Дар Душанбе Чемпионати ҷумҳурияви оид ба футбол идома дорад

10616723 338638692970473_6867612922761272185_n

Дар пойтахт Чемпионати ҷумҳурияви оид ба футбол байни кӯдакон барои дарёфти Ҷоми «Чемпиони Душанбе» баргузор гардида истодааст.

play2

Дар чемпионати футбол кӯдакони соли таваллуди 2001-2002 ширкат варзида истодаанд. Дар чемпионати мазкур, дар умум 19 даста аз шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аниқтар Шаҳринав, Ҳисор ва Варзоб иштирок карда, байни худ рақобат бурда истодаанд.

То анҷомёбии чемпионат чор даври дигар боқӣ мондааст ва маълумот оид ба ғолибон ва бой додагон аллакай дар рақамҳои аввали моҳи сентябр аниқ мешавад.

Раҳимҷон Шарипов сардори Шӯъбаи оид ба гузаронидани мусобиқаҳои Федератсияи футболи Душанбе (ФФД) ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj дар бораи мусобиқаи мазкур иброз намуд.

«Айни ҳол, чемпионат байни кӯдакони соли таваллуди 2001-2002 рафта истодааст. Мо аллакай бозиҳои пешакиро ба анҷом расонидем ва 9 дастаро муайян намудем, ки онҳо барои ҷойҳои мукофотӣ байни худ мубориза мебаранд.

Он 9 дастае, ки дар ҷадвали поён қарор гирифтанд, онҳо такроран байни худ дар чемпионати бо номи «тасаллобахш» иштирок хоҳанд кард», — мегӯяд Р. Шарипов сардори Шӯъбаи оид ба гузаронидани мусобиқаҳои ФФД.

Ҳамчунин у қайд намуд, ки:

«Ғайр аз оне ки ҳамаи ин дастаҳо, дар ин чемпионат иштирок доранд, онҳо инчунин дар Ҷоми «Душанбе» иштрок карда истодаанд. Бинобар ин ҷадвали кӯдакон хеле сахт ва пур аст, чунки онҳо зиёда аз 100 бози ширкат варзида истодаанд. Дар мусобиқаи мазкур кӯдакон на он қадар футболи бадро  нишон дода истодаанд, онҳо ҳамавақт дар дараҷаи фаъол қарор доранд.

Бояд гуфт, ки чорабинии варзишӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда истодааст», — илова мекунад  Р. Шарипов намояндаи ФФД.

SAM 0384

Қаҳрамон Азимов роҳбари дастаи «Қаҳрамон» аз ноҳияи Ҳисор ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj дастовардҳои худро таи се соли охир чунин иброз кард.

«Дастаи «Қаҳрамон» соли сеюм фаъолияташро идома дода истодааст. Дар бозиҳои се соли охир мо ҷойҳои якумро дар Ҷоми «Истиқлол», соли 2013 ҷойи дуюм ва имсол  дар Ҷоми «Мирзо Мамаҷонов» ҷойи сеюмро сазовор шудем.

Дар доираи бозиҳои баргузор гардида, бозингарони даста бо медалу ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо қадрдони карда шудаанд.

Дар ин мо айни ҳол дар ҷойи намоён қарор дорем, дастаи «Қаҳрамон» дастаи пурқувват аст ва барои бози ҳамавақт омада ҳастанд»,  — иброз намуд Қ. Азимов роҳбари дастаи «Қаҳрамон».

Дар ҳамин ҳол, Қосим Қосимов яке аз беҳтарин варзишгарони дастаи «Қаҳрамон» эҳсосоти худро дар вақти тайм-аути бозии футбол ба хабарнигори kloop.tj чунин арзёби намуд:

«Мо аз ин мусобиқа умед дорем, ки баъд аз ғалаба дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намоем ва ҳангоми иштирок дар мусобиқаҳои берун аз кишвар, орзу дорем парчами Тоҷикистонро баланд бардорем ва ба кишвари худамон хизмат расонем.

Аз ин лаҳза истифода бурда ба ташкилкунандагони чемпионати мазкур ва сарпарастоне ки дастаи моро дастгирӣ менамояд, минадории худро ба онҳо мерасонем», — гуфт Қ. Қосимов варзишгари дастаи «Қаҳрамон».

Мизроб Усмонов дигар варзишгар аз дастаи «Қаҳрамон» дар даври дуюми бозии футбол голи худро ба дарвозаи рақиб даровард ва эҳсосоташро чунин мегӯяд:

«Ман дар тайми дуюм ба дарвозаи рақиб гол задам ва аз ин бениҳоят хурсандам», — мегӯяд М. Усмонов боз як варзишгари беҳтарини дастаи «Қаҳрамон».

Ёдовар мекунем, ки чунин мусобиқа дар Душанбе ҳамасола гузаронида мешавад, имсол бозии мазкур то 1 сентябри соли 2014 идома мекунад.

Ҳолати дастаҳои кӯдакони соли таваллуди 2001-2002 барои 28 августи соли 2014 чунинанд:

10612916 338645512969791_6474585519518304105_n

Бозиҳои баъдӣ, дар чунин рӯзҳои тақвимии соли 2014 гузаронида мешаванд:

Даври IV (чорум)
28 август
8-00 «Истиқлол» — «Адидас» Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ (Вар. Мар. ҷум.)
9-20 «Истиқлол-2» — «Орзу» Вар. мар. ҷум.

Даври III (сеюм)
29 август
8-00 «Истиқлол – 2» — «Гвардия» Варзишгоҳи «Авиатор» (Вар. «Авиатор»)
8-00 «Адидас» — РШВСМ-2 Вар. мар. ҷум.

Даври II (дуюм)
30 август
9-20 «Орзу» — «Истиқлол» Вар. «Авиатор»
9-20 РШВСМ «Ҳоҷи Шариф» — «Энергетик» Вар. мар. ҷум.

Даври I (якум)
31 август
8-00 РШВСМ-2 — РШВСМ «Ҳоҷи Шариф» Вар. мар. ҷум.
16-00 «Гвардия» — «Энергетик» Вар. «Авиатор»

Муаллиф: Фатҳулло МАҲМАДОВ

акси: ФФД ва Фатҳулло МАҲМАДОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh