Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии футбол баргузор мегардад

aaaa

Рӯзи 18-уми август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилали оид ба футбол байни наврасони соли таваллуди 1997-98 барои дарёфти Ҷоми Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор хоҳад гардид.

play2

Тӯли 5 рӯз дастаҳои наврасон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин ва Россия барои дарёфти Ҷоми Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти Тоҷикистон байни худ рақобат мебаранд.

Кабирҷон Ҷӯраев намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj иброз намуд, ки барои баргузор намудани чорабинии варзишӣ маблағи калон ҷудо карда шудаааст.

«Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи байналмилали оид ба футбол маблағи калон ҷудо гардидааст.

Ҳоло гурӯҳи кори ташкил карда шудааст, ки рафти чорабии варзиширо назорат мебарад. Айни замон бо кишварҳое, ки аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд, гуфти шунид анҷом дода шудааст, оид ба иштироки ҳайатҳо.

Тибқи низомномаи тасдиқ шудаи мусобиқаи байналмиллалии футбол, дархостҳо бояд то 1-уми августи соли 2014 пешниҳод карда шаванд.

Ба ҳамин хотир, то ҳозир ягон дархост пешниҳод карда нашудааст» — мегӯяд К. Ҷӯраев намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

Фаридун Солиев сардори Шӯъбаи матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мегӯяд, ки дар ин мусобиқа зиёда аз 4 давлати хориҷа мекунанд.

«Ғайр аз дастаҳои Тоҷикистон дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва Хитой иштирок доранд. Аз шаҳри Душанбе бошад дастаи мунтахаби 16 сола иштирок карда истодааст» — гуфт Ф. Солиев сардори Шӯъбаи матбуоти ФФТ.

Ёдовар мекунем, мусобиқаи байналмилали оид ба футбол байни наврасони соли таваллуди 1997-98 барои дарёфти Ҷоми Созмони ҳамкориҳои Шанхай охирон маротиба соли 2011 дар ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида буд, ки дар он дастаи мунтахаби наврсони Тоҷикистон низ иштирок намуда буд.

Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Душанбе то 22-юми августи соли 2014 давом мекунад.

Муаллиф: Зебуниссо ПАРТОЕВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh