Оид ба мо

dastbadast logoТашкилоти Ҷамъиятии «Даст ба даст» соли 2008 таъсис ёфтааст.

Ташкилот истеъдодҳои ҷавононро дар соҳаи журналистика, кинои мобилӣ ва маҳорату ҳунарҳоро дастгирӣ менамояд.

Аз соли 2011 то 2012 ТҶ «Даст ба даст» бо ҳамроҳии портали иттилоотии Kloop.kg ва бо дастгирии Фонди Евразия дар Осиёи Маркази лоиҳаи «Мактаби рӯзноманигорӣ дар доираи барномаи «Рӯзноманигории касбии ҷавонон дар Осиёи Марказӣ» www.kloop.tj амалӣ намуд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, тули як сол 20 нафар рӯзноманигорони касбии ҷавон дар шаҳри Душанбе тайёр карда шуд. Айни ҳол, хатмкунандагон дар матбуотҳои чопӣ ва электронии ВАО-и Тоҷикистон фаъолият карда истодаанд.

Мактаби мобилии кино, ки дар доираи он, соли 2012 Фестивали кинои ичтимоии «Орзуҳои кӯдакони тоҷик» бо дастгирии Сафорати Норвегия баргузор гардид, ки дар он 120 нафар наврасону ҷавонон иштирок намуданд – филмҳои эҷоднамудаи онҳоро метавонед, аз инҷо тамошо кунед>>.

Мактаби радиожурналистика, ки дар тули ду сол аз соли 2012 то 2013, 60 нафар рӯзноманигорони касбии соҳаи радио бо дастгирии Фонди Дания «IMS» тайёр карда шуд, ки имрӯз онҳо фаъолона дар радиостансияҳои шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда истодаанд – гузоришҳои радиоии онҳо дар сайти хабарии www.kloop.tj  

Ҳоло бошад, Мактаби мултимедийнии журналистикии «Даст ба даст» бо дастгирии Фонди Дания «IMS» фаъолият карда истодааст, ки дар он наврасону ҷавонон ба худ оид ба соҳаи журналистика дониш гирифта истодаанд. Дар доираи ин мактаб, сайти махсуси www.dastbadast.tj таъсис дода шуд.

Ғайр аз пойтахти Тоҷикистон, мо ҳамчунин бо минтақаҳои ҷумҳурӣ махсусан бо ТҶ «Томирис» (ш. Қӯрғон-теппа, вилояти Хатлон), ТҶ «Олами кӯдакон» (н. Рӯдакӣ, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ҳамкориҳои зич дорем.

Мо курсҳои рӯзноманигории касбиро барои хоҳишмандон пешниҳод мекунем. Дар курсҳо, мо хоҳишмандони ҷавонро на танҳо журналистикаро меомӯзем – балки пешсаф будан, натарсида савол додан, ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худ, шаҳрванди фаъолу масъулиятнок буданро дар давоми омӯзиш ва корҳои амалӣ, ин малакаҳоро онҳо дар худ пайдо мекунанд.

Махсусан ҷавонони фаъол аз минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ мебошанд, ки дастраси ба курсҳои таълимӣ бо сабаби дур будан аз пойтахт, маҳдуд аст. Ин гуна курсҳо махсусан барои духтарон афзалият медиҳад, чунки тариқи ин касб онҳо имконият пайдо мекунанд, ки боқувватар ва ба худ бовари ҳосил намоянд. Мо бовари дорем, ки дар оянда духтарон ва ҷавонон пешсафи фикрҳо хоҳанд шуд, чи дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва чи дар пойтахт.     

Таҳсил ройгон аст бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ, бақайдгири дар курсҳои Мактаби мултимедийнии журналистика инҷо>>.