Ярмаркаи ихтиёрон дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт

Volonter

Дар Маркази «Исмоилия»-и шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии ҷавонон», рӯзи 12-уми августи соли 2014 ярмаркаи ихтиёрон баргузор гардид.

play2

Ин ярмаркаро ихтиёрони Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) бо дастгирии Фонди нуфуси СММ дар Тоҷикистон (UNFPA), Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ва дигар ташкилотҳои маҳаллию байналхалқӣ баргузор намуданд.

Дар ин рӯз ҷавонони Тоҷикистон имконият доштанд, ки аз фаъолият ва самтҳои ташкилотҳои маҳаллию байналхалқи маълумот гиранд ва дар ин гуна ташкилотҳо ихтиёр шаванд ва ё аъзо шуда, фаъолияти корӣ намоянд.

Шарафҷон Бобораҳимов яке аз ташкилкунандаи чорабини ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj оид ба ярмаркаи мазкур чунин маълумот дод.

«Чорабинии баргузор гардида бахшида шуда буд, ба «Рӯзи байналхалқии ҷавонон», ки аз ҷониби СММ 12-уми август тасдиқ шудааст. Ин намуд чорабиниро бо дастгирии ихтиёрни СММ ва ташкилоти британиягии ихтиёрон «VSO».

Мақсади асосии ташкилкунии ин чорабинӣ, ин шиносоии ҷавонони тоҷик бо низоми ихтиёрӣ ва фаҳмонидани он ки ихтиёрӣ — ин ки аст ва барои оянда ҳамчун муттахассис ташаккул ёфтани ҷавонон чи мусоидат мекунад, ин ҷараён» — қайд намуд Ш. Бобораҳимов яке аз ташкилкунандаи чорабинӣ.

Мавлон Шарипов мудири Бахши ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки чунин чорабиниҳо ҷавононро муттаҳид месозад.

«Чорабинии гузаронида шуда, бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии ҷавонон», ҷавононро барои боз ҳам муттаҳид намудани нерӯи созандаи ҷавонони азизи кишварро ба созандгиву ободонӣ даъват мекунад.

Барои иштирок дар ин гуна чорабинӣ, мо ҷавонони касбу кори гуногун, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, соҳибкорони ҷавон ва умуман ҷавононе, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд, даъват намудем» — гуфт М. Шарипов мудири Бахши ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ш. Душанбе.

Фируза Муҳаммадюсуф намояндаи Ташкилоти Ҷамъиятии «Орсивисет» аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иброз намуд, ки дар ин ярмарка ташкилоти онҳо барномаи таҳсилоти ройгонро пешниҳод намуданд.

«Айни ҳол аз тарафи ташкилоти мо барномаи таҳсилоти ройгон бо номи «Дафи» амалӣ гардида истодааст, ки дар он муҳоҷирон ва гурезаҳо аз Афғонистон, яъне шаҳрвандони ин кишвар метавонанд аз ин барнома истифода баранд ва таҳсилоти ройгон гиранд.

Ҳамчунин онҳо дар доираи ин барнома метавонанд маълумотҳои заруриро оид ба барномаҳои таҳсилоти ройгон, худ рушдии пешрафтиро дастрас намоянд» — иброз намуд Ф. Муҳаммадюсуф намояндаи ТҶ «Орсивисет» аз Афғонистон.

Зарина Аминова ихтиёри ТҶ «ВиЭсО Тоҷикистон» («VSO Tajikistan») ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) иброз дошт, ки ин гуна ярмаркаҳо барои дарфёт намудани ҷойи кор низ мусоидат мекунад.

«Имрӯз бисёри ҷавонон ё бисёри коргарон ҷои кор надоранд ва барои пайдо намудани кор мо чунин чорабинро пешниҳод кардем, то ки як чиз аз мо гиранд. Ва ё ин ки таҷрибаи корӣ пайдо намоянд» — мегӯяд З. Аминова ихтиёри ТҶ «ВиЭсО Тоҷикистон» ва донишҷӯи ДДОТ.

Кечи Сато ихтиёри СММ ва шаҳрванди Ҷопон дар бораи фаъолияти ихтиёрони Созмони Миллал чунин иброз намуд:

«Ман қарор қабул намудам, ки ихтиёри СММ шавам. Мақсади ихтиёрон кӯмак расонандан ба ҷавонон, аниқтар кор бо ҷавонон» — гуфт К. Сато ихтиёри СММ ва шаҳрванди Ҷопон.

Гулҷаҳон Пирмуҳаммадова ихтиёр иброз намуд, ки ихтиёри ояндаи уро тағйир дода, уро мастақилтар кард.

«Фаъолияти ихтиёри дар он аст, ки худатро дар ҷомеа пайдо менамоӣ, яъне ҷи қудрате дори ҳамонро пайдо мекунӣ, бо дигарон муошират мекунӣ, яъне фардо агар дар ягон ташкилот кор пайдо шавад, мефаҳми ки кадом малакаю қобилятҳо даркор ҳаст, онҳоро дар худ сайқал медиҳӣ ва ояндаатро дурахшонтар мекунӣ.

Ман имрӯз худамро дар ҷомеа мустақилтар ҳис мекунам, метавонам гӯям, ки бе ёрии падару модарам ба худ кор ёфта метавонам ва ҳамон чизҳое, ки аз ман талаб мекунанд, онҳоро ман дар худ маҳс ба воситаи ихтиёрӣ ёфтам» — мегӯяд Г. Пирмуҳаммадова ихтиёр.

Дар ҳамин ҳол, Камолиддин Ганҷалов директори Маркази миллии имконоти ҷавонон, мафҳум ва фаъолияти ихтиёронро чунин иброз дошт:

«Ихтиёри як шахсе мебошад, ки худаш хайрхоҳона, бо хоҳиши худ фаъолиятеро ё амалеро иҷро мекунад, ки ба манфиати ягон шахс ё дар умум ба манфити ҷомеа равона мебошад.

Худи фаъолияти ихтиёри бошад, бевосита ҳамчун як қисмати таркибии фаъолияти касбие, ки мо дорем аз ҳамин мансуб меёбад, ки барои ихтиёрони ҷавон дар шароити имрӯзаи ҷомеаи мо, барои дуруст интихоб намудани касбу ҳунар ҳамаҷониба мусоидат мекунад» — иброз намуд К. Ганҷалов директори Маркази миллии имконоти ҷавонон.

Иштирокчии ярмарка, сокини пойтахт Умеда Қурбонова ақидаи худро оид ба чорабини чунин арзёби намуд.

«Чорабинии мазкур ба ман хеле маъқул шуд, барои он ки бисёр ҳам ташкилотҳо омада буданд, ташкилотҳо оид ба рушди кори ҷавонон ва бисёр ҳам хуб мешуд, агар чунин чорабиниҳо бештар баргузор мегардид.

Ин гуна чорабиниҳо хеле ҳам фоидаовар аст, барои ҷавонони Тоҷикистон» — гуфт иштирокчии ярмарка У. Курбонова.

Дигар иштирокчи, аз шаҳри Кӯлоб Абдулазиз Абдуллоев дар бораи ярмарка чунин мегуяд:

«Бисёр ҳам таасуротҳои нек бардоштам аз ин чорабинӣ, фаҳмидам ки ҷавонони мо дар чи сатҳ қарор дорад, чи фикру андешаҳо доранд ва боз ҳам бошад, намоиш барои ҷавонони мо як руҳияи баланд, як инсондӯстӣ, як такмиле хоҳад шуд.

Барои ҷавонони мо ки ҳисси миллии худшиноси ба анъанаҳои миллӣ дар байни ҷавононе, ки аз дигар мамлакатҳо иштирок доштанд, бедор мешаванд» — гуфт дигар иштирокчии ярмарка А. Абдуллоев.

Ёдовар мекунем, ярмаркаи ихтиёрон дар шаҳри Душанбе аллакай маротиба 5-ум баргузор гардида истодааст, чунин ярмарка 17-уми августи соли 2013 низ бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии ҷавонон» баргузор гашта буд, ки дар он ташкилотҳои маҳалию байналмиллалӣ ва инчунин намояндагони ташкилотҳои давлатӣ иштирок карда будаанд.

Муаллиф: Манижаи ШЕРАЛИЗОДА

акс аз: kloop.tj

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh