари мо дар доираи робитаҳои дӯстии фарҳангии ҳарду кишвар баргузор гардида истодааст.

Имрӯз 60 нафар ҳунармандони касбии соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Туркменистон ба Тоҷикистон омаданд, аз он ҷумла ансамбли рақсии «Ашхобод», ансамбли фолклории «Сарпай», ансамбли хории давлатии халқи туркмен.

Ман бовари дорам, ки  ин барномаҳо хеле ҷолиб ҳастанд ва ба тамошобини тоҷик писанд хоҳад омад» — қайд намуд А. Ҳалимов директори генералии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳии эҷодии консертии Вазорати фарҳанг.

Керимгули Гаровов директори генералии муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги»-и Туркменистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj оид ин чорабинӣ, чунин иброз намуд:

«Барои иштирок дар ин чорабии фарҳангӣ ба ҷумҳурии Шумо имрӯз ташриф омадем. Ҳайати намояндагии моро овозхонон, навозандагони асбобҳои гуногуни мусиқӣ, ансамблҳои рақсию фолклори ҳамроҳӣ мекунанд, ҳамчунин дар доираи барнома намоиши нигораҳои Осорхонаи давлатии «Маркази фарҳанги»-и Туркменистон дар назар дошта шудааст» — қайд намуд директори генералии муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги»-и Туркменистон Керимгули Гаровов.

Раҳмондӯсти Қурбониён ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин гуна чорабиниҳо ваҳдату дӯстиро байни давлату халқҳо нишон медиҳад.

«Вақте ки мардум робита дорад ин хуб аст, робита худ ин як ваҳдату дӯсти ва бародарию як дигар фаҳмӣ аст.

Агар тамоми он ҷумҳуриҳое, ки мо пеш бо онҳо якҷоя будем, имрӯз агар боз аз сари нав ба воситаи санъату фарҳангу варзиш рафту омад кунанд, ин ба халқи мо ва халқҳои дигар давлатҳо дӯстиву бародариро ба вуҷуд оварда, онро мустаҳкам мекунад.

Ман шодам, ки имрӯз дар ҷумҳурии мо «Рӯзҳои фарҳангии Туркменистон» баргузор гардида истодааст» — иброз намуд ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Р. Қурбониён.

Зиёбой Тошев тамошобин ва муовини директори Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов ақидаи худро оид ба чорабинии фарҳангӣ ба хабарнигори kloop.tj чунин арзёби намуд:

«Имрӯз дидан кардем аз намоиши ҳунарҳои мардуми ва ҳунари овозхони бародарони туркмен, хеле хушҳол ҳастем, ки аз дастовардҳои эҷодии эшон бохабар гаштем» — гуфт тамошобин ва санъаткор З. Тошев.

Дигар тамошобин Нурали Мирзоалиев иброз намуд, ки чорабинии мазкур дӯстии миллатҳоро қавӣ мегардонад.

«Ин боз ҳам як бори дигар дӯстии байни миллатҳои туркмену тоҷикро нишон медиҳад ва аз ҳунари боло, аз анъанаҳои мардумӣ чун имрӯз намоиши ҳунарҳои бадеи халқии миллати бисёр ҳам овозадори туркмен ба намоиш гузошта шуд» — мегӯяд тамошобин ва сокини пойтахт Н. Мирзоалиев.

Ёдовар мекунем, ки «Рӯзҳои фарганҳии Туркменистон дар Тоҷикистон» дуюмин маротиба гузаронида шуда истодааст, аввалин маротиба ин чорабини соли 2010 гузаронида шуда буд, як сол қабл, аниқтар аз 1-ум то 3-юми июни соли 2013 «Рӯзҳои фарганҳии Тоҷикистон дар Туркменистон» низ баргузор гардида буд.

Муаллиф: Манижаи ШЕРАЛИЗОДА

акси: Ҷасур СИДИҚОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh