Насби обҳисобкунакҳо дар шаҳри Душанбе идома дорад

Айни ҳол, дар пойтахти Тоҷикистон насби обҳисобкунакҳо идома дорад, то имрӯз аллакай 21 ҳазор адад обҳисобкунакҳо дар хонаҳои истиқоматии сокинони Душанбе насб гардидааст. Оид ба насб, рафти кор ва мушкилиҳое ки дар рафти насб пеш меоянд, хабарнигорони kloop.tj пурратар маълумот гирифтанд. 

play2

Ҳоло дар пойтахт марҳилаи дуюми насби обҳисобкунакҳо (барои оби хунук) амали шуда истодааст, ки аз моҳи марти соли 2014 оғоз ёфта то моҳи декабри соли 2015 идома меёбад.

Мувофиқи нақша то моҳи декабри соли 2015 дар ш. Душанбе бояд 76 ҳазору 500 адад, аниқтар дар ноҳияҳои Фирдавсӣ 24 ҳаз. 042 адад, Сино 33 ҳаз. 448, Шоҳмансур 16 ҳаз. 458 ва дар баъзе маҳаллаҳо 12 ҳаз. 472 адад обҳисобкунакҳо, насб карда шаванд.

Тибқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези»-и шаҳри Душанбе, имрӯз дар пойтахт дар якшабонарӯз 1 млн. кубометр об сарф карда мешавад, вале ба гуфти мутахассисон баъд аз насби обҳисобкунакҳо муносибат ба об тағйир ёфта, ин нишондод ду маротиба поён хоҳанд шуд, яъне то 500 ҳазор кубометр дар якшабонарӯз.

– Оид ба масъалаи об додани дарахтоне ки дар назди хонаҳои истиқоматӣ ҷойгиранд ва ба онҳо тавассути ҷумакҳои обии таҳхонаҳо об дода мешуданд, ин амал танҳо бо розигии худи сокинон амалӣ карда мешавад, чунки ин ба вазифаи Система обёрии ш. Душанбе дохил мешавад, – гуфта мешавад аз «Обу корези Душанбе».

Нархнома мувофиқи нишондодҳои обҳисобкунак бо арзиши 42 дирам барои 1 кубометр ва бе обҳисобкунак бо арзиши 4,5 сомонӣ барои 1 нафар муқаррар гардидааст.

Зафар Нозимов мудири Шӯъбаи лоиҳаи дуюми обтаъминкунии «Обу корез»-и ш. Душанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj оид ба насб, рафти кор, иҷрои нақшаҳои марҳилаи дуюми лоиҳа ва мушкилиҳое ки дар рафти насб пеш меоянд оид ба мушкилиҳо, чунин гуфт:

«Айни ҳол, танҳо дар ҳудудҳое ки об аз зери замин (ё ба истилоҳ оби артизанӣ) ба хонаҳои истиқоматии сокинони пойтахт интиқол меёбанд, обҳисобкунак насб шудааст.

Аз сабабе он ки дар истгоҳҳои худҷорид филтрҳо сохта нашудаанд ва бе ин гуна филтрҳо обҳисобкунакҳо зуд аз кор мебароянд, ҳатто агар об камтар лой ва ё қум дошта бошад, барои ҳамин обҳисобкунакҳо танҳо дар ҳудудҳои дар боло зикр гардида насб карда мешаванд. Айни замон танҳо 40%-и ш. Душанбе бо чунин об (оби артизанӣ) таъмин карда шудаанд.

Имрӯз ҳангоми корҳои насб ва банду басти обҳисобкунакҳо, мутахассиони Идораҳои сохтумонӣ бо як мушкили пеш меоянд, ин ҳам бошад норизигии истиқоматкунандагони хонаҳои истиқоматии ошёнаи якум ва дуюм мебошад.

Истиқоматкунандагони ин ошёнаҳо ҳамавақт норозианд, ки доим онҳо бо фишори баланд об доранд, ба саҳни ҳавлӣ об мезананд, ба дарахтон об медиҳанд, қолин мешӯянд, ин боис мегардад ки баъд аз насби обҳисобкунак, онҳо барои ин мақсадҳо,  бояд барои сарфи об маблағ пардохт намоянд, аз ҳамин сабаб онҳо муқобилият нишон медиҳанд», — гуфт З. Нозимов мудири Шӯъбаи лоиҳаи дуюми обтаъминкунии «Обу корез»-и ш. Душанбе.

Ҳамчунин, у қайд намуд, ки:

«Барои харидории обҳисобкунакҳо $2 миллиону 760 ҳазор харҷ шудааст. Истеҳсолкунандаи ин обҳисобкунакҳо Ҷумҳурии Франсия, ширкати «Айтрон» мебошад, ки дар як комплекти он 1 адад обҳисобкунак ва филтр, 2 адад мехи печдор (ё ба истилоҳ винтил), 3 адад штусер ва то як метр турба дохил мешавад.

Имрӯз бесёре аз сокинон ҳисоби дурусти нишондодҳои обҳисобкунакро намедонанд, аз ин рӯ мо дар нақша дорем, ки рӯзҳои наздик тарзи дуруст истифода бурдани обҳисобкунак ва маълумот доир ба насби обҳисобкунакро тариқи телевизионҳои давлатӣ ва буклетҳо, байни сокинон паҳн намоем. Асосан 3 рақаме ки аз ранги сурх иборат аст ин рақамҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд, 4-ум рақаме ки аз ранги сиёҳ иборат аст, аз ҳамин рақам 1 кубометри об ба ҳисоб гирифта мешавад.

Агар дар солҳои оянда нархнома баланд ҳам шавад, ин ба буҷети оила он қадар зарар намерасонад, айни ҳол бисёре сокинон хабарҳои нодуруст паҳн карда истодаанд, ки баъд аз насби обҳисобкунак маблағи он мисли қувваи барқ 100 ё 200 сомонӣ кор мекунад, ин фикрҳо ғалат аст, чунки тибқи таҳлилҳо дар як оила тариқи обҳисобкунак 20 ё 25 кубометр об истифода бурда мешавад, ки ин ба 8,4 ё 10,5 сомонӣ баробар аст» — қайд кард, Зафар Нозимов мудири Шӯъбаи лоиҳаи дуюми обтаъминкунӣ.

– Баъд аз насби обҳисобкунак насосҳои обкашие ки аз тарафи сокинон худсарона насб гардида буд, пурра канда шуд. Баъд аз насби обҳисобкунакҳо бисёре аз истиқоматкунандагон иброз доштанд, ки баъд аз насб дар ошёнаҳои 4-ум ва 5-ум фишор об баланд шуда, дар ошёнаҳои 7-ум ва 8-ум бе истифода аз насоси обкашӣ, об бо фишори хуб баромада истодааст.

Дар оянда дар нақша ҳаст, ки тамоми ҷумакҳои обие, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр дида мешаванд ва таҳти назорати ягон кас нестанд, пурра баста мешаванд.

Як масъалаи дигар, ин об додани дарахтон мебошад, асосан ин масъаларо бояд Системаи обёрии ш. Душанбе назорат кунад, на ин ки «Обу корез»-и ш. Душанбе, мо ин қадар обро аз қуму лой тоза карда, ба он хлор илова намуда, барои истеъмол ҳамчун оби нӯшоки тайёр намоем, баъд аз ҳамин қадар меҳнат онро ба дарахт диҳем, ин нодруст аст, барои об додани дарахтон Системаи обёрии махсус вуҷуд дорад», — илова мекунад З. Нозимов.

Ҷомеашинос Мусо Асозода ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj иброз дошт, ки имрӯз Тоҷикистон бояд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ченаки обиро насб кунад:

«Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира бояд ҳатман дар ш. Душанбе ва дигар шаҳрҳо ченаки обиро таъмин кунад.

Аз нигоҳи ман агар ин кор ройгон аз тарафи давлат ба роҳ монда шавад боз хубтар мешавад ва ин ба он оварда мерасонад, ки талаботи аҳолӣ нисбат ба об, эҳтиёҷи он аз нигоҳи онҳо, ки барои харҷ ва истифодаи об онҳо маблағ месупоранд ба танзим дароварда мешавад.

Ин боис мегардад, ки аҳолӣ оби нӯшокиро сарфакорона истифода баранд, ки ин ба ҷомеа муфид аст», — мегӯяд ҷомеашинос Мусо Асозода.

Салима Мирзоева сокини пойтахт мегӯяд, ки пардохти маблағи истифодабарии об, бо нишондодҳои обҳисобкунак камхарҷтар аст.

«Ба ақидаи ман тарзи пардохт – тариқи обҳисобкунакҳо хубтар аст, чунки ки мо барои ҳар як аъзои оила 4,5 сомонӣ маблағ месупорем, мумкин баъди насб кардани обҳисобкунак мо камтар маблағ супорем.

Мисол, оилаи мо аз 5 нафар иборат аст ва мо ҳар моҳ 20 сомонӣ маблағ месупорем, бо обҳисобкунак бошад мумкин мо дар се моҳ 20 сомони маблағ супорем, барои ҳамин ба фикри ман обҳисобкунакҳо қулайтар ҳастанд», — мегӯяд сокини пойтахт С. Мирзоева.

Ҳикматулло Ҷавлонов дигар сокини пойтахт иброз медорад, ки баъд аз насб кардани обҳисобкунак сокинон ба сарфакории об ҷиддӣ аҳамият медиҳанд.

«Ҳоло дар мо обҳисобкунак насб накардаанд, лекин ба фикри ман агар насб кунанд хеле хуб мешавад. Барои он ки бисёре аз сокинон тарзи дурусти истифода бурдани оби нӯшокиро намедонанд ва беҳуда обро сарф мекунанд.

Ба фикри ман агар обҳисобкунакро насб кунанд, баъд аз он сокинон обро сарфакорона истифода мебаранд», — Ҳ. Ҷавлонов сокини пойтахт.

Бояд қайд намуд, ки насби обҳисобкунак дар хонаҳои истиқоматии сокинон, рӯзҳои корӣ (душанбе — ҷумъа) аз соати 08:00 то 18:00, ройгон анҷом дода мешавад, вале дар хонаҳое ки заминӣ (ё ба истилоҳ ҳавлӣ) мебошанд, барои обҳисобкунак чуқурии махсус лозим аст, ки онро сокинон бояд худашон созанд (оид ба ин маълумот инҷо).

Дар ҳамин ҳол, КВД «Обу корези Душанбе» аз муштариён эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои пайваст/насби ҳисобкунакҳо шароити мусоидро пешниҳод намоянд.

Дар ҳолати бо сабабҳои гуногун пайваст нашудани ҳисобкунак ҳаҷми истифодаи об аз рӯи меъёрҳои истифода ва гузариши он аз хатҳои обгузар, ки ба хати асосии хона ва ё манзил пайваст шудааст, ҳисоб карда мешавад.

Корҳои насб ва банду басти обҳисобкунакҳо  аз тарафи мутахассиони Идораҳои сохтумонии зерин иҷро мешаванд:

Аз тарафи устҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Ниагара А» дар маҳаллаҳои Зартеппа, Маҳмадшоҳ, Чортути боло, Сабзикор ва дар микрорайонҳои н. Фирдавсӣ – хонаҳое ки дар кӯчаҳои Қосимова ва Фирдавсӣ ҷойгир ҳастанд, 12 ҳазору 472 адад обҳисобкунаҳо насб карда мешаванд.

24 ҳазору 042 адад обҳисобкунаҳоро устҳои ҶДММ «Илҳом 2» ва 6 ҳазору 907 адад обҳисобкунаҳоро устҳои ҶДММ «Ганҷинаи –бунёдкор» дар н. Сино, хонаҳое ки дар кӯчаҳои Гипрозем №№10, 30/5; Борбад №№93/1,2,3; Ҷомӣ №№2/2, 16, 22, 24, 54, 56; Балами №2 ҷойгир ҳастанд ва ба ӯҳдаи Фонди манзилию коммуналии пойтахт дохил мебошанд, насб мекунанд.

Устҳои ҶДММ «Ҷузъи зимистон» дар н. Шоҳмансур, хонаҳое ки дар кӯчаҳои Аэропорт №7, Титов, Айнӣ, Бинокорон ҷойгир ҳастанд ва ба ӯҳдаи Фонди манзилию коммуналии пойтахт дохил мебошанд, 16 ҳазору 458 адад обҳисобкунаҳоро насб мекунад.

6 ҳазору 621 адад обҳисобкунаҳои боқи мондаро устҳои ҶДММ «Рушди сохтмон» дар н. Сино,  хонаҳое ки дар кӯчаҳои Тунис №14 ва Сана ҷойгир ҳастанд ва ба ӯҳдаи Фонди манзилию коммуналии пойтахт дохил мебошанд, насб мекунанд.

Лоиҳаи марҳилаи дуюми «Насби обҳисобкунакҳо» дар ш. Душанбе бо кӯмаки «Бонки ҷаҳони» амалӣ шуда истодааст ва барои ин $19 млн. ки аз $16 млн. он ҳамчун грант аз ҷониби «Ассосиатсияи Байналмиллалии Рушд», ҷудо карда шудааст.

Муаллиф: Фатҳулло МАҲМАДОВ

акс аз: КВД «Обу корези Душанбе»

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh