Дар Душанбе «Иди асал ва харбуза» баргузор гардид

9

Имрӯз (30-юми август) дар пойтахти Тоҷикистон «Иди асал ва харбуза» ба анҷом расид.    

play2

Дар ин рӯз барои меҳмонон ва сокинони пойтахт дар чор бозорҳои шаҳри Душанбе – «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло» ва «Деҳқон» аз соати 07:00 субҳ то 18:00 бегоҳ ярмарка-фурӯши асал ва харбуза дар доираи «Иди асал ва харбуза» баргузор гардид, ки дар он миқдори бузурги маҳсулотҳои ғизоӣ ба намоиш-фурӯш монда шуд.

Дар ин бозорҳо ба тамошобинон ва харидорон навъҳои беҳтарини асал ва харбуза пешкаш гардида буд, ғайр аз асалу харбуза инчунин дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҳаҷми 230 тонна, аз ҷумла тарбуз, картошка, пиёз, помидор, бодиринг, сабзӣ, каду, себ, нок, булғорӣ, шарбати мева, гӯшт ва тухм ба фурӯш гузошта шуда буд.

Маҳсулотҳои зикргардида нисбати нархҳои бозор ба андозаи 20-30% арзон ба фурӯш бароварда шуда буд, вале бисёре аз сокинон бар он назаранд, ки нархҳои маҳсулотҳо аз бозорҳои пойтахт, ягон фарқияте надорад.

Тибқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Асали тоҷик», дар нимсолаи аввали соли 2014 дар ҷумҳурӣ, зиёда аз 500 тонна асал истеҳсол шудааст.

Ҷамила Самадова муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ҳангоми баромад пеш аз кушодашавии ярмарка-фурӯши асалу харбуза дар доираи «Иди асал ва харбуза» меҳмонон ва сокинони пойтахтро бо ин Ид табрик намуда, иброз дошт ки баргузор намудани чунин чорабинӣ аллакай ба анъана даромадааст.

«Боиси сарфарози ва хурсандии ҳар яки мо аст, ки имрӯзҳо ҷашни бошукуҳ, яъне ҷашни иди харбузаю асал дар ҷумҳурии мо ба ҳукми анъана даромадааст ва тамоми кишоварзони мамлакат, ин ҷашнро бо як шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол мегиранд.

Ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, махсусан сокинони шаҳри Душанбе баргузории ин ҷашни бошукуҳро, дар охири  моҳи август бесаброна интизоранд», — иброз намуд Ҷ. Самадова муовини вазири кишоварзӣ.

Ҷумабой Гулов сармутахассиси Агентии хоҷагии ҷангали Ҳукумати Тоҷикистон иброз намуд, ки чорабинии имрӯза нисбат ба солҳои пеш хуб ба роҳ монда шудааст.

«Чунин чорабини аллакай чандин маротиба гузаронида шуда истодааст ва нисбати солҳои гузашта имсол ташкилкунии чорабинии иди асал ва харбуза хеле баланд аст.

Тамоми маҳсулотҳое, ки имрӯз ба тамошо-фурӯш монда шудааст, нисбат ба бозорҳои шаҳр 30% арзон ҳастанд ва ин боис гардид, ки тамоми сокинон пойтахт ба инҷо омадаанд ва агар айни ҳол бозорҳои пойтахтро бинем, дар онҷо сокинон қариб ки нестанд», — мегӯяд Ҷ. Гулов сармутахассиси Агентии хоҷагии ҷангал.

Карим Валиев раиси ҷамоати деҳоти Кӯлоб ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз дошт, ки тамоми маҳсулотҳои кишоварзиро онҳо ба сокинон ва меҳмонон пешниҳод намудаанд.

«Мо намояндагони ноҳияи Кӯлоб тамоми маҳсулотҳои кишоварзии худро дар ин Иди асал ва харбуза пешкаши сокинони шаҳри Душанбе гардонидем.

Маҳсулотҳои пешниҳод намудани мо нисбат ба бозор 12-13% арзон мебошанд.

Барои даст овардани фоидаи иловаги мо инчунин маҳсулотҳоро худро дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия содирот мекунем», — иброз дошт К. Валиев раиси ҷамоати деҳоти Кӯлоб.

Зарина Эмомализода аз ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки хоҷагии деҳқонии онҳо дар ин гуна чорабини сеюм маротиба иштирок намуда истодаанд.

«Мо қабл аз ин чорабини дар шаҳри Қӯрғон-теппаи вилояти Хатлон иштрок намуда будем. Ин сеюмин маротиба мешавад, ки мо иштирок карда истодаем.

Асосан мо маҳсулотҳои кишоварзиро ба монанди шафтолу, нок, себ, пиёз ва ғайраҳоро ба дигар мамлакат интиқол медиҳем», — мегӯяд З. Эмомализода аз хоҷагии деҳқонии ноҳияи Қубодиён.

Шамсулло Ғашев аз хоҷагии деҳқонии Ғайрати ноҳияи Фархор иброз намуд, ки хоҷагии деҳқонии онҳо нав таъсис шудааст.

«Дар ин намоишгоҳ маҳсулотҳои мо аз боғи худамон пешниҳод шудааст. Аз сабабе оне ки боғи мо нав таъсис шудааст мо маҳсулотҳои худамонро дар чунин чорабиниҳо дуюм маротиба ба намоиш-фурӯш гузоштем ва дар оянда дар нақша дорем, ки маҳсулотҳои худро ба хориҷи кишвар низ содирот кунем», — гуфт у.

Муҳаммадюнус Юсупов занбӯрасалпарвар аз ноҳияи Фархор ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj  иброз дошт, ки ҳамасола у 2-4 тонна асал истеҳсол мекунад.

«Ман имрӯз асал бон нархи 30-35 сомони пешниҳоди сокинон ва меҳмонон гардонидам, нархи ҳамин гуна маҳсулот имрӯз дар бозор то 45-50 сомонӣ арзиш дорад.

Дар чунин чорабини ман 10-12 сол боз иштирок мекунам», — иброз кард М. Юсупов занбӯрасалпарвар.

Музаффар Саидов дигар занбӯрасалпарвар аз ноҳияи Ёвон мегӯяд, ки ғайр аз асал, инчунин заҳри занбӯр низ ба инсон фоида дорад.

«Маҳсулот аз ҷиҳат экологи тоза буда, он ба инсон фоидаи калон мерасонад, ғайр аз асал, заҳру шири занбӯр хуни инсонро тунук намуда, ба дили инсон оромӣ мебахшад, ба дандонҳои хунукзада ва дигар касалиҳо бошад -  даво мебошад», — мегӯяд у.

Абдуразоқ Юсупов аз ноҳияи Шаҳритуз оид ба харбузаҳои ба намоишмондааш чунин гуфт:

«Ҳамаи ҳамин харбузаи пешниҳод намудаи ман оби «Чилу чор чашма» дода шудааст. Харбуза бисёр ширин, бомазза ҳастанд.

Аз 200 дона харбузаи оварда шуда, танҳо 40 дона он боқӣ мондааст, ки то бегоҳ фурӯхта мешаванд», — гуфт у.

Муҳаммадҷон Ҷалолов сокини шаҳри Хуҷанд, ки дар ин чорабинӣ ҳамчун меҳмон иштирок дорад мегӯяд, ки ин гуна чорабиниҳо ба аҳолӣ кӯмак мерасонад:

«Барои баъзе шахсон ин гуна чорабиниҳо бениҳоят кӯмаки калон мерасонад, чунки бисёре аз шахсон шароити вазвин доранд ва ин ҳам бошад, ба онҳо ҳамчун кӯмак ҳисоб мешавад.

Ҳамин асал, харбуза ва кадуро онҳо нисбат ба бозор бо нархи арзон харидорӣ мекунанд. Мисол, 1кг асал дар бозор 40-45 сомонӣ арзиш дорад, дар инҷо бошад 30-35 сомонӣ фурӯхта шуда истодааст», — гуфт у.

Дигар сокини пойтахт, ки аз гуфтани номаш худдори кард, оиди нархҳои маҳсулотҳо норозигии худро баён намуд:

«Ман ҳамасола дар ин гуна чорабиниҳо иштирок мекунам, вале имсол нархҳои пешниҳод шуда бениҳоят гаронанд. Имрӯз нархи маҳсулотҳо қимат буда, асал 40 сомониро ташкил медиҳад, ин барои мо махсусан ба шахсони бо шароити пасти зиндагӣ, қимат аст.

Агар ин маҳсулотҳоро боз ҳам арзонтар кунад, хуб мешуд», -мегӯяд сокини пойтахт.

Қайд мекунем, ки соли гузашта низ, чунин чорабинӣ  дар пойтахт баргузор гардида буд, ки дар он занбӯрасалпарварони ҷумҳурӣ  зиёда аз 115 тонна асал ва зироаткорон зиёда  аз 187 тонна навъҳои гуногуни харбузаро пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида буданд.

Чунин ярмарка-фурӯши асалу харбуза ва дигар маҳсулотҳои кишоварзи дар доираи Иди асал ва харбуза дар тамоми минтақаи Тоҷикистон баргузор карда шудааст. 

Муаллиф: Саёҳат ИБОДОВА, Манижаи ШЕРАЛИЗОДА

акси: Манижаи ШЕРАЛИЗОДА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh