Фестивали «Рангоранг» ба итмом расид

10636877 259228227620507_1761319567492088158_o

Дар Боғи ботаникии пойтахт рӯзи 30-юми август, Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим «Рангоранг» баргузор гардид.

play2

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабинии фарҳангӣ дар он буд, ки Душанберо ҳамчун макони фарҳангу сайёҳӣ ба хориҷиён муаррифӣ намудан ва расонидани саҳми мусбие ба иқтисодиёти маҳаллӣ буд.

Дар фестивали мазкур ҳунармандон аз шаҳру навоиҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ иштирок намуда, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсҳои миллию замонавӣ, сурудҳои сарояндагони шинохтаи тоҷик ва мусиқичиён, баромади Сирки давлатии Тоҷикистон ва намоиши мўд пешниҳод карда шуд.

Дар баробари ин, меҳмонон ва сокинони пойтахт имконият доштанд, ки аз як қатор ҳунарҳои касбӣ — ба монанди сўзанӣ, кашидадўзӣ, чўбкорӣ ва ғайраро тамошо намуда аз онҳо харидорӣ намоянд, инчунин аз хўрокҳои тоҷикӣ лаззат баранд.

Намояндаи ташкилоти хайриявии «VSO Tajikistan» пеш аз кушодашваии Фестивали мероси роҳи абрешим «Рангоранг» меҳмонони фестивалро шодбош намуда, чунин гуфт:

«Ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро аз ҷумла ҳунармандон, косибон ва онҳое ки дар ин чорабинӣ имрӯз иштирок доранд, аз номи ташкилоти «VSO» хайрамақдам мегӯям.

Ташкилоти мо умедвор аст, ки ин чорабинӣ натанҳо як инъикосгари    фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон гардад, балки дар баробари ин мо умедвор ҳастем, ки инчунин ин чорабини инъикосгари дӯстии халқҳо бошад», — гуфт у.

Ҳабиб Раҳмонов яке аз намояндаи ташкилотчии чорабинии мазкур ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз дошт, ки мақсади асоси аз баргузор намудан ин чорабинӣ, рушди сайёҳи ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад.

«Мо мақсад гузоштем, ки Тоҷикистонро махсусан Душанберо ҳамчун як маркази сайёҳи ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷа    инчунин ба дигар сокинони шаҳру навоии ҷумҳурӣ муаррифи   намоем.

Дар баробари ин, ҳунарҳои дастӣ, пухтупаз ба намоиш-фурӯш гузошта шудаанд, ки аҳоли аз фурӯши ин гуна маҳсулотҳои ҳунарҳои дастӣ, соҳиби маблағ шаванд, ҳарчанд маблағи хурд ҳам бошад, ин имконият медиҳад ки вазъи молиявии худро онҳо баланд бардоранд.

Ба ҷавонони имрӯза бошад, ин гуна чорабини имконият медиҳад, ки малака ва лаёқати ташкилкуниро ҳамчун менеҷер нишон диҳанд ва аз фарҳанги бойи худ бохабар шаванд», — мегӯяд Ҳ. Раҳмонов.

Малика Анварзода яке аз тамошобинон ва сокинон пойтахт мегӯяд, ки дар чунин чорабин аввалин маротиба иштирок дорад:

«Ман аввалин бор дар ин фестивал ҳузур дорам ва аз омаданам хеле шодам, чунки дар инҷо хеле одамони болаёқат бисёр аст ва ман бо онҳо шинос шудам», — гуфт М. Анварзода.

Ихтиёри афғон Сарина Вализода иброз намуд, ки имрӯз дар рафти фаъолияти ихтиёрӣ дар  фестивали мазкур, бо анъаҳои миллӣ аз наздик шинос шуд.

«Ман имрӯз бисёр хурсанд ҳастам, ки инҷо мардуми бисёр хуб, ғизоҳои тоҷикӣ бисёр мазадор ҳунарҳои дастӣ хеле зебо ҳастанд.

Дар инҷо аз ҳар як кишвари хориҷа шаҳрвандон ҳузур доранд ва мо бисёр хуш ҳастем, ки ин чорабиниро мебинем ва бисёр лаззат мебарем ки дар инҷо ҳузур дорем», — мегӯяд С. Вализода.

Бояд зикр намуд, ки Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим «Рангоранг» дар пойтахти Тоҷикистон аз тарафи ташкилоти хайриявии «VSO Tajikistan» бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва сарпарастони байналхалқию маҳаллӣ маротибаи сеюм баргузор гардида истодааст.

Соли гузашта чунин чорабинӣ дар боғи «Ғалаба»-и шаҳри Душанбе гузаронида шуда буд.

Муаллиф: Мастона ҲАЙДАРОВА, Зарина ДАВЛАТЗОДА

акс аз: «VSO Tajikistan»

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh