Дар солҳои хониши 2014-2015 эҳтимол аст, ки занги камолот садо надиҳад

zangi-kamolot1

Мушкилотҳои хонандагон оид ба таҷлили занги камолот зиёданд ва асостарини онҳо ин тағйир додани рӯзи ҷашнгирии занги камолот мебошад, вале дар солҳои хониши 2014-2015 эҳтимол аст, ки ин мушкилотро бартараф намоянд ва занги камолотро умуман дар мактабҳои миёна манъ намоянд. 

play2

Иҷро нагардидани талаботҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба гузаронидани чорабиниҳои фароғатию дилхушӣ, байни хонандагони мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ, бахшида ба занги камолот дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии кишвар новобаста аз шакли фаъолият, боис гардид ки занги камолот дар ин гуна муассисаҳо аз ин баъд садо надиҳад.

Дар ин бора худи вазири маориф ва илм Нуриддин Саидов ҳангоми баромад дар нишасти матбуотӣ, рӯзи 7-уми июли соли 2014 дар назди журналистон иброз намуда буд.

«Мо мехостем, ки хонандагон махсусан хатмкунандагон занги камолотро хоксорона, бе хароҷоти зиёд таҷлил кунанд. Вале чанд мактабҳои миёнаи умумии пойтахт, талаботҳоро оид ба занги камолот риоя накарда, 2 ҳолати вайрон кардани талоботҳои Вазорат оид ба занги камолот ба қайд гирифта шуд.

Соли оянда мо фикр кардем, ки дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ занги охиронро манъ намоем» - қайд кард у.

Эҳсон Хушвахтов котиби матбуоти Вазорати маориф ва илм ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj оид ба ин масъала чунин иброз намуд:

«Як занги камолотро вақтҳои охир чи гуна мегузарониданд, ангушт андозию тарабхона нишинӣ, аз як ноҳия ба як шаҳри дигар рафтан, ки дар натиҷа ин қадар ҳодиса рух медоданд, ки ҳолатҳои нохуш низ ба назар мерасиданд.

Ба ҳамин хотир мо маҷбур шудем, ки ҳамин масъаларо ба танзим дарорем, яъне дар давоми 45 дақиқа занги каломот гузаронида шавад, бе ягон харҷ, бе ягон тӯҳфа супорӣ ва бе ягон чорабинии дигар.

Имсол ду мактаби миёнаи умумии пойтахт талоботҳои Вазорати маориф ва илмро дидаю дониста вайрон намуданд, бо Супориши вазири маориф ва илм - Раёсати маорифи ш. Душнбе вазифадор гардид, ки нисбати директорони ин мактабҳо чораҳо андешад, директорон ва муовинони онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда шуданд, (ҷавобгарии интизомӣ), муовинони онҳо бошад аз вазифа озод карда шуданд» - гуфт Э. Хушвахтов котиби матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Гулнисо Раҷабалиева директори мактаби миёнаи №93 ш. Душанбе мегӯяд, ки беҳтарин мешуд агар ҳамин занги камолотро манъ намоянд.

«Солҳои охир дар натиҷаи қайд кардани занги камолот бисёр ҷавонон худро идора карда натавониста, худсарона ба тамошою сайру гашт рафтанд, худсарона ғайриқонунӣ ҳар амалро иҷро карданд, ки боиси фавти чандин ҷавонон гаштанд, мумкин ин сабабҳо боис гардид занги камолотро манъ намоянд» - иброз намуд Г. Раҷабалиева директори мактаби №93.

Зулфия Умратуллоева дигар директори мактаби миёнаи №65 иброз намуд, ки хуб мешуд агар занги камолот дар доираи 45дақ. дар синф гузаронида мешуд.

«Ман ҳамчун омӯзгор гуфтаниям, ки занги камолот дар доираи 45дақ. ҳамчун дарси кушод ва дарси тарбиявӣ гузаронида шавад, беҳтар аст, бо ҳамроҳии роҳбарони синфҳо. 

Мо хурсанд мешавем, агар дар оянда чунин чорабиниҳо ҷамъбаст гарданд ва ҷашн гирифтани онро дар ин гуна муассисаҳо иҷозат надиҳанд, яъне занги камолот манъ карда шавад» - гуфт З. Умратуллоева директори мактаби миёнаи №65.

Рустам Ҳофизов волидайн ва сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки имрӯз Вазорат маҷбур ҳаст, ки ҳамин гуна қарорро барорад, чунки замона инро талаб дорад.

«Шахсан ман ҳамчун волидайн аз як ҷиҳат аз пешниҳоди Вазорат рози ҳастам барои он ки аз ӯҳдаи гирифтани пеши роҳи  хонандагонро оид ба таҷлили занги камолот гирифта натавониста истодаанд, на мактаб ва на падару модар.

Агар хуб мешуд, баъди анҷоми 45дақ. занги камолот волидон ба   мактаб рафта фарзандонашонро бо дасти худ гирифта баранд, то ки чунин ҳодисаҳои нохуш камтар рух диҳанд.

Вале имрӯз хонандагон ва аксари мактабҳо занги камолотро дар доираи 45дақ. нагузаронида, боз ҳамон чорабиниҳои сайру гашт, тарабхонанишинӣ, мошинрониро идома дода истодаанд ва имрӯз замона маҷбур дорад, ки Вазорат чунин фармонро барорад» - қайд кард Р. Ҳофизов волидайн ва сокини ш. Душанбе.

Дар ҳамин ҳол, Манижаи Холмурод хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи пойтахт мегӯяд, ки аз падару модар бештар Ҳукумати Тоҷикистон нисбати хонандагон ғамхории зиёд дорад, вале манъ кардани таҷлили занги камолот дар соли оянда нисбати мо ғамхории хуб нест.

«Ман фикр мекунам, ки Ҳукумати Тоҷикистон занги камолотро аз   сабаби ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, ки дар дохили мактаб ва берун    аз мактаб рух медиҳад, манъ карданист.

Вале ман ҳамчун хонанда аз пешниҳоди Вазорат оид ба манъи занги камолот рози нестам, чунки аз хатогиҳои кардаи як ду нафар хонандагон занги камолотро манъ кунанд, нисбати хонандагони   дигар хуб нест, ки 11 сол хонанда дар мактаб мехонанд ва дар охир ба у иҷозат намедиҳанд, ки занги камолотро гузаронанд» - гуфт М. Холмурод хонандаи мактаби миёнаи ш. Душанбе.

Қайд мекунем, ки имсол ду ҳолати риоя накардани фармони Президент, талоботҳои Қонунин ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо» ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ки гузаронидани чорабиниҳои калонро дар мактабҳои миёна бо иштироки хонандагонро манъ мекунад, дар ш. Душанбе ба қайд гирифта шуд, ки дар он хатмкунандогон бо мошинҳои фармоиши, дар рӯзи занги камолот ба мактабҳояшон омаданд. Ин ҳолат ҳатто ба навори видео гирифта шуда, дар шабакаҳои ичтимоӣ, махсусан шабакаи видеоии «Топвидео» ва «Ютюб» партофта шудааст.  

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм имсол дар ҷумҳури 103 ҳазору 162 хонанда мактаби миёнаро хатм намуданд.

Ёдовар мекунем, имрӯз дар Тоҷикистон 3 ҳазору 836 адад мактабҳои миёнаи умумӣ фаъолият доранд.

Муаллиф: Мастона ҲАЙДАРОВА

акс аз: kloop.tj 

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh